ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ - ЗАМИНАИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид.

Дар таърихи халқи тоҷик ин Иҷлосия ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги дохилӣ, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

Барои ба эътидол овардани вазъият, хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирӣ аз фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешиданд.

Бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳли ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Аз ҷумла:
- афви умумӣ,
- ҷамъоварии силоҳ,
- мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, - - таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орду равған,
- зиёд намудани маош,
- мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурии мо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст:
1.Роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд;
2.Сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт;
3.Хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;
4.Тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт;
5.Самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд,;
6.Мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика