Яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ин муносибати байни адёну мазҳабҳои гуногун мебошад, ки он ба масъалаҳои муҳими муносибатҳои миллӣ ва мазҳабӣ сахт алоқаманд аст. Ҳамзамон дар ҷомеа равияҳои ғайрисуннатӣ ва радикалии барои фазои динии кишвар бегона фаъол мегарданд. Ҳодиса ва амалҳои террористӣ, ки саросари дунёро фаро гирифтааст, ҷомеаҳоро ноором ва умедро ба фардои осоишта коста мегардонад. Ин амалҳо, ки аксар вақт ба исломӣ будани дастандоркорони он анҷом меёбад, дар ҷомеа ва мафкураи шаҳрвандон як ҳисси бадбинӣ ва хушунат нисбат ба фарҳанги исломӣ ва мусулмонон падид меорад.
Паҳн гардидани ақидаҳои ба ҳаёти динии кишвар бегона дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна алоқамандӣ дорад. Зеро дар гузашта фазои динии ин минтақаро аз ҳам ҷудо кардан мумкин набуд, ки он ҳамчун “исломи мовароуннаҳрӣ” ё худ “исломи Бухорову Самарқанд” Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳозира ҷонибдорони наворҳое, ки дар фазои маҷози аз ҷониби баъзе руҳониёни афғонтабор ва адабиёту, маводҳои паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.
Ҷавобан, ба ин гуфтаҳои сарвари давлат ҷавонон, бояд ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши худ гирифта, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо сохта, истиқлолияти кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани як қатор омилҳо зарур мебошад. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини маънавию ҷисмони, таҷовуз ба ҳаёти ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарави террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро чавонон ояндаи миллатанд.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Исоев Н.