
6 январи соли 2023 фаъолияти солонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии солона директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, Қодирзода Сайаъзам сармутахасиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, муовини якуми Марказ Рустам Азизӣ ва кормандони Маркази иштирок намуданд.
Директори Марказ, профессор Холиқзода А.Ғ. қайд намуд, ки соли 2022 барои ҳайати кормандони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буда, дар ин сол ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд.
Дар идома муовини якуми Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ Рустам Азизӣ вобаста ба паҳлуҳои фаъолияти Марказ дар соли 2022 иттилооти зарурӣ пешниҳод намуд.
Дар фарҷом намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарияти Маркази исломшиносӣ барои анҷоми корҳои илмию тадқиқотӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ ва дастовардҳои назаррас расонид.
Таъкид гардид, ки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои тадқиқотӣ яке аз пешқадамҳо ба ҳисоб рафта, дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шунидани ҳисоботи солонаи Маркази исломшиносӣ фаъолияти онро қаноатманд арзёбӣ намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Пешво ва Мактаби давлатдорӣ” тақдим гардид.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир