Мерос дар масири таърих

Яке аз мавзуъҳои хусусияти иҷтимоидошта дар ислом ва тарафдорони баробарии ҳамаҷонибаи занон бо мардон дар гузашта ва асри навин ин масъалаи мероси занон мебошад. Аз ҷумлаи мушкилоте, ки тарафдорони ҳамаҷонибаи баробарҳуқуқии марду зан матраҳ менамояд, масъалаи мерос дар ҳуқуқи исломӣ аст; онҳо мегӯянд: Чаро ҳуқуқи исломӣ мероси занеро, ки нотавонтар аз мард аст, нисфи мард  қарор додааст? Оё ин зулм нисбати зан нест? Бо доштани имконот, қудрат ва тавоноӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки фалсафаи ин ҳукми исломиро бо таҳқиқи манбаъҳои ҳуқуқи исломӣ мавриди омузиш  қарор дода, онро баён созем. Бинобар ин, аввал таърихи мероси занонро дар байни миллатҳо ва  қавмҳои то исломӣ ва динҳои осмонӣ баррасӣ намуда, сипас, дар бораи он, ки занон чӣ гуна дар ҳуқуқи исломӣ мерос мебаранд ва ҳангоми гирифтани мерос ба чӣ мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, посух хоҳем дод. Фалсафаи фарқияти мероси марду занро баён карда, ҳикмати тақсими меросро дар фиқҳ, ки бо адолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ тибқи принсипи тақсимоти мол ба эҳтиёҷот асос ёфта аст, баён хоҳем кард. Масъала дар ин сурат матраҳ мешавад, ки дар ҳуқуқи исломӣ мероси зан нисбат ба мард камтар буда, шахсият ва арзиши инсонии занро нодида гирифтааст.
 
Ҷонибдорони имрӯзаи ҳуқуқи зан мегӯянд, ки дигар ҷаҳони озод ва андешаҳои зинда наметавонад  қабул кунад, ки ҳангоми марги шавҳар зан аз чаҳор як ҳисса (дар сурати надоштани фарзанд) ва ё аз ҳашт як ҳисса (дар сурати доштани фарзанд) мерос гирад. Ҳангоми марги зан бошад, шавҳар аз ду як ҳисса (нисф) (дар сурати надоштани фарзанд) ё аз чор як ҳисса (дар сурати доштани фарзанд) амволи ӯро ба сурати мерос соҳиб мешавад. Чаро зани бечора, ки нотавонтар аст , як саҳм ва мард, ки тавонотар аст, ду саҳм бигирад? Оё ин аз рӯи инсофу адолат аст?
 
Бинобар баҳси мавзуи матраҳшуда байни ҳуқуқи исломӣ ва тарафдорони ҳамаҷонибаи баробарҳуқуқии занон бо мардонро ба риштаи таҳқиқ кашида, фалсафаи ин ҳукми исломиро дар боби мерос аз рӯи сарчашмаҳои ҳуқуқи исломӣ тавзеҳ дода, баъд аз баёни мафҳуми мерос дар зербахшҳо баён хоҳем дошт.
1.Таърихи мероси занон дар  қавмҳо ва миллатҳои гуногун;
2.Мероси занон дар динҳои осмонӣ то ислом;
3.Фалсафаи тафовути мероси зан ва мард. 
 
Таърихи мероси занон дар  қавмҳо ва миллатҳои гуногун.
 
Аз замоне, ки инсон мафҳуми моликиятро дарк кард, ҳаёти якҷоя оғоз ёфт. Шахсоне, ки дунёро тарк карданд, молу мулкашонро дигарон соҳиб шуданд. Пеш аз ислом дар миёни  қабилаҳо ва миллатҳои бо тамаддун ва бетамаддуни ҷаҳон моликияти мерос ин мусодираи маҷбурӣ буда, ҳар касе, ки нерумандтар буд, молу мулки шахси фавтидаро ба моликияти худ дароварда, афроди заиф ва нотавон аз ҷумла занону кӯдаконро аз он маҳрум месохт.
Барои дуруст дарк кардани ин матлаб ба таърихи мероси занон дар миёни  қабилаву миллатҳои гуногуни пеш аз ислом назар меандозем.
 
Мероси зан дар Рум.
 
Румиён бо вуҷуди ин ки тамаддуни дурахшоне доштанд, занонро ҳам монанди дигар молу мулки мард ҳисоб мекарданд ва махлу қоти но қису заиф фикр мекарданд.
 
Онҳо барои оила ва насл исти қлолияти хоси иҷтимоӣ  қоиланд; исти қлолияте, ки онҳоро аз нуфузу таъсири ҳукумат нисбат ба ху қу қи аъзои оила дар баробари ҳам мустаҳкам мекард. Ҳар оила дар доираи оилаи худ аз ҷиҳати фармон ва нофармониҳо ва  қонуни ҷазоӣ ва сиёсӣ муста қил буд. Тиб қи ҳамин усул сардори ҳар оила аз он итоат карда, нисбат ба онҳо мав қеи соҳибихтиёрии комил дошт. Аъзои оила аз  қабили зан, фарзанд, ғуломон ва ходимон ҳама таҳти назорати сардори оила буданд. Бо вуҷуди ӯ соҳиби ҳеҷ чиз набуданд. Аз ин рӯ, яке аз духтарони он оила чизеро ба сифати маҳр ба иҷозати сардори оила соҳиб гардида буд ё яке аз писарон ба иҷозати ӯ соҳиби моле шуда буд. Ҳангоми фавтидан бар асоси сайтара ва моликияти мутла қи худ тамоми он мол мероси сардори он оила мешуд.
 
Мувофи қи дувоздаҳ лавҳаи Ҷости Нюнси императории Рум, ки аз куҳантарин ҳуҷҷати таърихи ҳуқуқи Рум аст, духтарон ва занон ба таври кулли аз мерос маҳрум буданд. Мерос фа қат ба писар тааллу қ дошт. Ҳеҷ кас, ҳатто ҳа қ надошт духтари издивоҷ накардаашро вориси хеш  қарор диҳад. Агар марде якчанд духтар медошт, бояд барои якеи онҳо шавҳар интихоб мекард то шавҳари духтарро меросбари худ  қарор диҳад. Дар Руми  қадим на танҳо зан аз мерос маҳрум буд, балки вай маҳҷур (партофташуда) буд, бояд таҳти итоати падар, шавҳар, бародар, писар ё яке аз хешовандони падар, ки аз дигарон бузургтар буд  қарор мегирифт.
 
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар тамаддуни Рум ҳеҷ гоҳ ба занон ҳамчун духтар, зан, модар ё хоҳар мерос намедоданд. Зеро ин боис мешуд, ки молу сарвати як оила ба оилаи дигар инти қол ёбад. Зеро онҳо хонадон (насаб ва оила)-ро муста қил меҳисобиданд. Ҳеҷ гоҳ ин масъаларо хилофи муста қилият ва асолати хонадон  қабул надоштанд ва онро ҷоиз намешумориданд.
 
Мероси зан дар тамаддуни Юнон.
 
Юнониён тамаддуни шукуфон доштанд. Афлотун ва Арасту ба унвони чеҳраҳои маъруфи он тамаддуни  қадим, мӯъта қиданд, ки зан танҳо барои хидмат ба мард давомдиҳанда ва офарандаи насл буда, шахсияти байни инсон ва ҳайвонро дорад .
 
Дар тамаддуни Юнон низ мероси оила ба писарон гузашта шуда, занон ва кӯдакон аз мерос комилан маҳрум буданд. Албатта, пас аз муддати тӯлонӣ, усули хоси меросгирии духтарон ва занон дар байни онҳо маъмул шуд. Масалан, барои он ки духтар мерос гирифта тавонад, касеро ба фарзандӣ гирифта, духтарашро ба вай ба шавҳар медиҳад. Дар натиҷа, фарзандхонд меросхӯр ба ҳисоб рафта, зан ва шавҳар дар меросӣ оилавӣ шарик мешуданд. Ҳамин тавр, духтар метавонист соҳиби мероси оилавӣ шавад. Ба ҳамин усул васияти амвол ба зан ё духтар мемонд. Ба ҳар сурат, ба таври умумӣ занон аз мерос маҳрум буданд. 
 
Идома дорад...
 
Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ                         Наботов М.А.
 
 
 
Яндекс.Метрика