Тоҷикистони азиз 32-умин соли Истиқлолияти худро сипарӣ намуда истодааст. Агар таърихи Истиқлолияти давлатии мо зиёда аз чаҳоряк аср бошад, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз оѓози таърих мардуми соҳибватананду давлатсоз. Ниёгони арҷманди мо дар оѓоз ва саргаҳи давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо карданд, аммо дар натиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монданд. Ин давраи тира ки чандин қарн идома ёфт, таназзули фарҳангии миллати мо ба ҳисоб меравад. Гарчи дар ин марҳила маҳз дар заминаи таҷрибаи давтатдории тоҷикон даҳҳо давлату сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукм ронданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Танҳо 9-уми сентябри соли 1991чархи сарнавишт дубора ба суи мардуми тоҷик давр зада, тоҷикон соҳиби истиқлол ва давлати мустақил шуданд.
Яъне ибораи пурмазмуни «Миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем ва дар ободии ояндаи давлати азизамон саҳми хешро мегузорем. Ниёгонамон дар руҳияи шикастнопазирию ҷавонмардӣ дар оинаи таърих иникос шудаанд ва мо бояд инро дониста сармашқи кори худ қарор диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худ «Уфуқҳои Истиқлол» қайд намудаанд ки «Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад.»
Зикр намудан ба маврид аст, ки наҷоти давлатдории миллӣ масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад. Мутаассифона, баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар доираи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангро аз сар гузарониданд, ки боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардида мардуми кишвар овораю пароканда ва гуреза шуданд. Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ Ватанро фаро гирифт, ба зима гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басо мушкил буд. Хушбахтона тақдир ба рӯи мардуми халқи тоҷик ханда карда фарзанди фарзонаи Миллат Эмомалӣ Раҳмон ба умри мардуми кишвар ҳаёти дубора бахшид. Роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон таърихи тӯлонӣ дорад. Хушбахтона аз рӯзҳои аввали истиқрори сулҳ бо кӯшиш ва даъвати Сарвари давлатамон гурезаҳо ба Ватан баргардонда шуданд. Инчунин сохтмони роҳҳои муосири нақлиётӣ ва бунёди нақбҳо оѓоз гардиданд, ки ҳамчун рагҳои хунгард кишвару миллати моро ба организми ягона табдил медиҳанд. Хушбахтона имрӯз ин роҳу нақбҳо на танҳо пайвандгари минтақаҳои кишвар, балки пайвандгари рӯҳу равон ва дилҳои мардуми саросари кишварамон гардидаанд.
Дар партави Истиқлолияти давлатӣ ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва роҳҳои кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муясар гашт. Мо аз ҳолати буҳрони баромада, ба марҳилаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадам гузоштем. Илова бар ин, Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод ки кишвару мардуми худро ба љаҳониён муаррифӣ намоем. Сиёсати «дарҳои кушода» имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи Ҷумҳурии Точикистонро муқаррар намуд. Имрӯз Точикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва ҳамчун шарики боэътимод эътироф гаштааст. Сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-и мо бар пояи фарҳанги куханбунёди миллии тоҷикон аз кабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтааст.
Мутаассифона қариб даҳ соли аввали пас аз Истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯшишу талоши Ҳукумати кишварамон барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама идораи марказии давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан бар гардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ равона гардида, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум ба марҳилаи субот ва рушд ворид шудем. Дар ин давра ба мо муяссар гашт, ки пешрафти босуботи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардонда шавад. Дастовардҳои боарзиши Истиклолият дар ҳама паҳлуҳои ҳаёт дида мешаванд, махсусан дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию мадании ҷомеа, ки қобили ифтихор аст.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошад, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи Озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
Шарифова Санавбар- сармутахасиси шуъбаи маъхазҳои исломӣ