ИТОАТ БА ПОДШОҲ АЗ НИГОҲИ АБУЛҚОСИМ ҲАКИМИ САМАРҚАНДӢ

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз шогирдони мутакаллими тавоно ва зубдаи донишмандони Мовароуннаҳр дар мабоҳиси ақлӣ Абумансури Мотуридӣ (870-944) ва дар баъзе сарчашмаҳои қадимтар аз муосирон ва ҳамдаврони худи вай будааст, вале бо вуҷуди ин ӯро аз уламои насгарои ҳанафӣ донистаанд. «Ас-Саводу-л-аъзам»-и ӯ дар доираи фиқҳи ҳанафӣ яке аз муътабартарин осори фиқҳӣ дар ҳавзаи фиқҳии Мовароуннаҳр дар замони Сомониён буда, то ин ҷониб ҳамчун сарчашмаи муфид истифода мешавад. Ҳакими Самарқандӣ дар ин асари худ 62 масъалаи фиқҳиро баррасӣ намудааст, ки масъалаи ҳафтуми баррасӣ намудаи эшон «итоат ба амир» мебошад.
Ҳакими Самарқандӣ ин масъаларо ба таври мухтасар ва возеҳ дар асоси як ояти Қуръон, баъзе аҳодиси набавӣ ва суханони бузургон баррасӣ намудааст. Ӯ дар аввал масъалаи намоз гузоридан аз паси амирро баррасӣ намуда, чунин мегӯяд: «Он аст, ки аз паси ҳар амире – ҷобир бошад ё одил, намоз раво бувад, зеро ки тоат доштани султон фариза аст ва тарки вай осӣ шудан ва маъсият аст ва бидъат» [1, с. 38].
Баъдан ӯ итоат ба подшоҳро зарурӣ шуморида, ояте аз Қуръон меоварад: «Ва ҳар ки султонро тоат надорад, он ҳаводор бошад», зеро ки Ҳақ таъоло дар китоби Худ – Қуръони карим, дар сураи Нисо фармудааст: «Эй муъминон, Худои азза ва ҷалларо тоат доред ва Расулро тоат доред ва амиронро тоат доред!» [1, с. 38].
Инчунин ӯ ҳадисе аз Паёмбари ислом меорад, ки сухани бад гуфтан ва таҳқири подшоҳ бидъат аст: «Расул гуфт, алайҳи-с-салоту ва-с-салом, ки «дуои бад кардан мар амиронро бидъат аст»» [1, с. 38].
Дар масъалаи итоат ба подшоҳ Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ мазҳаби ҳанафияро бо рофизиён ва хавориҷ муқоиса намуда, бар он андеша аст, ки дар мазҳаби ҳанафия итоат ба подшоҳ амри зарурӣ аст. Дар ин бора ӯ чунин мегӯяд: «Ва ба ҳеҷ ваҷҳ бар султон осӣ набояд шуд. Агар адл кунад, музд ва савоб ёбад ва агар зулм кунад, базаҳ ва азоби онро бикашад. Ба ҳама ваҷҳҳо султонро тоат бояд дошт. Ва ҳар ки султонро тоат надорад, он аз хавориҷ бошад».
Дар умум, дар мазҳаби таҳаммулпазирӣ ҳанафия ва хоссатан дар навиштаҳои яке аз бузургони он – Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ подшоҳ мақому манзалати воло дошта, итоат ба ӯ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин баробар, Абунасри Форобӣ дар асараш «Мадинаи фозила» овардааст, ки ҳар як ҷомеа агар хоҳанд ободу ором зиндагӣ кунанд ва шаҳрашон ба истилоҳ фозила бошад, як сарвар интихоб намоянд ва дар атрофи ӯ ҷамъ шуда, аз ӯ итоат кунанд.
Дар охири боби мазкур Абулқосими Самарқандӣ бисёр як ҷумлаи олӣ гуфтааст, ки хонандаро ба андеша фурӯ мебарад: «Ин миқдор бас бувад хирадмандро» [1, с. 38].
Адабиёт:
1. Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ. Ас-Саводу-л-аъзам. – Душанбе: Эр-граф, 2014. – 230 с.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика