**КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ: “ҚОНУНИ ТАНЗИМ - ЗАМИНАГУЗОРИ НАВСОЗӢ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ” **

**Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ:“ ҚОНУНИ ТАНЗИМ - ЗАМИНАГУЗОРИ НАВСОЗӢ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ” бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор гардид.

Дар кори Конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, муовинони директори Марказ Рустам Азизӣ ва Наҷотзода Мутеъулло, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашо Вализода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ Фаррухулло Олимзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ш. Душанбе Норасов Абдуалим, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Зокирзода Нусратулло Мелик, мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи Баҳоваддинов АМИТ Холов Шаҳбоз, мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, ёвари директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шосаидзода, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои Марказ, инчунин имомхатибони вилояти Хатлон, мудирони бахшу шуъбаҳои Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Нахуст, Холиқзода Абдураҳим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмононро ба Конференсия хайра мақдам гуфта, дар мавзӯи: “Қонуни танзим - қонуни ислоҳоти ҷомеа” суҳбат намуд.

Одинашо Вализода мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: “ 16 - соли амали ҚҶТ “ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”: дастовардҳо ва дурнамои он” ба таври муфассал фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд.

Дар идомаи конфронс муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ Фаррухулло Олимзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ш. Душанбе Норасов Абдуалим, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Зокирзода Нусратулло Мелик, мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи Баҳоваддинов АМИТ Холов Шаҳбоз, мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз низ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ҚҶТ “ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуданд.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ – сухангӯи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

Яндекс.Метрика