"Таърихи тӯлонӣ ва пуршебу фарози башар собит месозад, ки густариш ва таҳкими пайвастаи арзишҳои милливу умумибашарӣ, рушди ҳамвораи илму маориф, технология ва татбиқи бозёфтҳои навтарин дар фаъолияти созандаи инсоният ҷавҳари аслии рушду тараққии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи маориф чун рукни муҳими сиёсати давлат буда, фаъолияти он аз омилҳои зиёд вобаста мебошад, ва ҳамаи масъалаҳоро марбут ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ мақому манзалати омӯзгорону устодон ва ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа хело боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “ Миллате, ки омӯзгори асил надорад ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Дар шароити имрӯза маориф яке аз омилҳои мувафаққияти иқтисодии давлат маҳсуб мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амният, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоию иқтисодӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
Бояд иброз дошт, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ 3430 муасиссаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
(Аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ 23.12.2023)
Нақши маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо қодир аст...
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ , рӯй бар мактаб биёр.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон