Нақши аминияти итилоотӣ дар суботи ҷомеаи инсонӣ

Қобили зикр аст, ки яке аз масъалаҳои асосии амнияти иттилоотӣ ин таҳлили ҳамаҷонибаи таҳдидҳои иттилоотӣ мебошад, ки дар системаҳои иттилоотии муосир вуҷуд доранд. Ҳатто як омили  ноустуворкунандаи ҷомеа,ки ба инобат гирифта намешавад, самаранокииамниятроба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Таҳдид ба амнияти иттилоотӣ ин эҳтимолияти сар задани ҳодиса, амал ё беамалии тасодуфӣ ё қасдест, ки дар натиҷаи он ба амнияти ҷомеа халал мерасад. Таҳдид ба амнияти иттилоотӣ маҷмуи шароитҳо ва омилҳои паҳншавии иттилоот буда, хатари эҳтимолӣ ё воқеиро ба вуҷуд меорад. Аксар вақт таҳдид натиҷаи мавҷудияти осебпазирӣ дар системаи амнияти иттилоотӣ мебошад. Фосилаи вақт аз лаҳзаи имконпазир шудани истифода аз осебпазирӣ ва то лаҳзаи ворид кардани тағйирот ба системаи муҳофизат, ки ин осебпазириро бартараф мекунад, равзанаи хатари бо ин осебпазирӣ алоқаманд номида мешавад.  Ин таъсири тасодуфию барқасдона, ки вайронкунанда ва таҳрифкунандаи муҳити беруна, ки ба дараҷаи эътимоднокии кори воситаҳои коркарди иттилооти, қасдан таъсир расонидан ба истифодабарандагони беиҷозат, ки ҳадафи онҳо дуздӣ, ифшо кардан, несту нобуд кардан, беиҷозат тағйир додан ва истифодаи иттилооти коркардшуда мебошад.

Имрўз дар Тоҷикистон дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва таҳаввулоти глобалии ҷаҳони муосир таҳдидҳои иттилоотӣ гуногун буда, онҳоро аз рўи якчанд меъёрҳо тасниф кардан мумкин аст.Аввалан аз рўи ҷанбаи амнияти иттилоотӣ, ки таҳдид асосан ба муқобили он нигаронида шудааст ин нобудшавии ҷисмонӣ ё осеб дидани интиқолдиҳандагони иттилоот ва нобудсозии баъзе аз маводҳои иттилоотӣ ва тағйир додани иттилоот, ки дар натиҷаи он маълумот инъикоси вазъияти воқеии корҳоро катъ мекунад ё зиддиятнок мегардад ва ғ.

Инчунин дар илм тасниф аз рўи ҷузъҳои система, ки ба таҳдид (ҳамла) нигаронида шудаанд, вуҷуд дорад, ки  мавҷудияти онҳо дар ҷумҳурии мо низ эҳсос карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар робита ба тарзи татбиқи он, таҳдид метавонад тасодуфӣ ё барқасдона бошад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам сарчашмаҳои таҳдидҳо интиқолдиҳандагони онҳо ба амнияти иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, метавонанд осебпазириро барои вайрон кардани амнияти иттилоот ё ба даст овардани фоидаҳои ғайриқонунӣ истифода баранд. Барои мисол, онҳо метавонанд ба хотири манфиати ѓаразнок ба истифодабарандаи иттилоот ва ё соҳиби он зарари моддию маънавӣ расонанд. 

Илова бар ин, эҳтимол дорад, ки манбаъҳои таҳдидҳо барои фаъол кардани баъзе осебпазириҳои зараровар қасдан амал накунанд. Ҳам субъектҳо ва ҳам зуҳуроти объективӣ метавонанд ҳамчун манбаи таҳдид амал кунанд. Гузашта аз ин, манбаъҳои таҳдидҳо метавонанд ҳам дар дохили ташкилоти ҳифзшаванда- манбаъҳои дохилӣ ва ҳам берун аз он ҷойгир шаванд. Осебпазирии объективӣ аз хусусиятҳои тарҳрезӣ ва хусусиятҳои техникии таҷҳизоте, ки дар иншооти муҳофизатшаванда истифода мешаванд, вобаста аст. Бартарафсозии пурраи ин осебпазирӣ ғайриимкон аст, аммо дар шароити кишвари мо онҳоро метавон тавассути усулҳои техникӣ ва муҳандисии мубориза бо таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ хеле заиф кард. 

Суботи ҷомеаи инсони дар раванди ҷаҳонишавӣ ин таъмини аминияти итилооти мебошад. Маҳз фазои маҷози метавонад, ба суботи ҷомеаи инсониро таъғир диҳад ва андеши инсонро ба амалҳои ғайриахлоқи, оварда расонад.

 

Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа мутахассиси пешбари шуъбаи итилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика