Меҳргон - суннати неки ниёгон

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи деҳқон мебошад. 

 

Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби “Осор- ул- боқия”-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Гуфта мешавад, “Меҳр” номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Ин аст, ки васфи меҳргон дар осори ниёгон ҳамчун ҷашни ҳосилот ва дастранҷи марди деҳқон дида мешавад. 

 

Малико, ҷашни Меҳргон омад, 

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

 

Абўабдуллоҳ Рӯдакӣ

 

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон, 

Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нори арғувон. 

 

Манучеҳри Домғонӣ

 

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт  ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ҳамин тавр анъанаи таҷлили ин ҷашн дар замони салтанати Сомониён ташаккул ва такомул ёфт. 

 

Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр мураттаб шуд ва дар давоми асрҳои 4-6 тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад. Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрухта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд. 

 

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, нўшокию хӯрданиҳои маҳаллӣ ва гиёҳҳои хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.

 

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон  хонда, хостгори эҳёи ин ҷашн шуда буданд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷик мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр ҳамчун ҷашни миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешавад. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашни шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст”, - зикр кардаанд Пешвои миллат. 

 

Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5-уми августи соли 2009, таҳти рақами 538), дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.    

 

Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

 

 

Яндекс.Метрика