
Тибқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо фаъолону омўзгорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони «Маориф – пойдевори ҷомеаи мутамаддин» мулоқот баргузор гардид. Мулоқотро муовини Раиси ноҳия Саида Нурияминзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар мулоқот Рудобаи Мукаррам – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хайрзода Шукрулло – муовини Вазири маориф ва илм ва Марҳабо Ҷабборӣ– узви Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хайрзода Шукрулло муовини вазири маориф дар суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки дар тўли сӣ соли истиқлолият маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ҳисобида шуда, дастовардҳои назаррас дорад. Хусусан, соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин муддат ба пешрафтҳои бузург ноил гардид.
Дар идома Марҳабо Ҷабборӣ дар бораи пешрафтҳо ва баъзе мушкилоти соҳаи маориф суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ба вуљуд омада, дар ин замина маориф, ки асоси ҷомеаи мутамаддин мебошад, рушду ташаккул ёфт. Азбаски имрўз техника ва технологияи муосир, ба таъбири дигар нанотехнология дар кишварҳои мутамаддин ривоҷ дорад, моро зарур аст, ки мутахассисони баландпоя ва варзида омода намоем, то ин ки аз раванди ҷаҳонишавӣ қафо намонем. Албатта, заминаи асосии дониш дар мактабҳо гузошта мешавад. Аз ин рў, омўзгорони моро зарур аст, ки аз равишҳои пешрафта истифода намоянд, то насли ҷавони мо созандагони Ватани худ бошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар суханронии худ аз нақши Пешвои муаззами миллат дар рушду инкишофи соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт: “Соҳаи маориф асоси ҳаёти башариятро ташкил медиҳал ва вақте ки мо маориф мегўем, пеш аз ҳама дар пеши назарамон симои омўзгорон, мураббию устоди насли инсонӣ аст, пеши назар меояд. Дар ҳаққи мардуми гуфтаи машҳуре мавҷуд аст, ки: “Агар илму дониш дар Сурайё бошад, мардуми форс онро ҷустуҷў кунанд ва дарёбанд”. Бинобар ин, барои расонидани илму дониш ба мардум нақши омўзгорон, аз ҷумла омўзгорони миллати тоҷик барҷаста мебошад. Онҳо пайғоми саодату ахлоқ мебаранд ва илму донишро дар олам интишор медиҳанд. Онҳо ояндаи миллатро месозанд ва фардои дурахшони моро мунаввар мекунанд. Бо дарназардошти ин, ҳамеша Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақому манзалати омўзгорон, муҳайё кардани шароити таълиму таҳсил, нашри китобу лавозимоти дарсӣ, бунёди биноҳои боҳашамати таълимӣ таваҷҷӯҳи доимӣ доранд ва ин сиёсати маорифпарварона дар ҷомеаи мо татбиқ шуда истодааст.
Дар ниҳоят, ў омўзгоронро бо соли нави таҳсил ва Рўзи дониш, ки чанде пас фаро мерасад, табрику таҳният намуда, ба кори онҳо барору тавфиқ хост.
Мулоқот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва самимӣ баргузор шуд.
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон