
Абўҳанифа (р) иродаи инсонро мутлақ медонад, на муқайяд. Абўҳанифа (р) марди озод буд ва иродаро дар дигарон қадрдонӣ мекард, ҳамчуноне, ки онро барои худаш мехост. Бинобар ин, дар фиқҳаш ниҳоят ҳарис буд, ки иродаи инсонро дар тасарруфоташ иҳтиром намояд, медонем, ки оқил бошад. Ў барои касе иҷозат намедиҳад, ки дар тасарруфоти оқил, ки махсуси ў мебошанд, дахолат намояд инчунин на барои ҷамоъат ва на барои валияш, ки намояндагии ўро мекунад, дар шаъни хоси дигарон дахолат намояд. Модоме, ки амри диние поймол ва чизҳои ҳаром мубоҳ гардонида нашуда бошад, ин ҳангом барои маъмури давлат воҷиб мегардад, ки барои ба танзим даровардани низом дахолат намояд, на ин ки шахсро дар зиндагии шахсияш ба низоми муайяне маҷбур созад, ё умури молиашро ба тадбири муайяне ба роҳмонад.
Мо мебинем, ки низомҳои қадиму ҷадиди миллатҳои бомаданият, дар равандашон барои ислоҳи мардум ба ду равиш тақсим мешаванд:
Равиши якум, дар он табиати иҷтимоие ғолиб мебошад, ки аксари тасарруфоти шахс дар он чи ҷамоат аз наздик ё дур алоқаманд аст, зеро он дар раҳбарии давлат аст. Ҳамчуноне, ки дар баъзе низомҳои қоим ва он низомҳое, ки аз байн рафтаанд, мебинем.
Равиши дигар, низоми рушди идораи инсоният буда, василаҳои омўзиш ва парвариш ва ба некӣраҳнамуд кардан мебошад. Сипас раҳо кардани ў бе назорат, зеро нафс инҷо ба арзишҳои ахлоқӣва динӣмуқайяд гардонида шудааст, ки ўро аз бадиҳо ва фасодиҳо дур нигоҳмедорад.
Шояд Абўҳанифа (р) ба ин қисми дуюм майл мекард, аз ин ҷиҳат ўро мебинем, ки барои духтари ба балоғатрасида, оқила, дар умури шавҳар карданаш ба пуррагӣ вилояташро (сарпарастиашро) ба ў медиҳад ва барои валияш бар болои ў ҳокимияте қарор намедиҳад. Дар ин масъала аз миёни имомҳои чаҳоргона танҳо Абўҳанифа (р) соҳиби ин назар мебошад. Мебинем, ки ў ҳаҷр (манъ кардан аз тасарруфоти мол)- и сафиҳ(шахси сода), ғофил ва қарздорро раво намедонад. Баъд аз он мебинем, ки ў ҳар қайде, ки бар он инсон моликаст, манъ менамояд, магар қайдҳои динӣва нафсӣ. Ў барои молик мубоҳ қарор дода, ки дар моликияташ ҳар тасарруферо, ки мехоҳад анҷом диҳад, модоме, ки дар доираи моликияташ мебошад. Баъдтар ўро мебинем, ки дар роҳи ин ирода, вақфро манъ мекунад. Ба ҳамин сурат, ў иродаи инсонро озод мегузорад, ки маҳкама дар мавриди ў коре надорад, магар дар ҳоле, ки ба дигаре таъаддӣ намуд. Дар ҳарду ҳолат ба амрҳои динӣ муқайяд мебошад. Зеро Худои фармонраво ўро бозпурсӣ мекунад, агар нек бошад, пас подоши нек дорад ва агар бад бошад, подоши бад мебинад. Ҳар яке аз ин масъалаҳо бо тафсил дар мақолаҳои баъдӣ баён хоҳанд шуд
Мутахассиси шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Н.