МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Бахшида ба солгарди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ тахминан соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд.

Соли 1232 дар Қуния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум (Туркия) вафот кардааст.

Бузургтарин асари ӯ "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба навиштани ин асар оғоз кардааст ва зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Мероси адабии шоир, 50 ҳазор байт ва 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика