Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба таҷлили Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз менамояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад».
Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи классикон ва чи муосир дар мавзўи забон, эҳтироми забон, арҷгузорӣ ба он ва поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоистаю арзандаи бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони классик ин мавзуъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъди Шерозӣ беҳтарин шеърро дар ин мавзуъ гуфтааст.
Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷисоҳибҳунар!
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурўш аст ё пиллавар?!
Ба ақидаи ин шоири баландфикрат, забон дар даҳони инсон ҳамчун калиди ганҷи ўст ва ганҷ ҳунару истеъдоди инсон ва умуман, худи инсон аст. Бо кушодани хазинаи ин ганҷ,яъне бо сухан кардани инсон дар ботини инсон чи қадар ганҷбудан аён мегардад. Вале, агар инсон ин хазинаи худро накушояд, яъне сухан нагўяд, ганҷи дохили он ниҳон мемонад ва кас натавонад донист, ки дар дохили он ганҷ чи нуҳуфтааст.
Шоири номдори асри XVI Калими Кошонӣ неру ва қудрати эъҷозофарини забону суханро бисёр олӣ дар риштаи назм даровардааст. Ба андешаи ў мақоми сухан баландтар аз ҷойгоҳи офтоб аст ва гармию нурафкании он бисёртар аз гармию танаввури офтоб аст. Агар офтоб шабро бубинад, сухан шабро нахоҳад дид, зеро «бозор»-и сухан доимо «гарму чароғон» аст. Девори сухан ҳамеша баланд аст, инсоният ҳама дар зери ин деворанд.
Олими бузурги асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар доираи илми кимиёва тиб саҳми ниҳоят калон гузоштааст, Абўали ибни Сино мебошад. Ў дар олам бо номи «Авитсена» маъруф аст.Аксари асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа асос наёфта, балки чандин илмро фаро мегирад. Масалан «Донишнома» аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, Ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ўро шеърҳо, ғазалҳо, қасидаҳо ташкил медиҳад, ки ҷаҳониён ўро шинохтаанд ва боиси ифтихори бузург аст.
Шоири намоёни қазоқ Олжас Сулаймонов гуфтааст: «Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форсӣ ба лафзи дарист. Забоне ки дар кураи шеъри Рўдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хаём ҷило ёфтааст».
«Надонистани забони форсӣ бадбахтист» - навишта буданд Ф.Энгелс ва К.Маркс. Воқеан олимону донишмандони ҷаҳонӣ забони зебою шевои моро баҳои баланд додаанд.
Забони модарии мо забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи нисбатан пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хидматҳои бузурги фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебо ва захираҳои бою рангини луғатҳо, осори гаронбаҳои илму адабӣ дар шакли назму насри беҳамто ба зинаҳои баландтарини ташаккул расидааст ва мо аз ин мерос ифтихор мекунем. Бешубҳа яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва устувории миллати шарафманди мо маҳз аз забони шевова адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст. Миллати тоҷик дар арсаи шадиди муносибатҳои табақавию ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ байни қавму миллатҳои дигар маҳз тавассути ин сарват мавқеи устувор ёфт ва аз байн нарафт.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2009 қабул гардида, ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун санаи муҳим ҷашн гирифта шуда, дар муассисаҳои таълимию илмӣ баромадҳо, семинарҳо ва мизҳои мудавару суҳбатҳо анҷом дода мешаванд. Иди забонро ҳамчун рўйдоди даврони Истиқлол ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Воқеан ҳам забон гаронбаҳотарин ҳастиест,ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунанд ва аз зиндагии якдигар ошно мегарданд. Ва худи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшонзабонро «Неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар»- арзёбӣ кардаанд.
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасад. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод,яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад. Осори Рўдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Румӣ ва садҳо нафари дигар ки чандин аср пеш навишта шудаанд, бо ин забон мебошад. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба забони модарӣ бениҳоят калон аст. Сарвари давлати тоҷикон дар маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон чунин изҳор намуданд: «Ман ҳамон қадар забони модариамро дўст медорам, ки агар шабонарўзӣ ҳам ҳарф занам, хаста намешавам». Ин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаъри қалб ва чунон самимӣ буд, ки иштирокчиён аз ҷой бархоста қарсаки давомнок заданд.
Аз ин рў, мо ҷавонон бояд забони модарию забонҳои хориҷиро хуб омўхта, халқи тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён арзанда муаррифӣ намоем.
Шарифова Санавбар - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ