МАҚОМ ВА НАҚШИ АНЪАНА ВА МАРОСИМ ДАР ТАЪЛИМОТИ КОНФУТСИЙ

Конфутсий мутафаккири қадимии Чин аст. Таълимоти ӯ, ки баъдтар бо номи конфутсия дар таърихи фалсафа сабт гардид, ба рушди маънавию сиёсии Чин ва тамоми Осиёи Шарқӣ таъсири бузург расондааст ва аз асри XVII дар Аврупои Ғарбӣ интишор ёфтааст. Асосҳои конфутсияро шогирдони мутафаккир дар маҷмўаи афоризмҳо, муколамаҳо ва Қайдҳое, ки «Лун ю» «Қазоватҳо ва суҳбатҳо» («Лун-ю») ном доранд, гузоштаанд. Дар тӯли асрҳои зиёд дар муассисаҳои таълимии чинӣ пурра азбар кардани ин рисола барои шогирдону донишҷўён ҳатмӣ буд. Илова бар ин, он бузургтарин ёдгории адабӣ, гавҳари забон ва фалсафаи қадимии Чин мебошад. «Лун ю»-ро соли 1910 бузургтарин синологи рус Павел Степанович Попов, тарҷумони бисьёр асарҳои файласуфони Қадими Чин ва мураттиби луғати русию чинӣ, ки дар намояндагии дипломатӣ дар Пекин хизмат мекард, ба забони русӣ тарҷума кардааст. Инчунин, тарҷумаи дигари нисбатан навини «Қазоватҳо ва суҳбатҳо» ба забони русӣ низ мавҷуд аст, ки аз ҷониби Л.С. Переломов анҷом пазируфтааст ва соли 2021 нашр шудааст (Ниг.:  Конфуций. Суждения и беседы. Перевод с кит.; вступ. сл. и комм. Л. С. Переломова. –М.: РИПОЛ классик, 2021. -360 с.).

Мавзўи анъана ва маросим дар асари Конфутсий «Қазоватҳо ва суҳбатҳо» ҷойгоҳи марказӣ дорад. Конфутсий дар ҳар мавриде, ки бо шогирдонаш роҷеъ ба ин ё он мавзўъ суҳбат меорост,  ҳатман риоя намудани анъанаву маросимро таъкид менамуд. Барои ў вафодорӣ ба анъанаҳои бостонӣ  аз расму оин ҷудоинопазир аст.

Маросим, чунон ки Конфутсий бовар дошт, бидуни таърифи принсипҳои ахлоқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар сўҳбат бо яке аз шогирдони дўстдоштааш ўро бовар мекунонад, ки роҳи ҳокимони бостонӣ зебо буд, пеш аз ҳама, аз он сабаб, ки онҳо ҳама «корҳои хурду бузургашонро мувофиқи расму оин» анҷом медоданд, истифода аз расму оин аз он сабаб арзишманд аст, ки  мардумро ба ваҳдату ризоият мебарад.

Дар замони Конфуций шаклҳои анъанавии расму оин, ки бо Қурбонӣ барои арвоҳ алоқаманд буданд, характери расму оинхои расмиро пайдо карданд. Зарурати эҳёи нақши бартаридоштаи расму оин дар ташкили ҳаёти маънавии Чини Қадим эҷоди мафҳуми нави умумибашарии расму оинро тақозо мекард, ки инро Конфутсий ва шогирдони ў ба амал баровардаанд. Конфутсий тахаввули шаклхои анъанавии маросимро муфассал омўхта, онҳоро бо мундариҷаи нави маъноӣ пур карда, зимнан танхо он унсурхоеро, ки ба манфиати маросим «кор» мекунанд, нигох доштааст ва бо ҳамин роҳ маросимро  мубрамият ва бақо бахшидааст.

Бар хилофи пешгузаштагони худ, Конфутсий дар расму оин на танҳо маҷмӯаеро мушоҳида кард, ки он   аз «маълумоти марбут ба даврон»-и шаклҳои расму оинҳои бетағйир иборат буд, балки анъанаи фарҳангии рушдёбандаро дид, ки  наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро тавассути ваҳдати рўҳонӣ бо ҳам мепайвандад.  Конфутсий дар пайи ин фаҳмиши урфу одатҳо аз шаклҳои Қадимии расму оинҳо даст накашида, як навъ «интихоб» мегузаронад. Ӯ дар онҳо нақши  бартаридоштаро ба он чизе медиҳад, ки ба консепсияи иҷтимоӣ ва ахлоқии ӯ мувофиқ буд ва он чизеро, ки хилофи он буд, дар канор мегузорад. Интихобро вазифаи асосӣ муайян мекунад — ин тарбия, эҳёи маънавии халк ва ҳокимони онҳо аст, ки таҷрибаи фарҳангии наслҳои пештараро дар ҷангҳои давомдор аз даст додаанд. Конфутсий муътақид буд, ки  агар ҳокимон мардумонро ба фазилат раҳнамоӣ кунанд ва бо расму оин тартиботу низомро нигоҳ доранд,  мардумон аз айбу нуқсон, гуноҳҳо, разолату зиштиҳо ва хатогиҳо огоҳ шуда,  ислоҳ хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Конфутсий, маросимро наметавон бо тақдими ҳадоёи Қурбонӣ ва садои зангу табл, ки ҳамроҳи ин маросим аст, хулоса кард.  Муҳимтарин талаботи маросим бояд риоя кардани роҳи рост (ДАО) бошад. Чунин талабот дар навбати худ бо мазмуни нави фалсафӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ пур кардани амалияи расму оинҳои қадимро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, назарияи Конфутсий дар бораи маросим ба ғояи намунаи ягона асос ёфтааст ва он намуна роҳи осмонӣ (ДАО) ва тақлид ба роҳи ҳокимони бостонӣ (ВАН ДАО) мебошад. Истилоҳи ВАН ДАО (чинӣ, «масири ҳокими комил», «роҳи шоҳони асил») – дар афкори сиёсии мутафаккирони Чини Қадим, махсусан, дар осори Конфутсий – маънои идеал ё намунаи  идоракунии давлатро ифода мекунад.  ҳокимони бостонӣ дар Чини Қадим дар асоси принсипи дахолатнопазирӣ У ВЭЙ ҳукмронӣ мекарданд. У ВЭЙ  дар фалсафаи бостонии Чин (махсусан дар даосизм) - принсипи дахолат накардан ба тартиби табиии ашё ва рафти ҳодисаҳо на аз мавқеъҳои ахлоқӣ  ва на аз мавқеъҳои прагматикиро ифода мекунад. Онҳо ба рафти табии воқеаҳо дахолат накарда, корҳои давлатиро на бо ҷабру зўроварӣ, балки дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ (инсофу адолат, саховат, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ) идора мекарданд.

Конфутсий чунин мешуморад, ки донистани иродаи осмонӣ инсонро хирадманд ва пайравӣ аз анъана ўро хайрхоҳ мегардонад. Ба андешаи мутафаккир,  шахси хайрхоҳ касест, ки ҳангоми талош барои такмилу тақвияти худ ва иҷрои беҳтари корҳо ба дигарон низ дар чунин умур  ёрӣ мерасонад.

 

Шоев Зиёвиддин, н.и.ф., мудири шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

Яндекс.Метрика