
Тибқи маълумотҳои оморӣ, тақрибан аз 5 то 10 фоизи аҳолии беш аз 3-миллионнафараи Муғулистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд, ки асосан дар вилояти ғарбии Боён-Улгий (88,7 фоизи ахолии ) ва вилояти Ховд (11,5 фоизи ахолии вилоят) зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин, ҷамоатҳои хурди мусулмонон дар баъзе шаҳрҳои дигари Муғулистон низ вуҷуд доранд.
Аз байни сайёҳони ғарбӣ аввалин бор дар бораи вуҷуди ислом дар Муғулистон сайёҳи фаронсавӣ Гийём де Рубрук иттилоъ додааст. Гийём де Рубрук хабар медиҳад, ки соли 1254 ҳангоми зиёрат аз дарбори хони бузург, дар Қарокурум ҳафт маъбади буддоӣ ва ду масҷидро мушоҳида кардааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, барои ворид шудани ислом ба Муғулистон, гуфтан мумкин, бевосита худи Чингизхон, огоҳона ё ноогоҳона, мусоидат кардааст: Пас аз Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эронро забту истило намудани муғулҳо ва қатли ом шудани аксарияти аҳолии ин минтақаҳои мусулмоннишин, ба фармони Чингизхон як қисми мардуми бофарҳангу ҳунарманди эронитабор, ки дар саноат, муҳосибӣ, тиб ва астрономия маҳорати тамом доштанд, ба Муғулистон фиристода шуданд, то муғулҳо аз донишу малакаи онҳо барои обод кардани ватани худ истифода баранд. Ҳамин гурӯҳи мусулмонони эронитабор дар баробари хидматрасонии илмиву фаннӣ ба таври ғайримустақим бо ҳузури ҷисмонии худ ақоиди исломиро таблиғ мекарданд.
Дар даҳсолаҳои ахир, дар ҳафриёти бостонӣ, ки дар Муғулистон анҷом шуд, лавҳаҳои сангини исломӣ ба забони форсӣ пайдо шуданд. Тибқи мазмуни навиштаҷоти ин лавҳаҳо, Дар Муғулистон рӯҳонӣ ва воизи мазҳабиро «Молда» меноманд, ки аз вожаи форсӣ-тоҷикии «Мулло» гирифта шудааст. Дар Тоҷикистону Афғонистон марди рӯҳониро «мулло» мегӯянд. Инчунин, муғулҳои мусулмон мисли тоҷикону эрониён барои ифодаи маънои прарастишу ниёиш ба ҷои калиаи арабии «салот» мисли тоҷикону эрониҳо «намоз»-ро истифода мебаранд.
Набераи Чингизхон Берке бо таблиғи дарвеши хоразмӣ Сайфуддини Дарвеш дини исломро пазируфтааст ва аз аввалин ҳокимони муғул аст, ки исломро қабул карда буд. Қисми дигари хонҳои муғул зери таъсири занони мусулмон дини исломро қабул кардаанд. Баъдтар ҳокими мамлук Байбарс робитаро бо Олтинӯрда мустаҳкам карда, муғулҳои ашрофро ба Миср даъват кард. Саёҳат ба Миср шумораи муғулҳоеро, ки исломро қабул карданд, ба таври назаррас афзоиш дод. То соли 1330 аз чор се ҳиссаи ҳокимону ашрофони муғул мусулмон шуда буданд.
Мусулмонони Муғулистон асосан пайравони мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Дар Боён Улгий, ки вилояти асосии мусулмоннишини Муғулистон мебошад, ба ғайр аз масҷидҳои ҷомеъ, як мактаб ва донишгоҳи динӣ-исломӣ фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби Туркия сохта шудаанд. Илова бар ин, дар шаҳри Улан Батор низ, масҷиди ҷомеъ амал мекунад, ки дар намозҳои ҷумъа дар он хутбаҳо бо ду забон – қазоқӣ ва муғулӣ хонда мешаванд.
Касби суннатии мусулмонони Муғулистон мисли ҳамаи қавму қабилаҳои кӯчманчи чорводорӣ, ва шикор мебошад. Дар байни мусулмонони Муғулистон илова бар анъанаҳои динӣ, ҷашни суннатию милллии мардуми ориёитабор - Наврӯз низ хеле маъмул аст, ки ҳар сол 21-уми март таҷлил карда мешавад.
Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва дишнисосии муқоисавӣ.