КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо мо халқи соҳиббахту соҳибиқболи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни мубораку хуҷастаи миллат давлат – Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
 
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллату давлати тозабунёди мо тоҷикон аст. Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлати миллии мо муайян гардид.
Тавре, ки дар моддаи 6 Конститутсия омадааст, “дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад”. Ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо дар раъйпурсиҳои умумихалқӣ ва маъракаҳои интихоботӣ озодона иштирок карда, дар рушд ва ташаккули имрӯзу фардои ватани азизамон саҳм мегузоранд.
 
Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллӣ, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши бориз гузоштааст.
 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини фазои сулҳу субот ва ғ. заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Арзиши олӣ эътироф гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон принсипи башардӯстӣ доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад. Ин санади ҳуқуқӣ бори дигар исбот кард, ки давлату миллати тоҷик соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёданд. 
 
Маҳз азму талошҳои сарвари хирадманду оқили миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар кӯтоҳтарин муддат лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. 13 апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. 
 
Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, дар сафҳаи таърих марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷиконро кушод. 
 
 
Садуллоев А. – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика