Ваҳдату иттифоқ, ҳамдигарфаҳмиву таҳаммул дар ҳама ҳолат баландтар аз дигар арзишҳои башарист дар таълимоти ислом. Ваҳдат аз баробарӣ, умумият ва қаробати хунию иқтисодию иҷтимоии инсонҳо мабдаъ мегирад. Асл ва ҷавҳари баробарии инсонҳо дар ислом қатъи назар аз мансубияти миллию нажодӣ ва тобеияти динию сиёсӣ дар Қуръон дар ояти 1 сураи Нисо муқаррар шудааст: «Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид! Ва аз он (як кас) зани ўро биофарид; ва аз ин ду (кас) мардони бисёр ва занони бешумор пароканда сохт. Ва аз Худо битарсед, ки ба (номи) Ў аз якдигар суол мекунед! Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед!) Ба дурустӣ, ки Худо бар шумо нигаҳбон аст.» Аз як падару модар офарида шудани насли инсонӣ ин баробарҳуқуқии комили инсонҳо дар зоти якдигаранд, ки аз як падару модар баромадани онҳоро эълон дошта, ҳеҷ як тафовуте миёни арабу аҷам, сафедпўсту сияҳпўст намегузорад.
Ва ибораҳои он ки аз «Ва аз Худо битарсед, ки ба (номи) Ў аз якдигар суол мекунед!» ин ишора ба тафовут нагузоштан миёни якдигар байни халқҳои олам аст, ки қатъи назар аз рангу пўсту забон онҳо фарзандони одаманд ва паст назадан аз ҳамдигар вобаста ба баромадҳои этникию ҳудудию арзиши олии гуманизм аст, ки дар ҳамон даврон ислом масъалагузорӣ намудааст. Савол ва нигаронӣ он аст, ки ин ҳикмати илоҳиро, ки ҳама фарзандони одамро бародару хоҳари якдигар эълон карда, онҳоро наҳй кардааст, ки якдигарро таҳқир кунанд ва ҳатто аз фарқияту тафовуташон ҳарф гўянд, вале чи тавр ду се нафар тангназарон ба ин нигоҳ накарда, имрўз хуни инсонҳои бегуноҳро мерезанд. Кўдаконро ятим мегардонанд. Магар онҳо ин оятҳои каломи раббониро нахондаанд, ки ба куштани бародару хоҳарони худ даст мезананд. Ба фикри мо онҳо фиребхўрдаҳо, раҳгумзадаҳо ва ё ба ғаразу таассуб додашудаҳо ҳастанд, ки ҳикмати асли исломиро дарк накардаанд.
Ва ҳукми он ки: «Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед!)» маҳз ишора ба он аст, ки якдигарро ҳамчун хешованд, наздик ва азиз барои якдигар қабул намоед ва роҳҳои дуршавӣ ва ҷудогардӣ аз ҳамро наҷўед ва аз ғазаби Худованд ёд кунед, ки шуморо аз як камар офаридааст ва ҳаққи шуморо бар якдигар дар дигар оятҳои каломи раббонӣ зиёд муқаррар кардаааст. Дар акси ҳол каломи раббонӣ тарс аз ғазаби Худовандро ёдрас мегардад, ки маънояш ин амали шумо, яъне амали мухолиф ва пасткунандаи қадру манзалати фарзандони одам, Худовандро хуш намеояд. Ин мазмуни каломи раббониро паёмбари ислом дар аснои видои ҳаҷҷи Хонаи Худо равшан ва возеҳ гуфтааст: «Эй мардум, ба дурустӣ ки барои Шумо як Худо аст ва як падари аввал, аз ин хотир миёни шумо арабе бар ғайри араб, ғариарабе бар араб, сафедпўсте бар сиёҳпўст, сиёҳпўсте бар сафедпўст бартарӣ надорад, магар ин ки бар тақво». Дар ин ҳукм ба гумон аст чизе бар илова ва тафсир ниёз дошта бошад.
Шўрои Академияи исломии ҳуқуқшиносони (фиқҳшиносони) назди Ташкилоти Конфронси Исломӣ (аз соли 2011 Ташкилоти ҳамкории исломӣ) Қарори таҳти №99(1/11)-и худро аз 14-19 ноябри соли 1998 ба масъалаи «Ягонагии уммати исломӣ» бахшид. Дар банди 1 Қарори мазкур Шўрои Академия дар такя ба ояти 103 сураи Оли Имрон: «Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед», ояти 92 сураи Анбиё «(Гуфтем: «Эй мардум), ба дурустӣ ки ин уммати шумо аст–уммати якто» ва ҳадиси паёмбар, ки: «Хуни ҳамаи мусулмонон баробар аст, онҳо мисли ангуштони як панҷаи дастанд, ки дар мушт муттаҳид шудаанд ва аз ҳама заифи онҳо дар ҳимояи ҷамоати исломӣ аст» ба ҳукумати кишварҳои исломӣ муроҷиат намуда, ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳайат, фаъолият ва ҳамкорӣ бо Конференсияи исломӣ тавсияҳо кард. Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1992 аъзои ТКИ (ТҲИ) аст. Ташкилоти мазкур корҳое дар муттаҳидии ваҳдати ҷомеаи исломӣ карда истодааст, вале дар муқоиса бо имкони мавҷуда, мушкилиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дастуроти инсондўстию муттаҳидии фарҳанги исломӣ қонеъкунанда нестанд.
Дар ояти 9 сураи Ҳуҷурот Худованд сароҳатан дар бораи сулҳофарӣ миёни бародарони муъмин ишора намуда такъид мекунад, ки дар сурати пайдо шудани низоъу муноқиша миёни муъминон, ҳатман, муъминон бояд миёнаравӣ намуда, онҳоро ба сулҳу оштӣ биёранд. Дар сурати норозӣ шудан ва бедодӣ кардани як ҷониб таъкид мекунад, ки ба муқобили бедодгар муқовимат намоед, то бошад, ки ба ҳукми одилонаи Худо бозгардад, яъне аз ҷангу муноқиша бозистад. Агар чунин шуд фармоиш медиҳад: «Ва агар бозгашт кунад, миёни онҳо сулҳ кунед – ба инсоф; ва адл кунед; ба дурустӣ ки Худо адлкунандагонро дўст медорад!» (49:9) Худованд дар баробари он ки бандагонашро ба сулҳу оштӣ даъват менамояд, усули даъвати сулҳу оштиро бо принсипҳои адлу инсоф масъалагузорӣ менамояд. Зеро муросо ва оштӣ дар сурате қоим меафтад, ки агар адл миёни тарафҳо танинандоз бошад. Дар акси ҳол, ҳар ду тараф бо буғзу кинаи шахсӣ ва манфиатҳои зарардидаашон ҳеҷ гоҳ ботинан ба оштӣ шудан ҳаракат намекунад. Дигар ин ки адлу инсофи иҷтимоӣ гарави ваҳдати иҷтимоъ аст. Дар давоми ин аҳком, дар ояти 10 омадааст: «Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳмкарда шавад!» (49:10).
Назари мантиқӣ ва дискурсивии фикр дар оёти овардашуда шаҳодат бар он дорад, ки соҳиби ирода агар аз як ҷониб одамонро ба ҳамдигарфаҳмию сулҳи устувори аъзои ҷомеа даъват намояд, аз ҷониби дигар усули ваҳдату устувории иҷтимоиро дар паҳнои арзишҳое чун адл, инсоф, таҳаммул ва эҳтиром аз ҳамдигар масъалагузорӣ намуда, бунёди ҷомеаи нави одилонаро дар заминаи қонунмандиҳои фиқҳӣ ва ҳаётӣ бо риояти арзишҳои фаромиллӣ таҳия кардааст. Дар ин мавзўоти ишорашуда нақши танзими назоратии илми ҳадисҳои саҳеҳ ҳамчун сарчашмаи дуюм ва асосии шариати исломӣ назаррас ва ҷиддӣ аст.
Ҳадисҳо дар тавсеаи маънои қуръонӣ дар ин мавзуъ мушаххасан паҳлўҳои дигари бародарию баробарии муъминон ва инсонҳоро масъалагузорӣ кардаанд. Онҳо тавассути танзими хуқуқӣ ва ахлоқии муносибати одамон дар асоси аришҳои баробарӣ, дўстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои якдигарӣ то сатҳи муайян фазои консепсияи ҷомеасозии фарҳанги иломиро пурра намудаанд. Қисмати муҳими ҳадисҳои саҳеҳ он ҳадисҳое мебошанд, ки баробарии қадру манзалати молу ҷонро ҳамчун неруи як зуҳурот (ҳадиси паёмбар) , кўшиши зиёд намудани ҳисси дўстӣ ва шумори дўстон (ҳадиси паёмбар), нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба бародару дўстро таъкид намуда, аз барои Худо дўст доштани онҳоро ибодат ҳисобидаанд (ҳадиси паёмбар) ва бо ин тартиб ҳамчун ғановатҳои вижаи арзишҳои муттаҳидкунанадаи одамон баромад намудаанд. Махсусан, ба инобат гирифтани ташкили муносибат ва кўшиши рақобати оқилонаи инсондўстона миёни аъзои ҷомеаро ҳадисҳои паёмбари ислом хуб роҳандозӣ намудаааст. Мизони онро раҳму шафқат, эҳсоси бародарӣ, масъулият дар муқобили якдигар, эҳтироми мол, ҷон ва манфиати дигари аъзои ҷомеа ташкил додааст. Дар ин самт ҳамагуна ғаразу мақсадҳои дигари нопок манъ шудааст. Абуҳурайра аз Паёмбар (с) чунин ривоят мекунад: «Ба дурустӣ Худованд рўзи қиёмат нидо мекунад: Куҷоянд онҳое, ки ҳамдигарро ба хотири Ман дўст медоштанд, то имрўз онҳоро зери сояи Худ қарор диҳам» . Дар ҳадиси дигар дар фазилати дўстӣ омадааст: «Афзалтарини амалҳо дўст доштан барои Худост» . Ҳамчунин аз ҳазрати Алӣ ривоят аст, ки гуфта: «Ҳар касеро, дўстияш аз барои Худо (яъне холис нест), аз ў ҳазар кунед» ва ё ҷойи дигар мефармояд: «Бародарӣ кардан аз барои Худо муҳаббатро холис мегардонад» . Агар ин мавзуъро ба самти андешаҳои судманди муҷтаҳидин, фақеҳон, сўфиён, каломиҳо ва дигар қишрҳои уламои равияю ҷараёнҳои мухталифи фарҳанги исломӣ бидуни ба инобат гирифитани ихтилофоти ақидатии эшон идома диҳем, мо ба як уқёнуси бузурги маънавии ахлоқии башарӣ, ки назирашро на фалсафаи эллинӣ, на Аврупои замони Эҳё ва на тамаддуни муосири Амрико надидааст, рў ба рў мешавем, ки ба иллати мармузи иддае аз тангназарони мазҳабӣ ва ифротӣ то ҳанўз миёни ғояҳои роҳатбахшу инсонсози намунавии он сарҳадҳои сунъӣ мондаанд.
Дар баробари қисмати меъёрҳои ўхдадоркунанда, дар ҳадисҳо меъёрҳои ҳуқуқдиҳандае дар муносибат бо аъзои дигари ҷомеа ҳамчун дўсту бародар вуҷуд доранд, ки онҳо бештар хосияти ахлоқӣ дошта, ба устувории заминаҳои ҳуқуқии муттаҳидии ҷомеа мусоидат намуда, ҳаргиз ҷой ва мавқеъ ба андешаҳои ифроту террор ва бадбинӣ намегузоранд. Мисол, эҳсос ва ҳаққи рақобат доштани рафиқ дар муқобили рақиб танҳо дар самти устуворкунандаи пояҳои ахлоқии ҷомеа «кўшиш кун, ки нисбати бародарат дўстӣ ва меҳрат ба ў нисбат аз вай ба ту қаивтар бошад» , арзишмандию мартаба ва баланд будани ҳаққи бандагонро бар якдигар ҳадисҳо танҳо дар амалҳои шоистаю неккирдорӣ, илму дониш доштан ва амсоли ин дигар амалҳою хислатҳои нек ва созанда муайян кардаанд, ки комилан мухолифи нияту амалҳои зишту ифрот ва дигар амалҳои тахрибкоронаи ҷамъиятӣ аст.
Амалҳои неку созанда, парҳезгорӣ, тақво, дўстӣ, хайру саховат, гуногунии роҳҳои хайр, роҳнамоӣ ба хайр, эҳтироми ҳаққи инсон, тарғиби амали нек, муҳаббати самимӣ, садоқат ба ватан, ростгўӣ, парҳезкорӣ, эҳтироми некўкорон, донишмандон, хизмати падару модар, бародар, ёру дўст, мусофир, муҳоҷир, кўмак намудан ба бечорагону муҳтоҷон, оилаи сарбозон, фавтидаҳо ва ҳатто душманони музлим ва амсоли инҳо аз он амалҳо, ҳуқуқҳо ва имконҳои роиҷе ҳастанд , ки дар раванди ҷомеасозӣ ба аъзои он ва дўстон на танҳо чун воситаи эътирофи бартарӣ ва афзалияти маънавӣ ва манзалати инсонӣ пешниҳод шудаанд, инчунин аз роҳҳо ва тариқатҳои эътирофшудаи таълимоти ахлоқӣ мебошанд, ки пиндору гуфтору рафтори бандагонро ба самти ҳадафҳои марказии дин - тарбияи инсони солеҳ, накўкору беозор ва сазовори раҳмати Илоҳӣ равона кардааст.
Чунин тарзи масъалагузории тарбияи инсони солеҳ ва интихоби амалкардҳои шоиста ҳаргиз майл ба равишҳои муғризонаи амалҳои зишту ифротгароёна ва террористонаи бандагон буда наметавонад. Онҳое, ки дар заминаи нокомилии дониш, тангии тафаккур ва ҷаҳолати илмӣ ба эҳсос дода шуда, мақсаду ният ва ғаразҳои нопокашонро бо номи дини ислом васл менамоянд, онҳо ба ҳикмати асли дин ва рисолати маънавии он, ки дар мазмуни оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ оварда шудааст сарфаҳм нарафтаанд.
Ин ҳама неру ва ресурси бузурги маънавие ҳаст, ки ходимони динӣ бояд бо истифода аз он дами шамшеру туфанги фикрии ҷаҳолатзадагони ифротию террористиро дар майдони муборизаи мафкуравӣ гиранд. Таассуф он аст, ки меросбарони фарҳанги исломӣ то ҳанўз рисолати таърихии худро дар самти тарбияи инсони солеҳ вобаста ба шароиту замону макон дуруст ҳазм нанамуда, динро ҳамчун маҷмуи асолати маънавии инсон дар муносибат бо Офаридгор, ҳамчун воситаи амиқ ва оромкунандаи рўҳи инсонӣ дуруст дарк накарда, ахлоқи исломиро ҳамчун ҷузъи пешоҳанги тамаддуни инсонсозӣ қабул накарда, ғановат ва лаззати онро пешкаши тарбияи инсони нав нанамуда, ҳанўз ҳам бо иллати тангназарию ҷаҳолати иддае ақли олами исломро дар нимароҳи шинохти Худованд ба моҷароҳои ақидатию мазҳабӣ кашидаанд. Онҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки замони нав ба ин навъ худошиносонии онҳо дигар эҳтиёҷ надорад, ақли инсонӣ аллакай дар заминаи дастоварду музаффариятҳо, бо рушди илму технология ва мушкилию монеаҳои таърихию замониаш барои худаш тарзу усулҳои нави худошиносии мувофиқро дарк, ҳазм ва қабул кардааст. Онро аз нав ба пайраҳаҳои кўҳнаи асримиёнагӣ бо тарзу усулҳои архаистии мафкуравӣ ба майдони муноқишаҳои мазҳабӣ кашидан зебандаи ақли имрўз нест. Дуруст аст, ки ақли инсонӣ ин навъ маризии ирсиро дорад, вале онро миллатҳои мутаққаддим, ки манфиату зарари худро дар шоҳроҳи ояндаи ҳастӣ ва рушд шинохтаанд, бо тарзи худ ислоҳ ва азнавсозӣ карда, барои хеш дармонҳо омода намудаанд. Вале фазои олами ақли инсонӣ дар манотиқи сукунати мардумони мусулмон сари ин моҷаро то ҳанўз фикри ҷиддӣ накардааст, амиқтараш фурсати муносиби фикр наёфтааст, зеро онро моҷароҳо, фитнаҳо, бахилигариҳо, ҳасадҳо ва хусуматҳо сахт дар зиндон кардаанд.
Барои мулоҳиза: ҳатто ҳамин навиштае, ки бо сўзи дарки вазъи мафкураи осебпазири мусулмонон иншо шудааст, аз ҷониби хонандагони фикркунандаи мо, ки дар доми ин навъ ғаразҳо ғўтида дар чанд моҳе як асари илмӣ хонданро барои худ раво намедонанд, бисёр озордиҳанда менамояд. Ҳалли ин масъала басо мушкил аст. Ин масъала он дараҷа гуногун мабдаъ дорад, ки аҳёнан ба ҷузъи ҳастии қисмате аз мо табдил ёфтааст. Ин бадбахтии илм ва ҷаҳонбинӣ аст.
Дар ҳолате, ки чизе наменависем, аққалан навиштаи касеро хонда, аз он дида хубтар чизе пешниҳод кунем. Не, кибр ва ғурур намемонад. Ба назари мо ин гуруҳ ҳанўз ҳикмати асли оини диндориро аз фарҳанги исломӣ наомўхтааст. Агар меомўхт ў кибру ғурур ва ҳасаду бахилиро зиндону некуию ҳидояти дўстонаро афзалтар аз ин ҳама сиёҳкунию маҳкумкуниҳо медид. Маҳз дар ҳамин нукта мо эҳсос мекунем, чи тавр фарҳанги ахлоқии исломӣ дар кори ободии фикрӣ ва истифодаи дурусти озодии демократӣ хизмат менамояд. Иддае аз мо ҷойи ин ки ин нуктаҳои нерубахши маънавиро ба ҳам зам карда, хотираи фикрию ғановати маънавии миллатро устувор сохта, мафкураи ҷавононро аз истифодаи неруҳои ифротию террористӣ (ирҳобӣ) пешгирӣ намоем, ҳанўз ҳам дар хаттсайри куҳнашудаи ҷаҳонбинии собиқ дар паскўчаҳои задухурди маънавӣ ва фикрии илму дин роҳгумзадаем.
Дар баробари ин ҳама таассуфҳо, хушбахтӣ он аст, ки мо имкон дорем ва неруи ҳидояткунандаю мададкунанда дар ин ҳаракати табдили вазъ барои мо вуҷуд дорад. Ба симати рукнҳои сиёсии қувватдиҳандаи ин бедории мафкуравии мо ё эҳёи мадании миллат (такя ба навиштаҳои С. Ятимов, ки ин масъалро нахустин шуда масъалагузорӣ намуданд), аввал Истиқлоли мо, сипас Пешвои мо ва ниҳоят Халқи созандаю эҷодгари мо баромад менамоянд.
Истиқлол ба мо имкон медиҳад, ки сиёсати озодонаи сиёсию мафкуравии миллати худро дар шоҳроҳи давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар партави Конститутсияи халқӣ амалӣ намоем. Пешво бо таҷрибаи назарӣ ва амалӣ бо дониши бузургу истеъдоди фавқулодаи ҷомеасозию давлатбунёдӣ миллати моро воқеан аз имтиҳони вазнину тақдирсози исботи вуҷуд ҳамчун халқи соҳибдавлати бо орзуву ниёзи чандҳазорсола, солим ва бо сарбаландӣ гузаронида, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ ва давлати ҷавони моро аз завол наҷот дод. Будан ва ҳидоятгар шудани ин навъ шахсияти аз имтиҳони таърих гузашта, барои ҳар миллати давлатсоз дастоварди беназир ва арзиши азими маънавии ҳувиятсозу илҳомбахш аст. Таърих гўё аст, ки адами чунин шахсиятҳо дар гардишҳои таърихии барои миллату халқиятҳо тақдирсоз боиси зуҳури моҷароҳои азими дуру дарози таърихӣ ва ё шикасти вуҷуди истиқлоли кишварҳо шуда, номи миллатҳои соҳитбдавлатро аз саҳнаи таърих ва харитаи сиёсии ҷаҳон берун кардааст. Аз ин хотир, атрофи Пешво муттаҳид шудан, роҳи таърихии муайянкардаи ўро пайравӣ кардан, дастуру ҳидоятҳои ўро сармашқи амалҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ намудан аз рисолати ҳар шаҳрванди миллати соҳибдавлат аст.
Аз зумраи ҳамин навъ сиёсатҳои созандаи Пешвои мо ин соли бузургдошти Имоми Аъзам эълони шудани соли 2009 буд. Ин чорабинии бузурги фарҳангӣ, оғози як инқилоби бузурги маънавӣ ва таҳаввулоти азими давлатдории мо дар самти сиёсат бо дин буд, ки бояд муддатҳо барои ташаккули андешаю мафкураи солими динӣ барои ҷомеаи мо хизмат мекарад. Вале мутаасифона, то охир ҳама ҳадафҳои ин иқдом аз ҷониби масъулин дарк ва ҳазм нашуд. Дуруст аст, ки мақсади нахустини Пешво ҷиҳати шиносонидани халқ бо пири мазҳаби худ- Имоми Аъзам то ҳадде ба нишон расид. Мардум дар сатҳи васоити ахбори омма ва олимон дар навишатҳои нашрияҳои илмӣ то сатҳи муайян бо мазҳаби бобоӣ шинос шуданд. Асарҳо ва мақолаҳо доир ба рўзгори Имоми Аъзам дар ҳамон рўзҳо ва чанд сол баъди он чоп гардиданд.
Вале мақсад ва ҳадафи аслӣ, ки аҳли уламо ва мардуми тоҷик аз симати ақлгароӣ, таҳаммулпазирӣ, ватанпарварӣ, арҷгузорӣ ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, нақши забони тоҷикӣ дар рушди фарҳанги илмӣ, шинохти тамаддуни исломӣ, тарғиби дўстӣ ва илм, ки дар таълимоти соҳиби мазҳаб ва нухбагони он вуҷуд доштанд, бохабар шаванд ва заминаҳои маънавӣ ва эътиқодии онро вобаста ба талаботи замони нав рушд диҳанд, то ҷое аз мадди назар дур монд. Ба ин масъала чанд омилҳои субъективӣ ва обьективӣ монеъ шуданд, ки баррасии онҳо берун аз ҳадафи ин навиштаҳост.
Ва ниҳоят Халқи эҷодгари мо ҳамчун унсури ҳаракатдиҳандаи ин ҳаракат дар он аст, ки намояндагони миллати мо дар масири таърих таҷрибаи бой ва ғании давлатсозӣ, тамаддунофарӣ ва фарҳангсолориро доро буда, дар рушди илму санъату адабиёту фарҳанг ба ҷомеаи башарӣ хизмати арзанда крадаанд, ки вазъи имрўзи илми ҷахониро бе хизмати онҳо тасаввур кардан нашояд. Тибби имрўзро бе заҳмату навиштаҳои Абуалии Сино, матеметикаи муосирро бо тангенсу котангенси Муҳаммади Хуҷандӣ, алгебраро бе номи Муҳаммади Хоразмӣ, фалсафаи имрўзро бе баҳсҳои илмии А. Форобӣ, А. Берунӣ, З. Розӣ, Н. Хисрав, муҳаббату инсонгароиро бе наивштаҷоти Фариддадини Аттори Нишопурӣ ва Маснавии Мавлоно, ахлоқи башариро бе осори Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозию Абдураҳмони Ҷомӣ, назми муосирро бе ғазлиёти Ҳаким Саноию Ҳофизи Шерозӣ тасаввур кардан мушкилӣ дорад. Ин ҳама дастворарду нодиракориҳо, ки боғи фарҳанги башариро зебо намудаанд, дар хотираи коди генетикии миллат бо забону ирсияти фарҳангию антропологӣ боқист ва умед аст, ки таъсири худро дар зуҳури муосири он берун аз иродаи мо ҳам мерасонанд. Аммо шароит фароҳам овардану онҳоро вобаста ба талаби замону макон эҳё намудан кори басо манфиатовар аст. Ба ҷўе, ки об рафтааст боз омодани об икмон дорад, гуфтаанд бузургони мо. Танҳо зарур аст, ки ин ҷуйро аз хасу хошоки пуршудаи маънавӣ ва ғализиҳои ахлоқӣ мебояд тоза намуд.
Ба замми рукнҳои сиёсии қувватдиҳандаи ин бедории мафкуравии мо ё эҳёи мадании миллатамон боз ҳастанд унсурҳои маънавӣ, илмӣ ва зарурияти дарки дурусти арзишҳои амниятӣ ва эътиқодӣ. Дар бораи унсурҳои амниятӣ ва илмӣ муҳаққиқ С. Ятимов фикрҳои ҷолибу муфид гуфтанд. Мо дар ин навишта танҳо ба ҷанбаи эътиқодии он назар менамоем.
Дар қатори таассуфу ташвишҳои мо дар самти шикасти мафкураи динии муосир дар олами исломӣ ва миёни иддае аз ҷавонони мо омили хушнудкунанда он аст, ки миллати мо таърихан дар пойгоҳи мувофиқи маънавӣ, хотираи нисбатан мусбати эътиқодию мазҳабӣ ва дастовардҳои ахлоқию илмии илҳобахши таърихӣ қарор дорад, ки ҳар як имкон дорад дар кори рушди давлатдории миллии мо, таъмини амнияти мафкуравии халқамон мусбат хизмат намояд. Яке аз ҳамин гуна пойгоҳҳои мусбат, ки ба сифати рукн ва унсури зарурӣ нақши басо муҳимро дар бедорию эҳёи фарҳангию илмии миллат метавонад бозӣ намояд, маҳз ҳамин арзишҳои исломӣ аз кунгураи шарҳу тавзеҳоти ақлгароёнаи Имоми Аъзам аст. Дар ин самт мо ба ду масъалаи асосӣ дар якҷоягӣ таваҷҷуҳ менамоем.
Якум арзишҳои исломӣ дар умум ва мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ дар ҷузъ, ҳамчун ҷузъи мафкураи миллии мо унсур ва воситаи муассири мухолифат ва муқовимат бо фишори ифроту террори динӣ дар шароити муосир. Дуюм арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун заминаи мусоиди рушди илм, таъмини амният, ақлгароӣ, таҳаммулпазирӣ, рушди ғояи ҷудоии дин аз сиёсат ва ҳамкории судманди дин бо давлат дар партави талаботи конститусионии ҷудоии иттиҳодияи динӣ аз давлат. Ҳарду равиш ҳамчун шамшери дудамаи дастоварди ниёгон ва муосири миллати соҳибдалват имкон дорад барои амнияти конститутсионии мо хизмат намуда, ҳамагуна ғояи тундравию ифрот ва террорро ҳамчун вируси беморӣ аз организми эътиқоди миллӣ берун созад.
Муҳимтарин фаҳми ин нуктаи эҳёи эътиқоди солими мазҳаби ҳанафӣ бо фаҳм ва дарки анъанаи мовароуннаҳрии рушди фиқҳ ва ақида, ки асоси онро Пешвои миллат ҳанўз соли 2009 гузоштанд, дар он аст, ки Ислом ҳамчун дин ва тамаддун дар ботини худ неруи созанда ва таълимоти бунёдкоронаю таҳаммулгароёнаю ақлгароёнаеро доро аст, ки имкон дорад дар сурати дуруст муносибат кардан ин бемории замон - ифроту террорро аз решаҳояш хушк созад. Нуктаи муҳимми фарогири ин ҳикмат албатта, он аст, ки ин таълимоти ақлгароёнаю таҳаммулпазиронаи ислом дар шакли таълимоти мактаби ҳанафӣ худ ба худ ба майдон ва ба мафкураи мардум ворид нашуда, асолати исломро дар муқовимат бо заҳролудшавии мафкуравӣ ҳимоя карда наметавонад. Барои ин дастгири сиёсати давлатӣ, фазои мусоиди илмӣ ва майдони мувофиқи тарғиботӣ аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар неруи солими ақлонӣ бо зиёиёни эҷодгару донишманду ватандўст, дониши баланди динии ходимони динии миллатдўст ва одоби баланди муоширату сўхбатҳо зарур аст. Дар масъалаи сеи аввал мо қариб, ки мушкилиҳо надорем. Аммо дар сеи охирӣ баъзе аз печидагиҳо вуҷуд доранд, ки сари рафъи онҳо корҳо бояд карда шавад.
Боварӣ ва эътиқоди мардум низ ҳамчун ҷузъи фарҳанги созандаи халқ эҳтиёҷ ба олимони донишманду ходимони асили содиқ, ватандўст, меҳангаро ва инсонгароро доранд, ки аз мазмуну муҳтавои ахлоқӣ ва маънавияшон, сипари фарҳангӣ ва ахлоқии ҷавонони миллати тоҷикро дар партави арзишҳои бунёдии конститутсияи кишвар, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ва орзую омоли истиқлолхоҳию инсондўстии халқи Тоҷикистон омода намоянд ва ба маърази ташаккули инсони нави ватандори тоҷик дар фазои мафкуравӣ пешниҳод намоянд.
Худованд ҳикмати офарида шудани забонҳои гуногунро ҳамчун унсури гуногунии олам бо асли ҳикмати гуногунии андешаи қавмияту халқҳо (30:22); некӣ кардан ба падару модар, ба хешон, наздикон, ҳамсояи хешованду ҳамсояи бегона ва мусофирро (4:36) ҳамчун асли устувории ваҳдати иҷтимоъ муқаррар кардааст. Дар ояти 36 сураи Нисо мефармояд: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ў муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи
хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молик шуд, накўкорӣ кунед! Ҳамоно Худо касеро дўст намедорад, ки ботакаббури худсито бошад». Аксари муфассирон бар он назаранд, ки зери истилоҳи ҳамсоягон аслан пайравони динҳои дигар низ дар назар дошта шудааст. Ба назари мо ҳамсоягони хеш бародарони муъминанду ҳамсоягони бегона пайравони дигар динҳо.
Дар ҳадис омадааст: «Аз Абушурайҳи Хузоъӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Касе, ки имон ба Худованд ва рўзи охират дорад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад ва касе, ки имон ба Худо ва рўзи охират дорад, бояд меҳмонашро икром кунад ва касе, ки имон ба Худо ва рўзи охират дорад, бояд сухани нек бигўяд ва ё ин ки сукут ихтиёр намояд». Ва ҳамчунин дар ҳадиси дигаре, ки дар бораи ҳаққи сервитутии ҳамсоя ба девори ҳамсоя меравад, чунин таъкид шудааст: «Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Ҳеҷ ҳамсоя ҳамсояи дигареро манъ накунад аз ин ки чўбе дар девори хонааш бикўбад. Ва Абуҳурайра (р) мегуфт: Чаро шуморо аз ин суннат рўйгардон мебинам? Ба Худо қасам, ҳатман онро дар миёни шумо матраҳ мекунам». Ҳолати муноқишаи ҳамсояҳоро бо ҳамсояҳо дида яқин мекунӣ, ки онҳо аз мазмуни ин ҳадисҳо огоҳ нестанд.
Пояи устувории ваҳдати иҷтимоиро чи дар дохили уммати исломӣ ва чи берун аз он ҳадисҳои паёмбари исломӣ низ ҷиддӣ масъалгузорӣ кардаанд. Ҳадис мефармояд: «Ҳеҷ як аз шумо муъмини комил намегардад, то он вақте, ки он чи барои худ мехоҳад барои дигарон низ бихоҳад». Қайд бояд кард, ки ҳадиси мазкур аз зумраи панҷ ҳадисе аст, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис Имоми Аъзам дар насиҳат ба фарзандаш ҷиҳати корбарӣ ва роҳнамоӣ дар зиндагӣ тавсия кардааст. Ин нишонаи он аст, ки мазҳаби ҳанафӣ комилан ҷонибдори таҳаммулгароӣ ва гуфтугўи тамаддунҳост.
Паёмбари гиромӣ на танҳо умумият ва ваҳдати бандагони Худоро дар каломи раббонӣ ва аҳодиси набавӣ моя ва асли ҳаёти дастаҷамъии одамон эътироф карда, мардумро ба сўи гаравиш, ваҳдат ва муттаҳидӣ даъват менамояд, ў инчунин равиши ин муттаҳидиро атрофи арзишҳое чун некӣ, адл, инсоф ва баробарӣ ҷамъ намуда, консепсияи ҷомеасозиро тобеи арзишҳои башарӣ менамояд. Яъне ислом дар баробари зарурати ваҳдати башарӣ ба мазмуни он таваҷҷуҳ карда, равиши тарбияи инсони солеҳро ҳамчун рукни ҷомеаи одил ва солим аз назари маънавӣ масъалагузорӣ менамояд. Дар ҳадисе паёмбар роҷеъ ба табиати махлуқоти офаридаи Аллоҳ ишора намуда, онҳоро ҳамагӣ маҳсули заҳмати Худованд муаррифӣ менамояд, вале дар пештоқи муқаддаси Худованд ў беҳтарин ва дўстоштатарин ҳамонҳоеро ишора менамояд, ки аз онҳо барои дигарон манфиат аст: «Дўстдоштатарини одамон дар назди Худо онҳоеанд, ки ба дигарон манфиат мерасонанд ва маҳбубтарин амалҳо дар назди Худо дохил кардани хушнудӣ дар дили бандаи муъмин аст» .
Ин усул дар муносибат ва эътирофи бандагон афзалият ба манфиатнокӣ ва хидматгузории инсонҳо гузошта, онҳоро мустақиман даъват ба он менамояд, ки одамон дар ташкили умури зиндагӣ хизмат ба якдигарро ба қонуни зиндагии худ табдил диҳанд.
Дар масъалаи мазкури ҷомеасозӣ мо назаран консепсияи давлатсозии шартномавии Т. Гоббс, Ж. Руссо, Дж. Лок ва Ш. Монтескёи аврупоиҳоро эҳсос мекунем, ки онҳо на тавассути равишҳои ахлоқӣ, балки ба воситаи эътироф ва қабули унсурҳои ҳуқуқӣ ваҳдати ҷомеаро дар шакли иттиҳоди сиёсӣ масъалагузорӣ кардаанд. Хамирмояи васли ҷомеаи аврупоиҳо тавассути ҳуқуқу озодиҳо ва маҳдуд намудани озодиҳои бесарҳад бо роҳи гузаштан аз баъзе ҳуқуқу озодиҳо дар сатҳи Шартномаи ҷамъиятӣ сурат мегирад, ки намунаи онро Конститутсияи олами нав бар дўш гирифт. Аммо дар ояти каломи раббонӣ ишораи Худованд ба мансубияти умумии онҳо ба як падару модар рафта, такя бар ахлоқи башарӣ ва ҳақҳои бародару хоҳарон бар якдигар меравад. Ислом аз назари баромади зотӣ онҳоро баробар эълон дошта, аз назари хешовандӣ онҳоро қаробат дода, таъкид ба манфиатнокӣ барои ҳамдигар намуда, васли онҳоро устувор менамояд. Мо як равиши ахлоқии васли муносибатҳои иҷтимоиро эҳсос мекунем, ки бо алоқаҳои биологӣ васл гашта, бо равиши некӣ ва некўкорӣ ва манфиатнокӣ такя намуда, кўшиши устувор нигоҳ доштани ваҳдати иҷтимоъ менамояд. Дуруст аст, ки ин равиш баъдан таъсири худро ба фалсафаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ расонидааст, вале аз назари ҳуқуқӣ вай рушд наёфта, дар лаҳзаҳои муноқишаҳои мазҳабӣ заминаҳои дигари худро низ аз даст додааст.
Холиқзода А.Ғ.
Ваҳобзода А.В.
Мирзозода А.Ф.