Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он (қисми шашум)

Қавлҳо дар мазҳаби ҳанафӣ зиёду гуногун аст ва аз сабаби гуногунии ақвол ҳукмҳо низ гуногун гаштаанд.
Ривоятҳо аз Абўҳанифа ва ёронаш мухталиф омадаанд.Гоҳе ҳукми як масъаларо бо ду ривоят бо ҳам зид меоваранд. Худи имомони мазҳаб низ ихтилоф намуданд.
Гоҳе ба Абўҳанифа ва соҳибайн мухолафат меварзанд ва гоҳе Зуфар он серо мухолафат мекунад ва гоҳе соҳибайн байни худ ихтилоф менамоянд. Балки гоҳе аз Абўҳанифа дуандеша дар як масъала ривоят мегардад, ки аҳёнан аз яке азин андешаҳо бар гаштани ў собит мешавад ва аҳёнан собитнамегардад ва кадоме аз инҳо пешомадаву кадомепасомада номаълум мемонад.
Мисли ҳамин аз ҳар яке аз ёрон низ собит аст. Ононе,ки баъдан дар мазҳаб иљтиҳод менамоянд, дарбаровардани аҳкоми масоиле, ки аз имомони мазҳаб ривоятнагаштааст, низ ихтилоф мекунанд, балки онҳо шояд бо худиимомони мазҳаб дар масоиле, ки истинбот менамоянд,ихтилоф кунанд. Ин ҳам бошад вобаста ба урф мебошад, боназардошти он, ки агар имомони мазҳаб дар асри онҳомебуданд ва гуфтаи онҳоро мегуфтанду ва ба монандифатвои онҳо фатво содир мекарданд.
Сабабҳои зиёд будани ақволро дар мазҳаби ҳанафӣ дар чор чиз хулоса намудан мумкин аст:Якум. Ихтилофи ривоят. Дувум: гуногунии ақволи имомдар масъала. Сеюм: ихтилофи имомон дар як масъала.
Чаҳорум: Ихтилофи мухарриҷон ва аҳёнан мухолифатиишон бо имомон. Ҳар яке аз ин унсурҳоро бо навъе азтафсил мавриди баҳс қарор медиҳем:
Ихтилофи ривоят. Дар оғози сухани худ дар бораифиқҳи Абўҳанифа гуфта будем, ки шогирдони ўсуханонашро тадвин менамуданд ва онро Абўюсуф ва гоҳедигарон онро мурољиат ва назорат мекарданд. Абўҳанифақавлҳои худро дар китобе бо хатти худ тадвин накард, то аз ўосор монад ва ў розӣ шуд, ки қавлҳои ўро ёронаш нақлнамоянд. Аксари ин қавлҳоро Имом Муҳаммад даркитобҳояш нақл намудааст, аммо китобҳо ў дар як мартабанестанд.
Арзиши нақли Имом Муҳаммад аз лиҳозо дурустӣ ва ростгўии ровиёни китобҳои ў чи гунае набошад ҳам, модоме, ки асоси нақл ривоят ва сершумории ровиён бошад, натиҷаи ҳатмии он ихтилофи ривоятҳо ва гоҳе бархўрди онҳо мешавад. Ва дар ҳақиқат чунин шудааст. Ривоятҳо азАбўҳанифа ва ёронаш гуногун буда, гоҳе бархурдменамоянд. Тарҷиҳ (афзалияту бартарӣ, дар дараҷаи аввалқарор доштан) додан миёни ин ривоятҳо маҳалли иҷтиҳодимураҷҷиҳон мегашт, ки эшон аз табақаи сеюми фуқаҳоимазҳаби ҳанафӣ ба ҳисоб мераванд, чи тавре, ки пештарбаён кардем.
Ибни Амир ал- Ҳаҷҷоҷ дар шарҳи бар “ал - Таҳрир” навиштааш сабабҳои ривоятҳои Абўҳанифаро нақл карда, чунин мегўяд: “Имом Абўбакри Болиғӣ дар китобаш “ал - Ғурар” зикр накардааст, ки ихтилофи ривоят аз Абўҳанифа аз чанд ваҷҳ аст, яке аз инҳо хато шунидан аст, ба монанди он, ки ў бо калимаи инкорӣ љавоб диҳад, агар аз ҳодисае пурсида шавад ва гўяд: “Ҷоиз нест”. Ривояткунанда дар иштибоҳмеафтад ва чи хеле, ки шунидааст, нақл мекунад. Аз инвуҷўҳ он аст, ки ў аз андешае, ки дошт, бозмегардад вабаъзе аз онон, ки назди ў меомаданд, аз бозгаштани ў огоҳбуданд ва андешаи дуюмро ривоят менамуданд.
Дигар ровӣ бошад шояд аз ин бозгардиш огоҳ набуда, қавли якумро ривоят менамуд. Гуфтам: “Ин ба ҳақиқатназдиктар аст”. Аз ҷумлаи ин сабабҳо он аст, ки андешаидуюмро аз рўи қиёс баён кунад ва дигареро аз рўи истиҳсон.
Шахсе ҳар ду қавлро шунида, чизе шунидаи худро нақл намекунад. Гуфтам: “Ин низ боке надорад, аммо таъйин намудани он, ки дуюм аз рўи қиёс аст, зоҳир нест, балки зоҳири он аст, ки якум ғолибан аз рўи қиёс мешавад, зеро муқаррар гаштааст, ки қиёс пеш аз истиҳсон меояд, ҷуз дар баъзе масоил”. Пас қиёс дар баробари қавли аз он рў тофта ва истиҳсон дар мартабаи қавли ба он рўй оварда мебошад. Беҳтар он аст, ки чунин гуфта шавад: “Яке аз рўи қиёс мегуяд ва дигаре аз маҷози истиҳсон. Ва ҳар яке ваҷҳеро шунида, онро нақл мекунад. Аз ин рў ҷавоб дар масъала аз ду ҷиҳат бошад: аз ҷиҳати ҳукм ва аз ҷиҳати бароату холигӣ барои эҳтиёт, ки ҳар кас шунидаи худро нақл менамояд”. Аз китоби “Шарҳу-т-таҳрир” нақл шудааст. Ҷ. 3,саҳ. 334.
Ин сабабест,ки Ибни Амин ал-Ҳоҷ дар бобати ихтилофи ривоят аз Абўҳанифа нақл намудааст, ки мо матни онро тақрибан овардем. Мо перомуни чизи нақлнамудаи ў ду мулоҳаза дорем:
Якум, ў хатогиро ҳамчун сабаби ихтилофи мустабъад (аз эҳтимол дур будан) мепиндорад. Гўё ў бо чунин аз эҳтимол дур будан мазҳаби ҳанафиро муназзаҳ аз он мешуморад, ки дар он нақле аз Абўҳанифа хатокорона ҷой дошта бошад, ки ин ғарибу аз васият дур аст. Зеро агар вуҷуди хато дар нақл дар ривояти суннат, ки аз Паёмбари хабаррасон ривоят карда шавад, эҳтимол дошта бошад, пас чи гуна метавонад дар нақл аз фақиҳе эҳтимол надошта бошад, дараљаи имоматии ў чигунае набошад.
Ҳарисӣ дар ривояти саҳиҳ аз ў дар дараљаи ҳарисӣ дар ривоят аз Паёмбар (с) нест. Бо вуҷуди ин гоҳе дар ривоят аз Паёмбар (с) ихтилоф пайдо мешавад. Ва ҷудо намудани ҳақиқат аз миёни ривоятҳои дорои ихтилоф мавзўи омўзиши донишмандони ҳадис мебошад.
Мулоҳазаи дуюм. Сабабҳое, ки ў тарҷиҳ (бартарият шумурдан) додааст, дар воқеъ сабабҳои ихтилофи қавлҳо мебошад. Ў тарҷиҳ медиҳад ва ихтилофи ривоятро маҳдуд бо ихтилофи қавлҳо, ки ривоят мешавад ва ба қавлҳое, ки аз он рў гардонистаасту дар муқобили он қавлҳое ривоят гаштааст, ки муътабар ҳисоб мешаваду раъй бар он қарор гирифта аст, мегардонад. Чизе, ки инро таъйид мебахшад он аст, ки ихтилофи ривоят шояд аз нақли як нафар бошад.
Имом Муҳаммад гоҳе ривоятро дар зоҳири ривоят зикр мекунад ва гоҳе ривоятеро дар наводир. Сабаб он буд, ки дуқавлу ду ривоят вуҷуд дошт.
Ҳақ он аст, ки ихтилофи ривоят, тавре ки ба сабаби ихтилофи ақвол мешавад, инчунин эҳтимол дорад ба сабаби хатои нақлкунанда бошад, зеро ў аз касе шунидааст ё аз касе қабул кардаасту ў аз каси дигар шунидааст.
Агар сабаби ихтилофи ривоят ихтилофи ақвол бошад, шакке нест, ки замони ду қавл гуногун аст ва ровии пешин аз пасин шинохта намешавад. Агар шинохта шавад, як қавл ба ҳисобрафта, якум мансух ё аз он рўй гардонида ба эътибормеравад.
Олимони тарҷиҳгари мазҳаб ривоятҳои китобҳои гуногунро омўхта, баъзеро нисбати баъзеи дигар тарҷиҳ додаанд. Онро китобҳои зоҳири ривоят бар дигар китобҳоиМуҳаммад ва китобҳои ғайри Муҳаммад мисли Ҳасан ибниЗиёд ва Имом Юсуф тарҷиҳ додаанд.
Агар дар як масъала дар зоҳири ривоят ихтилоф пайдошавад мисли он бартарият медиҳанд ва шояд он аз қабили ихтилофи қавлҳо бошад, ки сабаби ихтилофи ривоят гаштааст. Пас як қавл нисбати қавли дигар бо роҳитарҷиҳе,(афзалияту бартарият) ки мураҷҷиҳон дармазҳаб пеш гирифтаанд, бартарият дода мешавад.
Исоев Н.- мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ.

Яндекс.Метрика