Наводир-ул-вақоеъ — яке аз осори барҷастаи илмӣ-адабии донишманди бузург Аҳмади Дониш аст

«Наводир-ул-вақоеъ— яке аз осори барҷастаи илмӣ-адабии донишманди бузург Аҳмади Дониш буда, аз муқаддима ва бисту як фасл иборат аст. Асар дар ҳудуди солҳои 1875— 1882 таълиф ёфта, ҳамчун қуллаи баланди эҷодиёти адиби беҳамтои халқи тоҷик маълум аст.

"Наводиру-л-вақоеъ" аз беҳтарин офаридаҳои нависандаи тавоно ва мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) ва насри пурғановати фалсафӣ-бадеии халқамон буда, ҳамагонро бо таърихи пуршебу фарози миллатамон ошно ва ба ҷодаи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад.

Матни илмии интиқодии ҳозир, ки дар заминаи се нусхаи нодир ва қиёсашон бо дигар нусхаҳои пештар интишоргардидаи рисола омода гардидааст, метавонад барои тамоми донишмандони ватаниву хориҷӣ ва алоқамандони сершумори марди бузурги таърих манфиатовар бошад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика