Ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 - уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин баргузор гардид, хело айни муддао ва саривақтӣ буд.
 
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ мисли ҳарвақта оиди ифротгароӣ чунин ибрози андеша намуданд: “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархурди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям.
 
Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад
 
Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар арафаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кунем ва масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем”.
 
Оре, ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ имрӯз авзои сиёсии ҷаҳони муосирро хело ноором карда, ҳаёти мардумро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти хело номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир алалхусус миёни бархе аз ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ дар байни ҷавонон касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
 
Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоханд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд,
 
Мусаллам аст, ки ифротгароӣ дар шуур ва тафаккури ҷавонони сабукмағз ва мутаассиб реша давонида, ҷойи омилҳои исломи суннатиро иваз намуда истодааст. Ба ҷойи ибодат ва тоат, таҳаммулпазирӣ, некӣ, хайру эҳсон, таблиғи ғояҳои инсондӯстӣ ва умумибашарии дини мубораки ислом, асҳоби такфирии салафия ва ифротманишони язидӣ саодатмандӣ ва хушбахтии диёнатии худро дар қатлу куштор, тахрибу такфир ҷустуҷӯ доранд, балки қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ ва тахриби осори таърихӣ яке аз вазифаҳои умдаи ин созмонҳои террористӣ ва ҷамоатҳои такфирии бемазҳаб маҳсуб меёбад. Ғалатпиндорӣ ва каҷрафтории аҳли такфир зуҳуроти бисёр манфӣ ва хатарнок буда, дар дилхоҳ ҷомеаи башарӣ пайомади нанговар ва хушунатбор дорад.
 
Дини ислом беҳтарин посухҳои ҳуқуқиро дар радди аҳли такфир ва созмонҳои террористӣ додааст ва ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад. Ба ҷуз аблаҳон ва тӯдаи авбошон касе арзиш ва меъёрҳои дини исломро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразолуди сиёсӣ ва гурӯҳӣ истифода намебарад. Ислом мубарро аз такфир ва амалҳои хушунатбори аҳли такфир ва ифротгароёни нопок мебошад. Иззат ва эҳтироми инсон назди аҳли такфир эътибор надорад.
 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ                               Исоев Н.
Яндекс.Метрика