Бинои «Байт-ул-ҳикма» аз ду қисм иборат буд: дар як қисм китобҳо нигоҳ дошта мешуданд (китобхона), дар қисми дуввум тарҷумаҳо (хонаи тарҷума). Дар байни олимоне, ки дар ин ҷо кор мекарданд ва бо тарҷумаи адабиёти илмӣ машғул буданд, Алони Шаубӣ, Саҳл ибни Ҳорун, Сайид ибни Ҳорун ва Саламро қайд кардан мумкин аст. Ҳама ин донишмандон, ба гуфтаи манбаъҳо, ба ҳаракати шуубия мутамоил буданд. Дар солҳои хилофати Маъмун «Байт-ул-ҳикма» дар авҷи рушди худ қарор дошт. Ин халифаи таҳаммулпазир донишмандони насторӣ, собеиҳо, зардуштиён, яҳудиён, аз ҷумла донишмандони насторӣ Ҳуҷоҷ ибни Мутар ва Ҳунайн ибни Исҳоқро барои ширкат дар фаъолиятҳои илмии «Байт-ул-ҳикма» ба Бағдод даъват кард. Олимони мазкур баъзе китобҳои гаронбаҳои юнониро ба арабӣ тарҷума кардаанд. Бисёре аз мудирони «Байт-ул-ҳикма», аз ҷумла: Саҳл ибни Ҳорун (раҳбари шуубиён), Алои Шаубӣ, Муҳаммад ибни Мусо Хоразмӣ, Яҳё ибни Абумансур ва дигарон муҳоҷирон аз Эрон ва Осиёи Марказӣ буданд.
Маъмун амнияти ҳаёти тарҷумонҳоро кафолат дода, онҳоро сарпарастӣ кард ва ба онҳо маоши баланд дод, то онҳо вазифаҳои илмии худро хуб иҷро намуда, дар корҳои илмӣ ва баҳсҳо фаъолона иштирок кунанд ва нуқтаи назари худро оид ба ҳар як масъала ошкоро баён карда тавонанд. Фаъолияти илмӣ дар «Байт-ул-ҳикма» танҳо бо тарҷума маҳдуд набуд. Дар он ҷо инчунин мавзӯъҳо ва бахшҳои гуногуни илмӣ мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирифта, кадрҳои илмии касбӣ барои астрономия, геометрия, механика ва дигар ихтисосҳои илмӣ омода карда мешуданд. Барои мушоҳидаҳои астрономӣ бо фармони Маъмун дар наздикии дарвозаи Шамосии Бағдод расадхонае сохта шуд, ки он бо тамоми технологияҳои зарурӣ ва дастрас муҷаҳҳаз буд. Ба ин расадхона Яҳё ибни Мансур раҳбарӣ мекард. Ин расадхона бо ду расадхонаи дигар ҳамкорӣ кардааст, ки яке аз онҳо расадхонаи воқеъ дар болои кӯҳи Касёни Димишқ, дуввумӣ расадхонаи Гундишопур буд. Яке аз натиҷаҳои муҳими ин ҳамкорӣ эҷоди тақвими мусулмонӣ бо номи «Тақвими Маъмунӣ» буд.
Умуман, «Байт-ул-ҳикма» мақоми баланди илмии худро то ҳуҷуми муғул нигоҳ дошт. Манбаъҳо мегӯянд, дар замони ҳукмронии Маъмун дар қисми китобхонаи ин маркази илмӣ зиёда аз 1 миллион китоб дар мавзӯъҳои гуногун нигоҳ дошта мешуд. Аз ин рӯ, давраи ҳукмронии Маъмун «асри тиллоӣ»-и рушди фаъолияти тарҷумонӣ ва татбиқи тарҷумаҳои мероси илмии пеш аз ислом ба арабӣ дониста мешавад. Дар ин кори муқаддас олимони кишварҳо ва қавмҳои гуногун, аз ҷумла олимони эронизабони Хуросон ва Мовароуннаҳр ширкат доштанд. Илова ба мероси китобҳои паҳлавӣ ва ҳиндӣ, ки пеш аз Маъмун ва солҳои ҳукмронии ӯ тарҷума шуда буданд, дар ин ҷо миқдори зиёди китобҳо низ тарҷума шудаанд, ки бо дастури ӯ аз Аврупо, яъне аз Рум оварда шудаанд. Илова бар ин, китобҳое, ки охирин подшоҳи Сосонӣ Яздигурди III бо худ ба Хуросон бурда ва он китобҳо ва дар китобхонаи Марв нигаҳдорӣ мешуданд, низ ба Бағдод фиристода шуданд ва моли «Байт-ул-ҳикма» ва аъзои он шуданд. Аммо, пас аз кӯчонидани пойтахти хилофат аз Бағдод, аҳамияти илмӣ ва шуҳрати ин шаҳри китобҳо тадриҷан коҳиш ёфт. Нобудшавии ниҳоии Бағдод ҳамчун як маркази илмӣ ва «Байт-ул-ҳикма»-и машҳури он пас аз ишғоли ин шаҳр аз ҷониби лашкари муғулон таҳти сарварии Ҳалокухон, набераи Чингизхон ба вуқӯъ пайваст.
Дар қатори дигар марказҳои илмӣ, ки ба тамаддуни исломӣ таъсир расонидаанд, метавон аз дайрҳои масеҳӣ ном бурд, ки дар он мусулмонон илму дониш меомӯхтанд. Дар давраи Сосониён ин гуна дайрҳо дар Бағдод, Мосул, Ҳирот, Марв, Самарқанд, Балх, Суғд (Эрони Шарқӣ), Рай, Форс ва дигар шаҳру минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон вуҷуд доштанд. Баъзе аз ин дайрҳо дар давраи исломӣ низ вуҷуд доштанд ва фаъолият мекарданд. Дар замони Ашкониён ва Сосониён баъзе минтақаҳои Эрони Шарқӣ зери таъсири тамаддуни юнонӣ қарор доштанд. Дар ин минтақаҳо марказҳои омӯзишӣ буданд, ки дар онҳо илмҳои юнонӣ омӯхта мешуданд. Қисман, дар Марв ва Самарқанд дар охири ҳукмронии Сосониён мардум бо фарҳанги юнонӣ ошно шуданд ва дар оғози паҳншавии ислом дар ин шаҳрҳо олимон ба тадқиқоти риёзӣ ва астрономӣ машғул буданд. Дар байни он донишмандони Марв, ки дар давраи Аббосиён бо дониши амиқи илмҳои оқилона маъруф буданд, метавон як донишманди яҳудӣ Машалла ибни Асриро ном бурд, ки дар қасри халифа Мансур зиндагӣ мекард ва бузургтарин олими ситорашинос ба ҳисоб мерафт. Ин олими яҳудӣ ҳамроҳи Навбахт дар сохтмони шаҳри Бағдод фаъолона иштирок кардааст.
Дигар донишманди маъруф Раббони Табарӣ буд, ки дар назди ҳокими Марв ба ҳайси котиб кор мекард. Вай дар тарҷумаи мероси илмӣ иштирок карда, мутахассиси хуби соҳаи риёзиёт дониста мешуд. Дар дайрҳо, махсусан дар он дайрҳое, ки дар Ироқ ва дар соҳили дарёи Даҷла ҷойгир буданд, на танҳо дин, балки илмҳои фалсафӣ ва фалсафаро низ таълим медоданд. Калисои Ироқро Патрик, як роҳиби насториён, ки истиқоматгоҳаш дар Бағдод, дар кӯчаи Дайр-ур-Рум воқеъ буд, роҳбарӣ мекард. Ҳафт метрополия - филиалҳои калисои насториёни Ироқ, ки дар Басра, Мосул, Насибин, Такрит ва дигар шаҳрҳои Ироқ ҷойгир буданд, ба ин дайр итоат мекарданд. Бо амри махсуси халифаи Аббосиён, Патрик сарвари тамоми ҷомеаи насронии дохили хилофат буд. Филиали калисои Ироқ дар Мосулро Фарҳод, дар Насибин - Абулайс Кархи Эронӣ, дар Форс - Муанна бин Ардашер роҳбарӣ мекарданд. Ҳар яки онҳо дар дайраш ба таълим ва фаъолияти динӣ машғул буданд. Дар баъзе дайрҳо мактабҳо буданд, масалан, дар Кеннасрин, ки дар Сурия ҷойгир буд, мактаби Ктесифон, дар дайри Кония, дар наздикии Бағдод - мактаби Мормор мавҷуд буд. Ин мактабҳо дар тарбияи донишмандони мантиқшиноси исломӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар байни олимони мусулмоне, ки дар ин мактабҳо мантиқро омӯхтаанд, Абуисҳок Иброҳими Кувайрӣ, Бинямин, Абуаҳмад ибни Куринат, Абунасри Форобӣ, Абусулаймон Сиҷистонӣ ва дигар олимони машҳурро қайд кардан мумкин аст. Баъдан, ҳар яке аз ин донишмандон дар бораи мантиқ асарҳо навиштаанд ва як гурӯҳи мантиқшиносони мусулмонро сарварӣ кардаанд.
Шоев Зиёвиддин - Сардори шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ