Хеле тааҷҷубовар аст, ки ҳомиёни ифротии дини ислом аз дини ислом дифоъ карданӣ шуда, худ ба чандин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Андеша бар аҳкоми онҳо аз он далолат менамояд, ки онҳо бо истифода аз Қуръону Суннат дини исломро яктарафа, муғризона ва дар шакли эҷоднамудаи худ пешкаши мардум менамоянд, ноогоҳ аз он ки дар ин самт худ ба ҳолати пурихтилоф дучор гардидаанд. Яке аз ин ифротиён Абу Муҳаммади Маданӣ аст, ки тибқи нигоҳи ӯ танҳо ӯ мусалмон асту дигарон ҳама кофир. Номбурда дар рисолааш «Омӯзиши Ла илаха иллаллаҳ», саҳ. 45 менависад: « Имрӯз мушкили мардуми Осиёи Марказӣ ва нафақат ин минтақа балки дигар манотиқҳои мусалмоннишин ки даъвои мусалмонӣ мекунанд ҳамин аст, ки ширкро ширк намедонанд ва амалро комилан тарк карда ва боз худро мусалмон мешуморанд». Аз ҷумлаи ӯ чунин маъно бармеояд, ки на танҳо мардуми Осиёи Марказӣ, балки дигар минтақаҳои мусалмоннишин (яъне, тамоми кишварҳои арабӣ ва ғайриараби мусалмон) дар асл мусалмон нестанд. Онҳо танҳо даъвои мусалмонӣ мекунанду худро мусалмон мешуморанд. Пас, тибқи нигоҳи ӯ танҳо онҳое мусалмонанд, ки дар манотиқи мусалмоннишин зиндагӣ намекунанд, лекин исломро қабул қардаанд, эҳтимол чун ӯ. Абу Муҳаммади Маданӣ гаштаю баргашта аз Суннат гап мезанаду тибқи он амал карданро боисрор талаб менамояд, аммо боре ба ёд намеорад, ки мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам, ки мазҳаби калонтарин, бонуфузтарин ва бо таҳаммултарини дини ислом маҳсуб меёбад, амал ҷузъи имон нест. Амалро ҷузъи имон надонистани Имоми Аъзам бесабаб нест. Ҳикмати вай дар он аст, ки вай ба хотири пешгирии тафриқаю нифоқ ва фитна сурат гирифтааст. Таваҷҷуҳ бояд кард, ки хориҷиҳо маҳз ба сабаби амалро ҷузъи имон ҳисобида, ҳомили гуноҳи кабираро кофир эълон намудан ба чӣ мушкилоти ақидавӣ дучор гардиданд ва ахиран аз болои худ ҳамчун ҷараёни ифротӣ хати бутлон кашиданд.
Сониян, Абу Муҳаммади Маданӣ дар бораи Суннат бисёр ҳарф мезанад, лекин боре ҳадиси паёмбар «Ман ташаббаҳа би қавмин фа ҳува минҳум» (Ҳар касе худро ба қавме монанд кунад, пас вай аз ҷумлаи онҳост)-ро ба ёд меоварда бошад. Мо гумон намекунем, ки шахсияти номбурда дар байни ғайримусалмонон зиндагӣ намуда, дар тарзи зист, хӯрдани хӯрок, пӯшидани либос, интиқол аз як мавзеъ ба мавзеи дигар, истифодаи воситаҳои техникӣ, ки аксаран маҳсули тафаккури ғайримусалмонҳост, боре ба онҳо шабеҳ нашуда бошад.
Иштибоҳи қавии Абу Муҳаммади Маданӣ, аз нигоҳи мо, боз дар чунин ҷумлаи ӯ, ки аз тарафи салафии маъруф Албонӣ соддалавҳона бо таҳрифи маънои ояти 78 аз сураи «Ҳаҷ» низ «асоснок» шудааст, ифода меёбад: «Дин аз Қуръон ва суннат бо фаҳми Саҳобагон гирифта мешавад! Ва ҳар фаҳми Қуръон ва Суннат, ки мухолифи фаҳми Саҳобагон аст мардуд ва номақбул аст». (Рисолаи «Ҳукми аҳзоби сиёсӣ дар ислом», саҳ. 6). Албатта, ҳеҷ кас аз Қуръон ва Суннат гирифта шудани динро инкор намекунад. Аммо бояд қайд намуд, ки маҳз фаҳми саҳобагонро шарти зарурӣ ҳисобидан дар фаҳмиши дин мушкилоти зиёд эҷод намуда, онро маҳдуд мегардонад. Аз он чунин маъно бармеояд, ки вай танҳо хоси давраи зисти саҳобагон аст, ва барои замонҳои баъдӣ ва мардуми берун аз минтақаи зисти саҳобагон, ки тарзи зисти хоси худро доранд, хос нест. Сониян, вақте Суннатро асос маҳсуб медонаду фаҳми саҳобагонро шарти зарурӣ ба қалам медиҳад, ҳадиси мазкур фаҳми саҳобагонро истисно менамояд: «Чизе, ки Худо ҳалол сохт пас, вай ҳалол аст, чизе, ки Худо ҳаром сохт, пас, вай ҳаром аст ва чизе, ки бар он сукут ихтиёр кард, пас вай афв аст. Пас аз Худо офияташро гиред, ҳар оина Худо фаромӯшкунандаи чизе набудааст. (Ва мо кона раббука насийян»(Парвардигори ту фаромӯшкунанда набудааст(19:64). Аз маънои ҳадис ва ояти мазкур бармеояд, ки Худо ҳеҷ гоҳ фаромӯшсозанда несту ҳамзамон дар бораи баъзе масъалаҳо чизе нагуфтааст. Пас Худо огоҳона ҳалли масоили мазкурро ба ҳукми ақли инсон вогузоштааст. Кадом инсон? Табиист он инсоне, ки баъди саҳобагон ва берун аз Ҳудуди Арабистон эҳтимоли зиндагӣ намудан доранд. Гумон намекунем, ки Маданӣ аз ояти мазкур ноогоҳ бошад. Ва ҳамчунин ҳадиси «Дар кори дунёятон шумо донотаред» маънои соҳибихтиёрии мардуми мусалмонро дар масоиле, ки Қуръону Суннат онҳоро зикр накардаанд, ифода намуда, боз ҳам фаҳми саҳобагонро дар фаҳмиши Қуръону Суннат дар ҳолати истисно қарор медиҳад.
Солисан, худи маънои ояти 78 аз сурати «Ҳаҷ», ки тибқи маънои он Аллоҳ ин мардумро мусалмон номидааст ва оятҳои сершумор бо маънои «Худо ба шумо сабукӣ мехоҳад, ба шумо вазнинӣ намехоҳад» ва ҳадиси «Осонгирӣ кунед, душворгирӣ накунед, башорат диҳед, мардумро аз худ дур нагардонед» (Бухорӣ, 3038, Муслим1732) (чун Маданӣ аз Суннат ҳарф заданро дӯст медорад) ба мавқеи гирифтаи Маданӣ комилан зид мебошанд.
Ахиран, мо ба тафсир рӯ оварда, ботил будани фаҳмиши Маданӣ ва ҳаммаслакони ӯро дар бораи фаҳмиши Қуръон ва Суннат тибқи фаҳми саҳобагон хеле равшан мушоҳида мекунем. Агар мо маънои ояти 201 аз сураи «Бақара»-ро тибқи фаҳмиши се муфассир: яке саҳоба, дигаре муфассири асримиёнагӣ ва сеюмӣ муфассири муосир мавриди муқоиса қарор диҳем, дар байни онҳо фаҳмишеро мушоҳида менамоем, ки хоси ҳар марҳилаи инкишофи ҷомеа мебошад, яъне маҳдуд ба фаҳмиши даврони саҳоба нестанд. Ба қавли дигар зимни муқоисаи тафсирҳои асримиёнагию муосир бо тафсири саҳоба айнияти томро мушоҳида намекунем. Ояти зикршуда ба таври зер садо медиҳад: «Ва аз мардум касе ҳаст, ки мегӯяд: «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ ва моро аз азоби оташ (-и дӯзах) нигоҳ дор!». Бояд гуфт, ки калимаи «неъмат», ки дар оят дида мешавад, дар шакли арабияш «ҳасана» аст ва он дар тафсирҳо ба маъноҳои зерин омадааст. Муфассири маъруф Ибни Аббос, ки дар қарни VII зиндагӣ намудааст, дар зери мафҳуми «ҳасана»(неъмат)-и дунё «илм, ибодат, покӣ аз гуноҳ, шаҳодат ва ғаниматро фаҳмидааст. Муфассири дигари машҳур Ибни Касир, ки дар қарни XIV зиндагӣ намудааст, дар зери мафҳуми «ҳасана» маъноҳои «саломатӣ, меҳмонхона, зани хуб, мулки васеъ, донишҳои хуб, аъмоли нек, нақлиёти қулай, номи нек ва амсоли инҳоро» зикр намудааст. Муфассири маъруфи нимаи дуюми қарни XX Ваҳбаи Зуҳайлӣ, ки тафсираш «Тафсир-ул-мунир», соли 1995 дар олами ислом китоби беҳтарин дониста шуд, дар шарҳи мафҳуми «ҳасана» ба калимаҳои «тавфиқ, саломатӣ ва неъмат» ишора намудааст. Таваҷҷӯҳ бояд намуд, ки дар тафсирҳои баъдӣ мафҳуми ғанимат дида намешавад. Дар тафсири Ибни Аббос, ки саҳоба аст, мафҳумҳои меҳмонхона, зани хуб, нақлиёт, саломатӣ ва амсоли инҳо мушоҳида намегардад. Пас, тафсирҳои чунин шахсиятҳои муътабари олами ислом чун Ибни Касир ё Ваҳбаи Зуҳайлӣ аз нигоҳи Абу Муҳаммади Маданӣ ва ҳаммаслаконаш бояд мардуд ва номақбул бошанд.
Тааҷҷубовар аст, ки Абу Муҳаммади Маданӣ ва ҳаммаслакони ӯ доир ба китоби «Муъҷиботу тағайюрил фатво фи асрино», ки ба қалами донишманди маъруфи олами ислом, вале чун ӯ бунёдгарои ифротӣ Юсуф Қарзовӣ тааллуқ дорад, чӣ андеша дошта бошанд? Ю.Қарзовӣ бо такя ба далеҳои Куръонӣ ва аҳодиси набавӣ зарурати тағйири фатворо асоснок менамояд. Аз ҷумла, чор воҷибкунандаи фатво: замон, макон, вазъият ва урф ба Ибни Қаййим (асри XIV) тааллуқ дошта, шаш воҷибкунандаи дигар, чун:маълумот, талаботи одамон, қудрат ва имкониятҳои одамон, умумияти бадбахтиҳо, тағйири вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ва тағйири раъй ва андеша ба худи Юсуф Қарзовӣ тааллуқ доранд (Ниг. Китоби зикршуда, саҳ. 40).
Ҳамчунин, ҳангоме ки Абу Муҳаммади Маданӣ фаҳмиши Қуръон ва Суннатро тибқи фаҳми саҳобагон ҳатмӣ мешуморад, дар бораи ҳадиси «Ҳар оина Аллоҳ дар сари ҳар сад сол барои ин уммат шахсеро мефиристад, ки динашро таҷдид менамояд» чӣ андеша дошта бошад? Хадиси мазкур дар Малоҳими Абу Довуд (рақами 4291) аз номи Абу Ҳурайра ривоят шудааст ва онро Албонӣ, ки ҳаммаслаки Абу Муҳаммади Маданӣ маҳсуб меёбад, саҳеҳ шуморидааст. Ҳадиси мазкур низ бидуни тардид фаҳмиши ҳама гуна саҳобаро дар таҷдиди дин аз эътибор соқит медонад.
Хулоса, далелҳои овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки таълимоти Абу Муҳаммадӣ Маданӣ чун таълимоти устоди ғоявияш Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб пуртаноқуз буда, таълимоти Қуръон ва Суннатро дар шакли таҳрифу таҷдиди шахсияш ба мардум пешкаш менамояд ва ҳадафи ҳарду- устод бо шогирд бо коштанитухми нифоқу тафриқа дар байни мусулмонон дифоъ аз манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷияшон аст, ки гӯё бар зидди онҳо мубориза мебаранд.
Абдухалилзода Кароматулло
Насим Исоев