
Мувофиқи моддаи 33 Конститутсияи ҶТ, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам намудани чунин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷамъияти солим аз оилаи солим бавуҷуд меояд. Бинобар ин, бо мақсади солим нигоҳдоштани оила ва пешгирии зӯроварӣдар оила нақша-чорабиниҳои зиёде роҳандозӣгардида, нисбат ба он таваҷҷуҳи хосса нигаронида шудааст. Бо дарназардошти муҳиммиятвамубрамияти ин масъала бо ташаббуси Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон гардид. Ин шаҳодати он аст, ки давлату ҳукумат нисбат ба солим нигоҳдоштани оила таваҷҷуҳи махсус дорад.
Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи сохтори сиёсӣдар шароити имрӯза, яке аз масъалаҳои доғи рӯзваиҷтимоии замон, ин зӯроварӣдар оила маҳсуб меёбад. Зеро, таҳлилҳои оморӣнишон медиҳад, ки дар аксар оилаҳо зуроварии руҳию маънавӣва ҷисмонӣмавҷуд аст. Масоили зӯроварӣдар оила яке аз проблемаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати пешгирӣнамудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа аз тарафи давлат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣқабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо пешгирии зӯроварӣдар оила мебошад. Аммо ин роҳи ниҳоии халоси аз зӯроварии оилавӣшуда наметавонад, зеро санади меъёрӣимконияти ба пуррагӣтанзим намудани муносибатҳои дохили олиларо надорад, чунки аксарияти муносибатҳои оилавӣдар асоси меъёрҳои суннатӣмавриди танзим қарор мегирад, бинобар ин тарбияи мафкураи дарккунандаи арзиши оила ва оиладорӣбояд ба роҳмонда шавад. Таҳлили мавзӯи мазкур нишон медиҳад, ки аксар давлатҳои пешрафтаи дунё танҳо тавассутӣфаҳмондадиҳӣватаблиғу ташфиқот сади роҳизӯроварӣдар оилашудаанд. ҚонуниҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣдар оила» аз 19 марти соли 2013 қабул гардидааст, кион муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣдароиламавриди танзим қарор додааст. Ҳамзамон дар қонун вазифаҳоисубъектҳоипешгирикунандаизӯроварӣдароила, аз ҷумла, ошкор, пешгирӣвабартарафсозиисабабвашароитҳоибаонмусоидаткунандамуайянкарда шудааст.
Мувофиқи қонуни мазкур зери мафҳуми «зӯроварӣдароила» кирдори зиддиҳуқуқииқасдонаидороихусусиятиҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣёиқтисодӣдошта, кидардоираимуносибатҳоиоилавӣазҷонибиякаъзоиоиланисбатбадигараъзоиоиласодиршудааствабоисипоймолшуданиҳуқуқваозодиҳоиӯ, расонидани дарди ҷисмонӣё зарар ба саломатии ӯмегардад ё таҳдидирасониданичунинзарарробавуҷудмеорад, фаҳмида мешавад. Аз мафҳуми додашуда чунин бармеояд, ки зӯроварӣдар оила дар шаклҳоигуногунсуратмегирад, бамонандӣ: зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ, иқтисодӣва ғайра. Зери мафҳуми зӯроварии ҷисмонӣкирдори зиддиҳуқуқииқасдонаиякаъзоиоиланисбатбадигараъзоиоиларомефаҳманд, ки дар натиҷаиистифода бурдани қувваиҷисмонӣбоисирасониданидардиҷисмонӣёзарарбасаломатӣшудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар ҶТ ҳолатҳои зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣва шаҳвонӣдар оила мушоҳида мешавад, дар бештари мавридҳо намояндагони ба кӯмак эҳтиёҷманди он духтарон, занон ва кӯдакон, ки имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқҳои худро надоранд, нисбат ба мардон бештар ба зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣва шаҳвонӣдар оила дучор мегарданд. Тибқи маълумотҳои оморӣдар ҶТ зиёда аз 50 %-и занон ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣдар оила дучор мегарданд. Аз ин шумора заноне, ки шавҳарашон якчанд зан доранд, ба зӯроварии ҷисмонӣ(66,1%), ба зӯроварии рӯҳӣ(77,3%) ва ба зӯроварии шаҳвонӣ(62,2%) гирфтор шуданд, нисбат ба заноне, ки ба шавҳарашон ҳамсари ягонаанд, зиёдтар мебошад.
Дар кишвари мо зӯроварӣдар оила ва дағалӣбештарнисбатизанонвакӯдаконбаназармерасад. Бинобар дуршудан аз суннатҳои оиладории имрӯзҳояке аз ҳамсаронэҳтиромуғамхорирофаромӯшнамудаанд, киинбоисисарзаданиҷанҷолҳоиоилавӣва зӯроварӣгаштааст. Азинрӯ, бештаришавҳаронҳамсаронихудролатукӯбмекунанд. Албатта,барои ин амал қонунҷазомуайянкардааст. Масалан, тибқимоддаи117-иКодексиҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон барои лату кӯбимунтазамёбоусулидигаризӯроварӣ, киоқибатҳоивазниннаовардааст, бо маҳрум сохтаназ озодӣбамӯҳлатитосесолҷазододамешавад.
Аммо, мутаасифона, дар мо кам заноне ҳастанд, кибароилатукӯбвазӯроварӣдар оила ба нозири минтақавӣёмақомотҳои дигари ҳуқуқмуҳофизавӣмуроҷиаткунанд. Баъзанлатукӯбидоимӣсабабгоринобино, гунг, каршуданваёаздастдоданиягонузвибаданизанмегардад, аммоӯҳамонобахотирипойдор нигоҳдоштаниоилаихуд, азифшо кардани рафтори дағалонаи шавҳарашнисбатиӯхуддорӣмекунад.
Искандаров Ш.Ф- мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ