Мегӯянд мизи шодии ҷаҳон 4 поя дорад:

Мегӯянд мизи шодии ҷаҳон 4 поя дорад:

Дутоашро "Мавлоно" ба мо нишон дода.
Дутоашро "Ҳофиз".

Дутое, ки Мавлоно муъаррифӣ карда:
"Маранҷ" ва "маранҷон"
Ҳаргиз аз зулм ё бадхулқию бадрафтории мардум наранҷед бо сабурӣ бо дигарон ва наздиконатон бархӯрд кунед.
Ва монанди борон бошед, ки палидиҳоро мешӯяд ва дубора ба Осмон меравад пок мешавад ва ба Замин бармегардад

Шумо ҳам дарди дили дигаронро гӯш кунед.
Ҳақношиносиҳоро таҳаммул кунед ва оромишро фақат аз Худованд бихоҳед.

Ва Ҳофиз гуфта:
"Бинӯшон" ва "нӯш кун"
Эй нури чашми ман сухане ҳаст гӯш кун,
Чун соғарат пур аст бинӯшону нӯш кун.

Ҳар неъмате, ки ба мо дода шуда аз мол ё саломатӣ аз маърифат ва огоҳӣ бо дигарон тақсим кунед ва дигаронро дар ин лаззат саҳим кунем.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи исломи муосир

Яндекс.Метрика