Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст

Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст, зеро ки он миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, он сохти конститутсиониро дар ҷумҳуриӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Баргузории Иҷлосияи мазкур – ин оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози давраи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеи расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳеи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мееебад. Аввалин масъалаҳои ҳаетан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиеси дар Ҷумҳурии Тоҷикостон буд.

Ҷомеаро буҳрони сиеси, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ интизор аст. Дар чунин вазъияти муташанниҷ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Замоне кишвари тоҷиконро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва дар ин давраи ҳассос хавфи аз байн рафтани давлати тоқикон ба миён омад.

Дар ҳамин давраи тақдирсоз Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб қайд намудаанд: “Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиесии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарвари ва сулҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард”. Дар чунин вазъияти ҳасос Иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ баргузор гардид ва танҳо қарорҳои созандаи ӯ тавонист ватанамонро наҷот диҳад. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардуми муҳтарам Раҳмонов Эмомали Шарифович раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд. Раиси Шурои Олӣ Эмомали Раҳмон парчами кишварро бӯсида, савганд ёд кард ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда гуфт: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям.

Барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам”. Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, шахсоне, ки аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд Санад муҳими қабул гардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд, ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Сарвари давлат изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд.Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуд. Дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Ҷаҳониён бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати шоёну таърихӣ кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд. Бевосита ибтикору корномаҳои ин фарзанди барӯманди халқ боис гардид, ки ҷанги хонумонсӯз анҷом ёфта, дар кӯтоҳтарин фурсат Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил гардад.

АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ - САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Яндекс.Метрика