Имрӯз, 24 - уми августи соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштараки ҲХДТ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафарашон ба вилояти Суғд (9 - 12 августи соли равон) сафари гурӯҳи корӣ таҳти муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) муҳтарам Юсуфӣ Хайринисо ва
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
Зимни мулоқоту вохӯриҳо бо сокинону фаъолони вилояти Суғд мавзуъҳои зерин мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт:
1. "Ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солими ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат";
2. "Роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ";
3. " Пайомадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имруза".
Тафсилоти бештар дар гузоришҳои навбатӣ нашр хоҳанд шуд...
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон