НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Қисми дуюм. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули мафкураи шӯравӣ чунин идеяҳо матраҳ ва дар ҳаёт ҷорӣ карда шуданд, ки бояд дар ниҳояти кор ба барпо намудани ҷамъияти ҳақиқии коммунистӣ – ҷамъияте, ки дар тибқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ, нобаробарии миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ вуҷуд надорад, бурда мерасониданд. Ба ин гуна идеяҳо диктатураи пролетариат, иттифоқи коргарон ва дехҳқонон, интеллигенсияи шӯравӣ, иқтисодиёти сотсиалистӣ, эстафетаи коргарӣ, ватандӯстии шӯравӣ (фаромиллӣ) ва ғайра дохил мешуданд.

Ба амал баровардани ин ва дигар идеяхои коммунистӣ, аз як ҷониб, воқеан ҳам  барои мустаҳкам шудани сохти давлатдории шӯравӣ ва рушду тараққиёти устувори ҷамътиятию иқтисодии  Иттиҳоди Шӯравӣ, ба яке аз пуриқтидортарин давлатҳои ҷаҳон табдил ёфтани он мусоидат намуд.

Аз ҷониби дигар, дар низоми мафкураи коммунистӣ-шӯравӣ баъзе идеяҳо, назарияву амалияҳои дигари дорои мазмуну хусусияти ифротӣ ё зиёдаравона аз қабили тоталитаризм, яъне хукмронии мутлаки чамъият бар шахе, афзалияту бартарияти манфиатҳои умумӣ (иҷтимоӣ) бар манфиатҳои хусусӣ (шахсӣ), муносибати оштинопазир бо дин ва арзишҳои динӣ, муборизаи берахмона барои решакан кардани дин таҳти шиори «дин афюни халқ аст» ва  ғайра низ ҷой доштанд, ки пайгирона ва мутаассибона ба амал баровардани оқибат баъди аз хокимият даст кашидану «истеъфо додани» Ҳизби Коммунистӣ боиси худфурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. 

Бо ҳамин асос, ҳар як давлати соҳибистиқлоли пасошӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки аз таърихи давлатдории шӯравӣ дарси муфид бигирад, таҷрибаи мусбати онро дарк кунад ва аз хатогиҳои он даст кашад. Ватандӯстии шӯравӣ дар маҷмӯи таҷрибаҳои мусбат ва манфии давлати шӯравӣ, аз нигоҳи «шояст ё ношояст» будани истифодаи онҳо дар шароити муосири давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ба гурӯҳи таҷрибаҳои мусбат шомил буда, сазовори пажӯҳишу баррасии ҷиддӣ аст. Дар бораи он, ки ватандӯстии шӯравӣ дар ҳақиқат дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ нақши бузург бозид, масалан, эстафетаи машҳури меҳнатии бо ном «стахановчиён», қаҳрамонӣ ва ватандӯстии халқҳои шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳодат медиҳад.Илова бар ин, дар айни замон дар баробари ватандӯстии шӯравӣ барои ғанӣ гардонидан ва такмил додани консепсияи миллии ватандӯстӣ, омӯзиши сарчашмаҳои  фарҳангӣ-таърихӣ ва  муосири фалсафаи назарӣ ва амалии ватандӯстӣ низ зарур ва ногузир аст. 

Бо ин мақсад дар ин мақола мазмуни асосии назарияи ватандӯстии Аврупои Ғарбӣ ва сарчашмаҳои этнофарҳангии ақидаҳои суннатии мардуми тоҷик дар бораи ватандӯстӣ ба таври мухтасар таҳлил ва тавсиф карда мешаванд. Ба андешаи мо, омӯзиши фалсафаи назарӣ ва амалии ватандӯстӣ дар давраҳои гузашта ва муосир дар заминаи пажӯҳиши таърихӣ-муқоисавии назарияи муосири ватандӯстии Аврупои Ғарбӣ ва афкори асримиёнагии иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик имконият медиҳад, ки ба нақши сарчашмаҳои этнофарҳангӣ дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстии наслҳои муосир ва ояндаи ҷавону наврас баҳои дуруст ва объективона дода шавад. 

Дар адабиёти фалсафӣ-иҷтимоии Ғарб дар мавриди моҳияти мафҳуми ватандӯстӣ ва таърифи муносиби он ихтилофи назар ё гуногунфикрӣ вуҷуд дорад. Дар айни замон типологияи ватандӯстии ғарбӣ асосан чаҳор намуди ватандӯстиро дар бар мегирад: а) ватандӯстии шадид (ифротӣ); б) ватандӯстии қотеъ; в) ватандӯстии мӯътадил; г) ватандӯстии ахлоқӣ. Ҳар яке аз ин намудҳо рейтинги мувофиқ дорад. Ватандӯстии шадид (зиёдаравона, мутаассибона, ифротӣ). Ин навъи ватандӯстӣ қадимтарин буда, аз навиштаҳои Макиавелли (1469-1527) сарчашма мегирад. Тибқи таълимоти сиёсии Макиавелли, ҳар як ҳоким, агар нияти ба хубӣ анҷом додани кори худро дошта бошад, бояд омода бошад, ки баъзан ваъдаҳояшро вайрон кунад, фиреб диҳад, риёкорӣ кунад ва ҳатто,  вакте ки вазъияти сиёсӣ чунин амалро талаб мекунад, аз зӯроварӣ, зулму ситам  ба таври васеъ истифода кунад. То кадом андоза ин дастур ба масъалаи ватандӯстӣ дахл дорад ё надорад, ба он вобаста аст, ки мо ба ҳокимияти шоҳӣ чӣ гуна иртибот дорем, оё мо онро қабул мекунем ё на. Аммо дар таълимоти сиёсии Макиавелли дастурҳои дигаре низ ҳастанд, ки бо ватандӯстӣ робитаи мустақим ва раднашаванда доранд. Масалан, дар як қисмати каммаълуми таълимоти худ бо муроҷиат ба сиёсатмадорон ва шаҳрвандони оддӣ менависад: «Вақте амнияти кишвар комилан ба қароре вобаста аст, ки қабул карда мешавад,  ба одилона ё  беадолатона, раҳмангезона ё бераҳмона, нек ё зишт будани ин қарор  набояд эътибор дода шавад».

Ин аст, ки ба гуфтаи Макиавелли, дар шароити шадид, манфиатҳои авлавиятдоштаи миллию давлатӣ ҳама гуна меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ ва иҷтимоиро, ки онҳоро маҳдуд мекунанд ё монеъ мешаванд ё бо онҳо мухолифанд, вайрон кунанд, ё аз эътибор соқит созанд. Ин навъи ватандӯстӣ дар миёни сиёсатмадорон ва шаҳрвандони оддӣ дар ҳолатҳое паҳн мешавад, ки онҳо боварӣ доранд, ба манфиатҳои аслии кишварашон ягон хатаре таҳдид мекунад. 

Тафсири оддитарин ва равшантарин ватандӯстии шадидро бо чунин ҷумла метавон ифода кард: «Кишвари мост, хоҳ нек бошад, хоҳ бад!». Аз ин рӯ, баҳо додан ба мақоми маънавии ин гуна ватандӯстӣ чандон душвор нест: он ба рад кардани ахлоқ асос ёфтааст. Аз ин рӯ, ватандӯстии шадид, аз нуқтаи назари тангосуби он бо арзишҳои умумӣ, фаромиллӣ ва  глобалии инсоният, ҳамчун навъи ифротӣ ва хатарнок, ба ҳеҷ ваҷҳ даруст ва намунаи тақлиду пайравӣ буда наметавонад. Ин навъи ватандӯстӣ, агар фаъолона ташвиқ карда шавад, боиси афзоиши рӯҳияи бузурманишӣ, қудратталабӣ, фашистӣ дар байни аҳолӣ мегардад. Он омили ҷудоии маънавии давлати миллӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, боло бурдани манфиатҳои миллӣ аз арзишҳои умумибашарӣ мегардад. Бисёр муноқишаҳо ва ҷангҳои байналмиллалӣ, дар баробари дигар сабабҳо, инчунин бо ғаразҳои шадиди ватандӯстонаи ин ё он тарафҳои даргир ё ҷангҷӯ алоқаманданд. Махсусан, ин навъи ватандӯстиро бо боварии том  аз омилҳои маънавие донистан мумкин аст, ки боиси ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ гардидаанд.

Ватандӯстии қотеъ. Ин навъи ватандӯстӣ бори аввал аз ҷониби намояндаи намоёни фалсафа ва этикаи сиёсии Амрико А.Ч. Макинтайр дар мақолаи «Оё ватандӯстӣ фазилат аст?» таъриф ва шарҳ дода шудааст. Макинтайр дар мақолаи зикршуда назарияи либералӣ дар бораи ватандӯстиро бо арзишҳо ва принсипҳои муайяни умумибашарӣ муқоиса мекунад. Мувофиқи нуқтаи назари либералӣ, агар ин ё он шахс дар ягон ҷо аз касе принсипҳои ахлоқиро омӯзад, пас ин омӯзиш ба мазмуни он принсипҳои ахлоқӣ ва тамоюли ин шахс ба онҳо ҳеҷ рабте надорад. Ҳамчуноне, ки агар касе принсипҳои риёзиро омӯзад, ин ба мазмуни он принсипҳои риёзӣ ва садоқати шахси омӯзанда ба онҳо ҳеҷ рабте надорад. Макинтайр ба муқобили ин мавқеи назариявии либерализм сухан ронда, қайд мекунад, ки барои садоқати шахе ба ин ё он принсипи муайяни ахлоқӣ макон ва одамоне, ки вай ин принсипро ҳамроҳи онхо меомӯзад, аҳамияти ҳалкунанда доранд. Аз ин рӯ, назарияи ватандӯстии Макинтайр «ватандӯстии қотеъ» номида шудааст.

Дар фаҳмиши Макинтайр, ахлоқ аз аҳамияти умумибашарӣ холӣ аст ва ба ҳар як ҷомеа ахлоқи мушаххас хос мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс метавонад танҳо ҳамон меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқиро дарк ва аз худ кунад, ки дар ҷомеаи ӯ, ватани ӯ ба таври умум пазируфта шудаанд. Шахс танҳо дар сурати ба қадри кофӣ доннстан ва азхуд кардани ин сифати ҷомеаи худ барандаи ахлоқи ҷамъиятӣ мегардад. Ӯ мувофиқи меъёрҳо ва анъанаҳои иҷтимоии ҷомеае зиндагӣ ва амал мекунад, ки худро ба он ҷомеа тавъам медонад. Аз ин лиҳоз, ҷаҳонбинӣ ва рафтори ҳар як шахс, пеш аз ҳама, ба эътиқод ва меъёрҳои ахлоқии ҳамон ҷомеаи этнофарҳангӣ мувофиқат мекунад, ки шахс ба он мансуб аст.Модоме ки шахс ба ҳайси намояндаи ахлоқӣ танҳо метавонад ҳамчун як узви ҷомеаи худ зиндагӣ ва рушд кунад, пас шахсияти ӯ низ ба ҷомеа, таърих, анъанаҳо, ниҳодҳо ва ормонҳои он баста аст. Ҳамин тариқ, тибқи ин бархӯрд, ҳаёти шахсии ҳар як фард лаҳзаест аз таърихи  меҳани ӯ, мисли вуҷуди қатра дар дарё. Аз ин рӯ, ҳар як шахс ҳадди ақал, дар сатҳи зеришуурӣ, эҳсосоти ботинӣ, дарк мекунад, ки ӯ ва дигар аъзои ҷомеа, яъне ҳамватанонаш, бо ҳам пайванд ва нисбати якдигар масъул ҳастанд, дарк мекунад, ки ӯ бояд сипосгузор ва вафодор ба ҷомеаи худ бошад. Ва чунин дарки маънои зиндагӣ омили муҳим ва ҳалкунанда дар зуҳури ватандӯстӣ мебошад, ки аз рӯи табиаташ ба меъёру принсипҳои ахлоқ мухолифат намекунад, баръакс, яке аз фазилатҳои ахлоқӣ маҳсуб мешавад. Аммо ин андеша, ки объекти дилбастагӣ ва садоқати ватандӯстонаи як фарди ватандӯст кишвар ё давлате мебошад, ки зода ё шаҳрванди он аст, маънои онро надорад, ки ватандӯст аз ҳар ҳукумате, ки дар кишвараш қудрат дорад, пуштибонӣ мекунад. Баръакс, ватандӯст  дар ҳолатҳои манфиатҳои кишварро нодида гирифтан ё бар зарари кишвар ва манфиатҳои миллӣ амал кардани ҳукумати кишвараш, бо ҳукумати кишвараш мухолифат карда метавонад. Аз ин лиҳоз, ин навъи ватандӯстӣ хусусияти интиқодӣ ва ақлонӣ (ратсионалӣ) дорад.

Аммо консепсияи Макинтайр дар бораи бартарияти ахлоқии ҷомеа бар фард ба бархе аз пажӯҳишгарони ғарбӣ шубҳаовар ба назар мерасад. Масалан, Стивен Натансон қайд мекунад, ки меҳру муҳаббати ватандӯстона дар бисёр мавридҳо як гурӯҳи мушаххасро фаро мегирад, ки он на ҳамеша ва на ҳатман ягон ҷомеаи этникӣ ё сиёсӣ мебошад, балки оила, деҳа, шаҳр, ҷомеаи динӣ ва ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ низ буда метавонад. Ҳамин тариқ, мухолифони Макинтайр танҳо ҷомеаи этникӣ ва сиёсиро ҳамчун манбаи истисноӣ ва ягонаи ахлоқ ё баҳрабардори асосии ҳисси ватандӯстӣ намедонанд.

Изҳороти Макинтайр дар бораи моҳияти принципиалии ватандӯстии қотеъ, дар бораи он, ки манфиатҳои асосии ватандӯстӣ бояд аз доираи таҳлил ва мулоҳизаи интиқодӣ  берун бошанд, низ аз бисёр ҷиҳат қобили қабул нестанд. «Ватандӯстӣ, — менависад Макинтайр, — метавонад аз ман талаб кунад, ки баъзан барои анҷоми бомуваффақияти ин ё он лоиҳае, ки барои некӯаҳволӣ ва рушди миллату давлат аҳамияти ҳалкунанда ва стратегӣ дорад, кор кунам, ҳатто вақте ки муваффақияти ин лоиҳа хилофи манфиатҳои умумибашарӣ бошад ҳам». Ин суханон маънои беэътибории ошкоро нисбат ба чунин мафҳумхои асосии ахлоқӣ, монанди адолати умумибашарӣ ва хамраъйии байналхалқиро доранд, ки ин аз нуқтаи назари арзишҳои умумибашарӣ қобили қабул нест.

Чунин бологузории сунъии ватандӯстӣ бар гуманизм,  мухолифати он ба арзишҳои умумибашарӣ – ба ҷуз худхоҳӣ чизи дигаре нест, зеро ғамхории истисноӣ ва ифротгароёна нисбат ба кишвари худ ҳамеша омили муҳими муноқишаҳо ва зиддиятҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ буд ва боқӣ мемонад. Аммо чунин баҳогузории интиқодӣ ва назари манфӣ дар нисбати ватандӯстии ҳақиқӣ  (ба маънои ғамхории вижа дар бораи ободии кишвари худ) одилона нест. Зеро ғамхории вижа дар бораи кишвари худ ҳеҷ гоҳ муносибати душманона ё таҷовузкоронаро нисбат ба дигар кишварҳо ва халқҳо талаб намекунад.

 

Давом дорад....

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика