Боиси сарбаландӣ аст, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик соҳиби маҷмўаи урфу одат ва расму оинҳои хосе мебошад. Аксари онҳо дар шакли асилу инҳирофнашудаашон бисёр зебову пурмазмун ва дорои паёму маънавияти баланд мебошанд. Ин расму оинҳо, ки ҳамаи бахшҳои рўзгори мардумро фаро гирифтаанд, аз насл ба насл гузашта, ҳастӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии миллати моро ташкил медиҳанд.
Охирҳои солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум, бар асари ҷанги таҳмилӣ, сокинони диёрамон ба як рўзу рўзгузаронии вазнине рӯ ба рӯ шуда, сатҳи камбизоатӣ боло рафта, касодшавии аҳолии ҷумҳурӣ ба миён омада буд. Вале, бар замми ин, дар ин солҳо падидаҳои манфие ҳамчун анъана ва ҷашну маросими миллӣ зуҳур ёфта буданд. Теъдоди зиёди мардум ба қадри расму оинҳои асили милливу исломиамон нарасида, бо омехтани унсуру пиндорҳои ҷоҳилонаву хурофотӣ онҳоро ба инҳирофи комил кашида буданд. Дар натиҷа, асолат ва паёми маънавии онҳо аз байн рафта, расму оинҳои миллӣ ба як маҷмўаи мусобиқаву худнамоии ҷоҳилонаи моддӣ, ба маъракаҳои исрофкоронае табдил ёфта буданд. Онҳо на нақши маънавию тарбиявӣ, балки нақши манфӣ гирифта, зиндагии мушкили мардумро боз ҳам мушкилтар, ахлоқи заифи ҷомеаро боз ҳам харобтар, ҷаҳолату хурофотро боз ҳам васеътар гардонида буданд. Дар ин шароити тоқатнофарсо талабот ба қабули таъхирнопазири як қонуни ба эътидоловарандаи вазъи зиндагии мардум ба миён омада буд.
Маҳз тавассути иқдомҳои саривақтии Президенти кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расо шонздаҳ сол қабл, яъне дар таърихи 08.06.2007, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳадафи асосии қонуни мазкур ба низом даровардани баъзе расму оинҳои мардумӣ буд.
Ҳар як санади таърихие, ки қабул мешавад, пеш аз ҳама бар заминаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ асос ёфта, ифодагари шароиту имкониёт ва вазъи давру замони хеш ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҳамин гуна қонунҳое мебошад, ки дар вақти ҳасоси таърихӣ рўи кор омадааст. Қонуни мазкур боиси кам гардидани исрофкориҳои беҳуда, хароҷоти миёншикан гашта, барои ба танзим даровардани муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, баланд бардоштани фарҳанги маъракадорӣ, анъана ва маросими миллию динӣ ба мардум кўмаки босазои худро расонид.
Бархе аз коршиносон аз сабаби маҳдуд будани маърифати динӣ ва аз дин иттилои дуруст надоштанашон дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳо бисёр расму оинҳоро дар шаклҳои инҳирофшудаашон ба ислом мансуб дониста, динро сабабгори чунин сангиниҳо дар рўзгори мардум эълон карда буданд. Ба тартиб даровардани расму оинҳои динии мо, махсусан, маросими азодорӣ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам (раҳ.), ки мардуми шарифи мо пайрави ин мазҳабанд, бояд сурат бигирад. Зеро ҳар гуна талоши берун аз меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ тағйир додани расму оинҳои мавҷудаи мардуми мусулмони кишварамон на танҳо инҳирофи мазҳабист, балки сабаби пеш омадани ихтилофҳои васеъ дар ҷомеа хоҳад гардид.
Бешак, урфу одатҳои вобаста ба маргу азодорӣ ва ёдбуди гузаштагон то ҳадде мураккаб гашта буд, ки даргузашти як аъзои оила барои бозмондагонаш на танҳо як талафоти маънавӣ, балки як хараҷоти хонахаробкунандаи миёншикани моддӣ гардида буд. Оё ҳамаи ин маъракаҳои серхарҷу миёншикани сершуморе чун оши сартахта, серўзагӣ, душанбегиҳо, ҷумъагӣ, ҳафту бисту чилу солу солгард ва ғайра маросими исломӣ ҳастанд ва оё шариати исломӣ баргузории ҳамаи инро аз шахси мусулмон талаб мекунад?
Мутаассифона, то ҳоло дар баъзе манотиқи кишварамон анъанаи оши сартахта ё дар рўзи вафоти шахс аз тарафи бозмондагонаш дар хонаи ў забҳ кардани чорво ва додани хўроку зиёфат ба ҳозирин одат мебошад. Ҳукми ин амал дар шариати исломӣ чист?
Дар шариати исломӣ ин амал макрўҳ (инкоршуда, радшуда) ва ё макрўҳи таҳримӣ (инкоршудаи манъкардашуда) аст, вале агар майит фарзандони ноболиғ дошта бошад ва харҷи таъоми оши сартахта пеш аз тақсими мерос аз моли ў гирифта шавад, ҳукми ин амал аз назари шариати исломӣ на танҳо макрўҳ, балки ҳаром мебошад. Мувофиқи дастури дини ислом, дар ин рўз беҳтар аст, ҳамсоя ва хешовандон аз ҳисоби худашон таъоме пухта барои хонаводаи мусибатзада биоваранд.
Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси машҳури худ, ки дар китобҳои мўътабари ҳадис, чун «Сунан»-и Абўдовуд, ҳадиси 2725, «Сунан»-и Тирмизӣ, ҳадиси 919, «Сунан»-и Ибни Моҷа, ҳадиси 1599, «Муснад»-и Имом Аҳмад оварда шудааст, ба таври рўшан ба мусулмонон тавсия намудаанд: «Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (раҳ.) мегўяд, ки чун хабари марги Ҷаъфар ибни Абўтолиб расид, Паёмбари Худо (с) фармуданд: Барои хонаводаи Ҷаъфар таъом омода бикунед, зеро ки ба онҳо мусибате расидааст, онҳо ба он машғуланд».
Дар рўзи ҷаноза забҳи чорво ва додани таъом дар хонаи майит (маъракаи сартахта)-ро фақеҳону муҷтаҳидони аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ, ба таври муфассал баррасӣ карда, дар мавриди макрўҳ ва нораво будани ин амал хулосаву фатвоҳои мушаххаси хешро содир кардаанд.
Фақеҳи мўътабари ҳанафӣ Аллома ибни Обидини Шомӣ (с.ваф. 1252 ҳ.қ.) дар китоби «Радду-л-муҳтор», ки бо номи «Ҳошияи ибни Обидин» низ машҳур аст, дар рўзи ҷаноза аз тарафи аҳли хонаводаи майит пухтану ба ҳозирон пешниҳод кардани таъомро макрӯҳ ва бидъати қабеҳ ҳукм кардааст: «… ва мустаҳаб аст, ки ҳамсояҳо ва хешу табори аҳли майит дар ин рўз барои аҳли майит ба миқдоре, ки онҳоро як шабонарўз сер доранд, таъом таҳия намоянд… ва аз тарафи худи аҳли майит ташкил кардани таъому зиёфат макрӯҳ аст, зеро он (зиёфат) хоси рўзҳои хушист, на рўзҳои ғам ва ин (ташкили таъому зиёфат дар рўзи ҷаноза) бидъати зишт аст».
Фикри мазкурро донишманди бузурги ҳанафӣ Камолидини Сивосӣ, ки бештар чун Имом ибни Ҳумом машҳур аст, дар «Фатҳу-л-қадир» (ҷилди 2, саҳ. 142), фақеҳи шинохтаи ҳанафӣ Мулло Алӣ Қорӣ дар «Фатҳи бобу-л- иноя ли шарҳи китобу-н-ниқоя» (ҷилди 1, саҳ.14) тасдиқ намудаанд.
Аллома Фахриддин Зайлаии Ҳанафӣ (с.ваф. 743ҳ.қ.) дар «Табйину-л-ҳақоиқ фи шарҳи канзи-д-дақоиқ» (ҷилди 1, саҳ.246, нашри «Дору-л-кутубу-л-исломӣ», Қоҳира) чунин меорад: «Барои азодорӣ то се рўз нишастан иҷозат аст, ба шарте ин амал бо корҳои номашрўе, мисли густурдани дастурхон ва омодасозии таъом аз ҷониби хонаводаи майит, ҳамроҳ набошад».
Дар китобҳои фиқҳӣ, чун «Фатҳу-л-қадир»-и Имом ибни Ҳумом (ҷ.1, саҳ. 473; ҷ.2, саҳ.142), «Алфатово-л–куброи-л-фиқҳия»-и Аллома ибни Ҳаҷари Ҳайтамии Шофеӣ (ҷ.2, саҳ.7), «Ал-мадхал»-и Ибнулҳоҷӣ Моликӣ (ҷ. 3, саҳ.275), «Ал-муғнӣ»-и Ибни Қудомаи Ҳанбалӣ (ҷ.2, саҳ.413) ва ғайра ҳамагон зикр намудаанд, ки рўзи ҷаноза дар хонаи майит пухтани таъом ва оростани зиёфат макрўҳ ва ғайришаръӣ мебошад.
Назари ҳамаи фақеҳони муътабари аҳли суннат ва ҷамоат, хосатан мазҳаби ҳанафӣ чунин аст, ки дар рўзи вафот аз тарафи наздикони майит дар хонаи ў забҳ кардани чорво ва омода намудану ба ҳозирин додани таъом макрўҳ ва бар хилофи шариати исломӣ мебошад. Ашхосе, ки маросимро ҳамчун маросим ва вазифаи динӣ ба ҷо меоранд, бар хилофи фармудаи шариат амал мекунанд. Ононе, ки ин анъанаро ба шариати исломӣ нисбат доданӣ мешаванд, нисбати шариати исломӣ туҳмати ошкоро намуда, ҳадафҳои муғризонаи худро доранд.
Яке аз ҳадафҳои олии ислом низ ҳамин аст, ки мусулмонон аз ғаму дарду андуҳи якдигар ошно ва дар он шарику саҳмгузор бошанд. Мутаассифона, бо мурури замон ва ҳамроҳ бо пешрафти иқтисодӣ мусулмонон аз як сў ва бе таваҷҷуҳи онон ба масоили шаръӣ аз сўи дигар, ингуна маҷолиси (маъракаҳои) содда ва бе риёе, ки фaқат ба хотири ҳамдардӣ ва сабук кардани андуҳи бозмондагони майит дорои арзиши бисёр зиёде буд, ҷои худро ба маъракаҳои сангин ва пурхарҷ дод. Ва кор ба ҷое расид, ки рафта-рафта чеҳраи мазҳабӣ ба худ гирифт. Ҳолате ёфт, ки аз воҷибот воҷибтар менамуд. Ҳар кас саъй дошт, то дар харҷ кардан аз дигаре ақиб намонад. Дар ниҳоят бисёр шоду хурсанд аз он, ки тавонистанд барои мурдаи худ савоби бештаре пайдо карданд. Шукргузори даргоҳи Худоянду рўсафед монда, ба таънаи касе гирифтор намегарданд.
Дар бораи савоб ё адами қироати Қуръон, дуо ва садақа барои шахси майит дар китоби «Ал-фатова-л-исломия» дар бораи ин мавзуъ чунин омадааст: «Имом Абуҳанифа (раҳ.) ва Имом Аҳмад (раҳ.) қоил ба онанд, ки савоби тоъот, монанди намоз, рўза, қироати Қуръон, дуо ва садақа оиди шахси майит мегардад. Ба шарте, ки шахс аъмоли мазкурро бидуни ахзи уҷр ва ҳаққи заҳмат анҷом диҳад. Савоби аъмоли мазкурро ба майит ҳадя кунад».
Имоми Аъзам дар боби қироати оятҳои қуръонӣ дар назди қавм гуфтааст: «Иҷозат аст, макруҳ нест нишастани қориёни Қуръон дар назди қабр ва хондани оятҳо (ба арвоҳи майит) (Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва-л-адиллатуҳу. Димишқ, 1989, с.551)».
Шакл ва тӯли азодорӣ бар гузаштагон
Дар масъалаи шакл ва тўли азодорӣ бар гузаштагон шариати исломӣ чигунагии азодорӣ ва ёдоварии гузаштагонро ба танзим даровардааст, ки пайравони дини ислом дар доираи он рафтор намоянд.
Мувофиқи таълимоти исломӣ, шаклу одоби азодорӣ чунин аст, ки наздикони майит бояд дар он рўз аз наҳвасароӣ, ки онро Паёмбари акрам (с) сароҳан «расми ҷоҳилия» номидаанд, худдорӣ намуда, дар рўзи азо аз фиғонҳои зиёд, пора кардани гиребон, хок бар сар кардан, рўканию мўканӣ ва амалҳое мисли он бипарҳезанд, ин аъмолро бар пайравони худ манъ намудаанд. Чунон ки дар ҳадиси зерин омада: «Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (раҳ.) ривоят аст, ки Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Касе (ҳангоми мусибату азодорӣ) ба рўи худ бизанад ва гиребони худро пора кунад ва ба монанди давраҳои ҷоҳилия гиряву фиғон андозад, ў аз (уммати) мо нест» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, китоби «Ҷаноиз», ҳадиси 1214, «Саҳеҳ»-и Муслим, китоби «Ҷаноиз», ҳадиси 920).
Дар «Фиқҳи татбиқӣ»-и Мустафо Зулфиқор Талаб (Чопи Теҳрон, соли 1379 ҳ.ш.) доир ба гиряи рўзи мотам чунин омада: «Гиря бар ду навъ аст: гиряи раҳмат ва шафқат. Ин гиря аз рўи шиддати отифа, эҳсосот ва дилсўзӣ аст ва касеро ҷуз аз рўи қасовати қалб гурезе аз он нест».
Паёмбари Худо (с), он гоҳ ки набераи духтариаш даргузашт, гиря кард. Баъзе аз саҳобагон тааҷҷуб карданд ва дар бораи он аз Паёмбари Худо (с) суол карданд: Ё Расулуллоҳ, дар ҳоле ки шумо моро аз гиря кардан наҳй кардаед, оё худ гиря мекунед? Он Ҳазрат фармуданд: Ҳамоно Худованд бандагони меҳрубон ва бо отифаро дўст дорад. Яъне қалби одамӣ порае аз тахтаи санг нест. Балки он қалби инсон аст ва қалби одамӣ мутаассир мешавад. Он гоҳ ки инсон тифлашро муқобили чашмонаш дар ҳоли иҳтисор ва марг мебинад, оё ба гиря намеафтад? Вай модоме, ки дорои қалб ва отифа аст, мегиряд ва гуноҳе низ бар ў нест».
Матлаби муҳим он аст, ки инсон ба ҳангоми гиря чизе мухолифи ризои Парвардигор ба забон наёварад. Гиря маҳз ҳаром нест, чаро ки баъзе мардум дар асари отифаи шадид ашк аз чашмонашон беихтиёр ҷорӣ мегардад. Лозим аст, ки ба ҳангоми гиря бигўяд: Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун (Мо бандаи Худо ҳастем ва ба сўи Ӯ бозмегардем).
Дар ҳадиси дигари Паёмбари акрам (с) омадааст, ки гиряву навҳаи бозмондагон боиси азоби мурдагон хоҳад буд. («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, китоби «Ҷаноиз», ҳадиси 1208).
Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси саҳеҳ чунин фармудааст: «Зайнаб духтари Ҷаҳш (раз.) мегўяд, ки ман аз Расули Худо шунидам, ки аз болои минбар мегуфт: Барои заноне, ки ба Худо ва рўзи қиёмат имон доранд, барои мурда беш аз се рўз азодорӣ кардан дуруст нест, магар барои ҳамсаронашон, ки метавонанд чаҳор моҳу даҳ рўз азодорӣ кунанд». («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, китоби «Таллоқ», ҳадиси 4919 ва «Саҳеҳ»-и Муслим, китоби «Талоқ», ҳадиси 2731).
Сабаби дар шариати исломӣ барои занон дар сурати вафоти шавҳарашон ба таври истисноӣ муайян шудани чунин муддати азодорӣ (чор моҳу даҳ рўз) дар он аст, ки маҳз дар ҳамин муддат ҳомила будан ва ё набудани зан ба таври дақиқ муайян мешавад. Муҳлати иддаи зан ба поён расида, ў метавонад ба шавҳар барояд.
Наҷмиддин Салимов – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон