Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш ба дасти дигарон кишт.
Мусаллам аст, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикон аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ва ин таърихи миллату халқи кишвар бо ному фаолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Иҷлосияи тақдирсоз унвон гирифтан дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ин иҷлосия ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намуд ва дар иҷрои механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон мувафақ ҳам гаштем.
Таъкид кардан зарур аст, ки роҳи сулҳу оштӣ осону ҳамвор набуд, зеро на ҳамаи ҷонибҳо барои сари мизи музокирот нишастан омода буданд. Бинобар ин, дар бораи он солҳо аз мавқеи имрӯза сухан гуфтан осон намемонад. Он вақт ҳар рӯз як хабари нав, як руйдоди фоҷианоку даҳшатбор, кушторҳои ходимони давлатию нобиғаҳои касбу кори мухталиф, талошҳои ғасби шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавҷуд буд, ки ин ҳолат воқеан ҳам барои мардуми мо воҳиманоку ташвишовар буд.
Яқинан миллати тоҷик дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Тамомияти арзии сарзамини тоҷикон, ин Ватани азизу муқаддаси мо зери хатар буд. Бо баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт. Дастоварди муҳиму тақдирсози Иҷлосияи мазкур ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шурои Олӣ интихоб гардид. Ба навиштаи бархе аз муаррихони дохилию хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам бозёфти ҳамин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин раҳми Худо буд, ки маҳз ҳамин шахсият барои ором сохтани вазъи ногувори кишвар зуҳур омад. Бо вуҷуди идома ёфтани ҷангу ҷидол миёни мардум иродаи матин ва қатъияти ҳамин шахсият буд, ки дар ниҳоят халқу Ватани азизи мо аз гирудори воқеаҳои нангину вазнини нобасомониҳо ва нафрату бадбиниҳо наҷот ёфт. Маҳз Пешвои миллат бо хислатҳои наҷибона ва хирадмандонааш на танҳо ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшид, балки пойдеворе барои оянда сохт.
Маҳз дар Иҷлосияи 16-ум Сарвари давлат ҳамоно баъди интихоб шуданашон аз мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр - Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарории сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Аз ҳамин давра марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ оғоз ёфт. Бинобар ин, мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда унвон карданд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеан ҳам руйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Атрофи нақши бориз доштани Иҷлосияи 16-ум фикру андешаҳои зиёд матраҳ гаштааст. Ҳарчанд, мо дар шароити истиқлолият зиндагӣ доштем, мутобиқи Конститутсияи замони Шӯравӣ фаолият мекардем. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишон қубулу тасдиқ гардид, ки ин аз эҳсоси ватандустӣ ва ифтихори миллии ҳар фарди бо нангу номус дар ҳамон давраи муташаниҷ дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки эҷоди сохти нави давлатдории миллӣ дар заминаи Иҷлосияи мазкур қарор гирифт. Бо мурури замон дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба ислоҳоти демократии ҳаёти давлату ҷомеа шуруъ намуда, пай дар пай ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аъзо шудем. Шароити муосид ба вучуд омад, ки сохти давлатдориамонро такмил диҳем. Қонунҳои нав таҳия намоем ва ба санадҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид кунем.
Зикри чунин ҳодисаҳо зарур ва саривақтист, зеро воқеияти таърихӣ бо ҳама бурду бохт ва омилҳои объективию субъективии онро метавон шинохт ва ба дасисабозии пасипардагии душманони миллат метавон фирефта нашуд.
Пушида нест, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо паст рафтани маънавиёт дар миёни баъзе табақаҳо ва кунд шудани хотираи таърихӣ буд. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни густариши худшиносии милӣ ифтихор кадан аз таъриху тамаддуни гузашта, ниёгони бофарҳанг ва арзишҳои фарҳанги миллӣ басанда нест.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани Артиши миллӣ, кувваҳои сарҳадӣ ва амнияту миллитсия оғоз намуд, то ҳифзи сарҳадии давлати Тоҷикистон пурзур карда шавад. Амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимояю афзун гардонида шаванд. Ваҳдати миллӣ дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷикон имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муясар гардид. Муҳимтар аз ҳама ба шарофати ҳамин сулҳу суббот ва хиради азалии халқамон ба мо муясар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазод нақши созандаи сулҳу ваҳдат, пеш аз ҳама дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзиши кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саъю талоши мардум аз эҳтирому риояи ҳамешагии он башорат медиҳад, ҳамчун асоси таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандонро сарфи назар аз ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ кафолат дода, меъёрҳои он барои эҳтироми байниҳамдигарии тамоми аъзои ҷомеаи мо заминаи боэътимод гузошта истодааст.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳои дину оин ва фарҳангҳо муносибати нек доштаанд. Қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки асосгузори он Куруши Кабир аст, то имрӯз моҳияти худро гум накардааст ва далели равшани фалсафи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ба тамоми мардум, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо муроҷиат намуданд, ки ба эҳсосот дода нашаванд, ба суханони душманони миллат фирефта нашуда, ватани худро бояд якҷо обод намоем. Маҳз бо барқароршудани сулҳу суббот ва ризоияти миллӣ дар тамоми паҳлуҳои давлатдорӣ пешравиҳо дида мешавад. Дастоварҳои давлати навини тоҷикон дар тӯли солҳои истиқлолият қобили мулоҳизаанд, ки дар як мақола зикри ҳамаи он ғайри имкон аст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ҳама гуна шароит мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар фикру андешаи ободию созандагии ватани хеш бошем.
Бо ин шеъри Назар Ашӯрзода, ки «Ватанро дар амон монед» унвон дорад, мехоҳам хулоса кунам.
Ватанро дар паноҳи одамони меҳрубон монед,
Заминро бе садои тиру бешӯру фиғон монед.
Камонро пора бинмоеду андар қура сӯзонед,
Ҳаёти одамонро, одамон андар амон монед.
Санавбар Шарифова - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ