МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

5 - уми октябри соли равон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад директори Маркази исломшиносӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.

Директори Маркази исломшиносӣ нахуст кулли кормандони Марказ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ҳифзу арҷгузорӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, ки рукни муҳими давлатдории миллиамон ба ҳисоб меравад, барору муваффақиятҳо таманно намуд .

Мавсуф иброз дошт, ки :" Воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад. ​

Боварии комил дорам, ки кормандони Марказ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи поку беолоиш нигоҳ доштани бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо – забони тоҷикӣ ва таҳкими мақому манзалати он ҳамчун забони давлатӣ саъю талош меварзанд.

Дар идомаи ҷамъомад муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода Абдураҳмон, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ, Наҷотзода Мутеъулло корманди Маркази исломшиносӣ ва Аҳтам Рамазонӣ сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ба тартиб дар бораи ҷойгоҳи забон дар асри ҷаҳонишавӣ, забон - ҳастии миллат ва забон яке аз пояҳои бунёди давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад, суҳбат намуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика