Қисми дуввум
Бино ба маълумоти Табарӣ 5 рӯз монда аз шаъбони соли 137 баробар ба 13 феврали соли 755 халифаи Аббосиён Абуҷаъфар Мансур (754-775) Абумуслимро, ки беш аз 35 сол надошт, аҳдшиканона ба қатл расонд. [6:4154].
Пас аз кушта шудани Абумуслим яке аз наздикони халифа Исо ибни Мусо ба Мансур хитоб карда, чунин гуфт: «Эй амири муъминон, итоати некхоҳии вайро надонистаӣ ва ин ки Имом Иброҳим дар бораи ӯ чӣ рой дошт. Халифа Мансур гуфт: Ба Худо рӯйи замин душмане бадтар аз ӯ барои ту намешиносам». [5:4711] Баъди шунидани ин суханон Исо ибни Мӯсо зуҳури ногузири ҷунбишҳои зиёди мардумиро ба халифа хабар дод.
Ба андешаи мо хабари қатли Абумуслим ба зудӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр паҳн гардида, сабаби сар задани чандин ҷунбишҳои озодихоҳӣ ва ҷунбишҳои зиддиарабӣ гардид ва ошӯбгарон сабаби шӯриши худро ба куштори Абумуслим рабт медоданд. Аҳамияти дигар ва фавқулодаи таърихии ҷунбиши Абумуслими Хуросонӣ аз он иборат буд, ки ҷунбишҳо ва иттиҳодҳои озодихоҳонаи то ин замон шаклгирифтаи ду соҳили Ҷайҳун – Хуросону Мовароуннаҳрро бо ҳам муттаҳид намуд.
Хизмати дигари Абумуслим аз рӯзҳои аввали ба Хуросон омаданаш дар таъсиси иттиҳоди эронитабори зиддиумавӣ ва зиддитуркӣ зоҳир мегардад, ки дар осори таърихии ҳамасрони мо мушоҳида намегардад. Муаррихи амрикоӣ Фредерик Старр муҳимтарин хизмати Абумуслимро барои мардумони бумӣ чунин баҳогузорӣ менамояд, ки Абумуслим бо ошно гардидани вазъи сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр аввал ба душманони сарсахти дохилии онҳо қабилаҳои туркии ғарбӣ ва туркҳои шарқӣ, ки гоҳҳо барои кӯмаки ҳарбӣ бо ҳокимони маҳаллӣ паймон мебастанд, рӯбарӯ шуда, онҳоро аз ин сарзамин ронда, миёни ҳокимияти туркҳоро шикаста[15:161], аз ҷиҳати сиёсӣ онҳоро дар минтақа камтаъсир намуд.
Наҳзати Абумуслим дар тадқиқоти олимони аврупоӣ калонтарин исёни баамаломада дар минтақа аз лиҳози арзиши инсонӣ алайҳи душманони хориҷӣ – туркҳои шарқӣ ва лашкари фағфури Чин бо сарварии Ан Лушан, ки гӯё барои кӯмак ба ҳокимони маҳаллӣ ба Талас ё Тароз омада, аммо нияти тасхири Мовароуннаҳру Суғду Тахористонро доштанд, арзёбӣ мешавад. [15:162] Ба андешаи муҳаққиқони аврупоӣ ин калонтарин ва даҳшатангезтарин исён дар таърих буд, ки ғалаба насиби Абумуслим гашта, умеди туркҳою чиниҳоро барои соҳиб шудан ба мулкҳои минтақа барбод дода, ин сарзаминро дар ихтиёри соҳибони аслияш боқӣ гузошт.
Баъди ноодилона кушта шудани Абумуслим ошӯбҳои озодихоҳии зиддиарабӣ авҷи тоза пайдо карданд. Агар дар замони хилофати Умавиён омилҳои сар задани исёнҳову ошӯбҳо ва норозигии мардуми маҳаллӣ ба сабабҳои иқтисодӣ, аз ҳад зиёд шудани андоз ва пайдо гардидани шаклҳои нави он баста бошанд, дар замони Аббосиён чунин исёнҳо бештаран характери озодихоҳонаро касб карда буданд.
Баъди қатли Абумуслим аз ҷониби халифаи Аббосӣ – Мансур, ки нисбати маволӣ, бахусус Хуросониён нафрати сахт пайдо карда, дар қатли Имоми Аъзам – Абӯҳанифа ҳам даст дошт, шуришу исёнҳои зиёди зиддиарабию мазҳабӣ, аз қабилӣ шуриши Сумбоди Муғ, Буосими Бустӣ, Саъиди Ҷуло, Ҳузайн ибни Руқод, Муҳаммад ибни Шадод, Барозбандаи Хуросонӣ, Озарӯя ва исёнҳои Марзбони Маҷусӣ, Ровандиён, Устод Сис, Юсуфи Барми Пушангӣ, Муқаннаъ, Мозёр ибни Қоруни Табаристонӣ, Ҳамзаи Систонӣ, Рофеъ ибни Лайс, Бобаки Хуррамдин, Ковуси Истаравшанӣ ва ғайраҳо бавуқуъ пайвастанд, ки натиҷаи онҳо раванди истиқлолхоҳии мардумии бумии минтақаро тезонида, дар ояндаи наздик онҳоро аз итоати халифаи араб берун намуд.
Машҳуртарин муаррихи тоҷиктабори ин давра Муҳаммад Ҷарири Табарӣ раванди қасосгирӣ ва хунхоҳӣ аз Абумуслимро тавассути як рӯҳонии зардуштӣ – Сумбоди Муғ, ки онҳоро танҳо мафкураи миллӣ – озодихоҳӣ муттаҳид мекард, чунин баён мекунад: «Ба деҳе аз деҳаҳои Нишопур муғе буд, Синбод ном. Пас, чун хабари куштани Абумуслим бад-ӯ расид ғамгин шуду гуфт: «Ҳаққи Бумуслим бар ман воҷиб аст, ки ман ин хостаро ҳама ба талаби хуни Бумуслим харҷ кунам. Ва чун хоста намонад, ҷон бидиҳам»[3:1454]. Яъне, натанҳо мусалмонони минтақа, ҳатто зардуштиёну ровандиёну хуррамдинон низ, ба хунхоҳии Абумуслим қиём карданд. Дар ин маврид овардани андешаи Абдуррафеъи Ҳақиқат амри воқеъист, ки мефармояд: «Абумуслим ҳадафе ҷуз истиқлоли Хуросон ва раҳоӣ додани мардуми ин сарзамин аз чанголи тозиён мақсади дигаре надошт».[17:203] Аммо, сад афсус, ки фирефтаи макри халифа гардид.
Шӯришу ошубҳои мардумӣ сарфи назар аз он ки ҳамаи онҳо ба шикаст рӯ ба рӯ шуданд, вале барои коҳиш додани ситаму ҷафои халифаҳои араб ва намояндагони онҳо нақши муҳим гузоштанд. Инчунин, пояҳои ҳукумати халифаҳоро заиф сохтанд. Агар ҷунбишҳои нимаи аввали асри VIII ба ҳукумати ситамгори Умавиён хотима дода бошад, пас қиёмҳову ҷунбишҳои нимаи дувуми асри VIII ва аввали асри IX хилофатро ба ақибнишинӣ водор сохт, ки яке аз натиҷаҳои он ба қудрати сиёсӣ роҳ ёфтани хонадонҳои маҳаллии тоҷик ба шумор меравад.
Хулоса, ошӯбу исёнҳои дар хунхоҳии Абумуслим баамаломада бештар хусусияти ақидатӣ, сиёсӣ, озодихоҳӣ ва иқтисодӣ доштанд. Зуҳури ошӯбҳои зиёди зиддиарабӣ ва баланд гардидани таъсиру нуфузи хонадонҳои маҳаллӣ таваҷҷӯҳи халифаҳои аббосиро нисбат ба минтақа кам карда, дар охир ҷуз пардохти хироҷ аз Хуросон чизе умедвор набуданд. Дар ин маврид муаллифи “Таърихи Систон” қайд менамояд, ки шуҳрати Яъқуби ибни Лайс бад-он ҷо расида буд, ки сафирон аз кишварҳои Туркистону Чин, Ҳинду Синд, Сурия ва Руму Африқо ба вай ҳадяҳо меоварданд, чунки халифа маншури ҳукумати Хуросону Мовароуннаҳр, Макка, Мадина, Бағдод ва Ҳинду Синдро ба ӯ ҳавола кард буд. Зиёда аз ин, дар матни фармони халифа ёдовар мегардид, ки “Ин ҳама ислом ва куфр туро додем бар он ҷумла, ки ҳар сол моро 20 ҳазор ҳазор (20 000 000) дирҳам фиристӣ”. [11:49,50] Маълум мегардад, ки қисми шарқии хилофат пурра таҳти таъсири хонадонҳои бузурги ҳукуматгари эронитабор қарор дошт.
Албатта, натиҷа ва пайомади наҳзати Абумуслим ва таърихии ҷунбишҳои дигари мардумии Хуросону Мовароуннаҳр аз он иборат буд, ки дар натиҷаи онҳо таҳаввулоти фикрӣ ва ғоявии эрониён дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хилофат роҳ ёфта, бад-ин восита эрониён давлатшарики хилофат ва пешоҳангони соҳаҳои мухталифи олами ислом гаштанд. Илова бар ин, дар ин давра мардумони бумии Хуросону Мовароуннаҳр дар хилофат нафақат аксарияти табақаи равшанфикрону сиёсатмадоронро ташкил мекарданд, балки лашкар, низоми ҳарбӣ-сиёсӣ ва вазъи иқтисодии минтақа таҳти таъсири онҳо қарор дошт.
Муҳимтар аз ҳама натиҷаи шӯришҳои мардумӣ аз он иборат буд, ки як нерӯи бузург ва тафаккури зиддиарабиро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба миён оварда тавонист. Илова бар ин, мардумони бумии минтақаро аз ҷумлаи хонадонҳои бузургу муаззами Бармакӣ – Яҳё, Фазл, Ҷаъфар, хонадони Саҳли Сарахсӣ – Фазл ва Ҳасан ибнии Саҳли Сарахсӣ, хонадони Тоҳир ибни Ҳусайни Пашунгӣ – Талҳа, Абдулло, Тоҳир ва Муҳаммад, хонадони Тусӣ – Фазл ибнии Сулаймон (780 м) ва Ҷаъфари Тӯсӣ (788 м), хонадони Саффориён – Яъқуб ва Амр ибни Лайси Саффорӣ, хонадони Сомониён – Асад ва фарзандону наводагони онҳо аз ҷониби халифаҳои аббосӣ ба умури давлатӣ, ба мансабҳои волиёни Хуросону Мовароуннаҳр, вазирон ва сарлашкарон таъйин мегардиданд, ки ин ормони деринаи мардумони бумии Хуросони бузург дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодияшон буд. Аз ин ба баъд Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуб ибни Лайс ва Асад ибни Сомон дар назди халифа эътибори фавқулодда пайдо намуда, минбаъд идораи Хуросону Мовароуннаҳр ба хонадонҳои Тоҳириёну Саффориёну Сомониён интиқол ёфта, пас аз чанде истиқлолияти ҳудудиву маъмурии хешро дар шакли аморат ба даст оварданд.
Ғуломов Т.М. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
РӮЙХАТИ САРЧАШМА ВА АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1.Аҳмад ибни Яъқуб (Ибни Возеҳи Яъқубӣ) Таърихи Яъқубӣ. Тарҷумаи Муҳаммад Иброҳими Оятӣ. – Теҳрон. «Ширкати интишороти илмӣ-фарҳангӣ». Ҷ.2. 1387. - 644 с.
2.Балозурӣ. Футуҳу-л-булдон. Тарҷумаи Муҳаммади Тавакал. Теҳрон. Нашриёти Катиба. 1337 ш. 787 С.
3.Балъамӣ Абуалӣ. «Таърихи Табарӣ». Ҷ.II, -Теҳрон, «Алҳудо», 2001. - 818 1632 с.
4.Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-Русули ва-л-мулук. Тарҷумаи Абулқосим Поянда.– Теҳрон. “Асотир”. Ҷ. 9. 1375 ҳ.қ. аз 3740 то 4167 с.
5.Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-Русули ва-л-мулук. Тарҷумаи Абулқосим Поянда.– Теҳрон. “Асотир”. Ҷ. 11. 1375 ҳ.қ. аз 4614 то 5055 с.
6.Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Тарҷумаи Абулқосим Поянда. Бо таҳрир, тасҳеҳ ва таҳқиқи умумии Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ. – Душанбе, Муассисаи давлатии сарредаксияи миллии тоҷик. 2014. Ҷ.6.
7.Бартольд В.В. Сочинение. Том I. Туркистан в эпоху мангольского нашествия в Средная Азия до XII века. -М:. 1963. – Т.1.-759 с.
8.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна ва давари нав. Ҷ.I-II. – Душанбе, «Ирфон», 1998. – 700 с.
9.Ғуломов Т.М. Бозтоби муборизаҳои озодихоҳонаи мардумони бумии Мовароуннаҳр бар зидди истилогарони араб дар манбаҳои асримиёнагии форсӣ.// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума. –Душанбе, 2022. №2.
10.Зарринкӯб Абдулҳусайн. Таърихи тамаддуни Эрон. – Теҳрон. “Амири Кабир”. 1367. - 605 с.
11.Назаров Ҳ. Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён. –Душанбе, “Ирфон”, 1999. – 138 с.
12.Пирниё Ҳасан, Аббоси Иқбол. Таърихи Эрон аз оғоз то инқирози Қоҷория. –Теҳрон. “Хайём”. 1370. - 864 с.
13.Ричард Н.Ф. Наследие Ирана. - М: «Наука», 1971. – 468 с.
14.Сийстонӣ Муҳаммадазим. Моликияти арзӣ ва ҷунбишҳои деҳқонӣ дар Хуросони қуруни вусто. –Кобул. 1362. -669 с.
15.Фредерик Старр. Маърифати гумшуда. Асри тиллоии Осиёи Марказӣ аз истилои араб то Темурланг. – Душанбе, “ЭР-Граф”, 2016, – 692 с.
16.Хатиб С.А. Таърихи Хулафои Рошидин. Ҷ.II. –Душанбе, «Суннатулло», 2006,- 273 с.
17.Ҳақиқат Абдуррафеъ. Таърихи неҳзатҳои фарҳангии Эрониён. – Теҳрон. “Ширкати муаллифон ва мутарҷимони Эрон”. – Теҳрон.1347. -497 с.