Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрўзаи мо мебошад. Вазифаи асосии падару модар дар масъалаи тарбияи фарзанд бисёр муҳим, сангин, масъулиятнок ва хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, аз аввалин рўзҳои таваллуди фарзандон падару модарро зарур аст, пайваста таълиму тарбияи онҳоро бо беҳтарин усулҳои барои волидону фарзандон ва ҳам барои ҷомеа судманд роҳандозӣ намоянд. Беҳуда нест, ки Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд». («Сунан»-и Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1211). Дар ҳадисҳои дигаре фармудаанд: «Ҳамоно ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалби инсон бошад, фарзанд аст» («Файзу-л-қадир»-и Мановӣ, ҷ.2, ҳадиси 2413), «Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст» (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10).
Ҳар як падару модар дар амали ба камолрасии фарзандони хеш худ бояд намунаи босазое бошанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизашон шудаанд. Ҳуқуқи фарзандон бар падару модар қабл аз таваллуд оғоз шуда, фароҳам намудани муҳити солимеро барои сарпарастии фарзандон тақозо мекунад. Беҳуда нест, ки дар ояти 46-и сураи “Каҳф” омадааст: «Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд».
Дар робита ба таъмини ҳамаҷонибаи фарзандон ва натиҷаи ингуна заҳамот Расули акрам (с) фармудаанд: «Аз ҳама динорҳои сарфшуда ҳамон диноре аҷри бузург дорад, ки кас барои хонаводааш сарф намудааст».(«Саҳеҳ»-и Муслим,1661). Аз ҳадиси мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин ҳаст, ки падар барои нафақа додани фарзандони худ сазовори подошу савоби зиёд мегардад ва дар ҳоли акси он агар ӯ фарзандони муҳтоҷу ноболиғи худро таъмин накунад, гунаҳкор маҳсуб мешавад.
Вазифаи падару модар ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва вазнин буда, аз онҳо сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайвастаро ҷиҳати тарбияи солими фарзандон тақозо дорад. Мутаасифона, баъзе падару модарон ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда, ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс ки пушаймонӣ суде надорад. Қуръони карим дар ин бора фармудааст: «…Бигӯ: Ҳамоно зиёнкорон ононанд, ки хештан ва аҳли худро рӯзи қиёмат зиён додаанд. Огоҳ бош, ҳамоно ин зиёни ошкор аст!» (Сураи “Зумар”, ояти15).
Масъалаи муҳими дигар масъалаи риоя намудани адолат дар самти тарбият, нафақа, муҳаббат ва дилсӯзӣ ба фарзандон мебошад, то дар дили онҳо ниҳоли душманӣ ва кинаву ҳасад пайдо нашавад. Таҷрибаи зиндагӣ гувоҳ аст, ки бо сабаби риоя нашудани адолат дар байни фарзандон онҳо дар хусумат ва душманӣ байни якдигар қарор мегиранд. Маҳз роҷеъ ба ин масъала Паёмбари акрам(с) фармудаанд: «Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст доред дар некӣ ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд». («Ҷомеъу - с- сағир»- и Суютӣ, саҳ. 74).
Масъалаи номгузорӣ низ аз вазоифи муҳими падару модар маҳсуб шуда, гузоштани номи муносиб ва хуб боиси ифтихору ғурури фарзандон мегардад. Гузоштани номҳои муносиб дар бадали номҳои зишту бемаъно (масалан, номи ашё, лавозимоти корӣ ва ғ.) барои мавриди писанду тамасхур қарор нагирифтани фарзандон дар мактабу кӯча мегардад.
Расули Акрам(с) фармудаанд: «Фарзанд дар назди падар дорои се ҳуқуқ мебошад:
1. Ёд додани хондану навиштан;
2. Гузоштани номи нек;
3. Пас аз ба балоғат расидан, ӯро хонадор кардан» («Канзу-л- уммол», ҷ.16, ҳадиси 45416).
Саҳлангорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд сабаби он мешавад, ки фарзанд ба роҳи бад меравад. Яке шомил ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад, дигаре ба дуздию ғоратгарӣ ва дигар корҳои номашрўъ даст мезанад. Дар наииҷа волидон дар назди ёру дўстон ва хешону аҳли ҷомеа шармсору сархамидаю мазамматшаванда мешаванд. Аз ин рў, беҳтар он аст, ки фурсатро ғанмат шуморида, дар таълиму тарбияи босазои фарзандон ҷидду ҷаҳди бештаре сарф намуда, доим сарбаланду саодатманд бошем: «Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солеҳ мебошад». («Мизону-л- ҳикма», ҳадиси 6736).
Наҷмиддин Салимов – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон