Инъикоси сарнавишти мардуми тоҷик ва сарзамини он дар «Ҷомеъу-т-таворих» - и Рашидуддини Фазлуллоҳ

(Идома)

Дар як маврид Рашидуддини Фазлуллоҳ перомуни барномаҳои ҷангии Чингизхон ҳарф зада, менависад, ки мавсуф ният дошт, музофоти Қароҷонгро ки дар марзи Чин аст, тасарруф намояд. «Аҳли Қароҷонг онро Кандар мегўянд ва тоҷикон Қандаҳор». Дар ин бахш муаллиф Қандаҳорро тибқи гўиши муғулҳо Қароҷонг тавсиф намуда, се гўиши номи ин шаҳрро зикр месозад; аҳолии маҳалии шаҳр (Кандар), тарзи муғулии он (Қароҷон) ва номи шаҳр мувофиқи баёни мардуми тоҷик (ки ҳамон Қандаҳор, яъне номи аслӣ ва имрўзии он). Дар ҷое дигар яке аз музофоти таҳти ҳукумати муғулро Шингӣ номида, таъкид месозад, ки онро «тожикон Чини калон мегўянд». Аз ин гуфта бармеояд, ки расму баёни тоҷикон миёни муғулҳо хеле маъмулу мутадовил будааст. Муаллифи асари «Ҷомеъу-т-таворих» худ парвардаи сарзамини тоҷик буда, дар панҷ мавриде, ки калимаҳои «тоҷик» ва  «тоҷикон»-ро истифода бурдааст, шакли роиҷи онро ба коро мебарад. 

Чӣ хеле зикр намудем маъмултарин тарзи баёни калимаи тоҷик дар аҳди муғул дар асари Рашидуддин ба шакли «тожик» омадааст. Рашидуддин дар ҷое мефармояд, ки «ин замон ба ҷое расида, ки ақвоми Хитой ва ҷурча ва тангиёс ва уйғуру қипчоқу туркмон ва қарлуқу қалач ва ҷамоате асирону ақвоми тожик, ки дар миёни муғул парварда шудаанд, эшонро низ муғул мегўянд». Чунонки расми ҳамаи давру замонҳост, бо қудратёбии баъзе аз қавмҳо, намояндагони дигар халқҳо низ барои расидан ба мансабу ҷоҳ худро ба он қавм пайваст месозанд. Ин расм дар замони пирўзиву ҳукумати муғулон низ риоят мешудааст: «он ҷамоат низ ҷоҳу мансаби худро маслиҳат дар он донанд, ки худро низ муғул мегўянд». Дар ин бахш дар хусуси этногенези қавми муғул сўҳбат шуда, перомуни таъсиргузории фарҳангу муҳити муғул бар соири ақвом ва ҳатто тоҷикон, ки аз ирқе дигаранд, ишора мешавад. Манзур аз «ақвоми тожик» гуруҳу минтақаҳои бешумори мардумони эронинажод (ки то муддатҳо ба номи маҳалли худ машҳур буданд, аз қабили самарқандӣ, бухорӣ, балхӣ, хоразмӣ, ифарғонӣ,  ғурӣ, дайламӣ, розӣ аст, ки дар тавсифи Рашидаддин ва муғулони дигар ҳама «тожик» хонда мешаванд.

Хеле роиҷ гаштани истилоҳи тожик дар аҳди муғул ва манобеи ин давра ҳато бархе аз олимонро ба ин а фарзия овард, ки «калимаи тоҷик муғулӣ аст ва мураккаб аз калимаи муғулӣ ё туркии «тот», яъне «раият ва мутеъ» ва «ҷик», ки аломати тасғир аст». Дар ҳоле ки барои рад намудани он танҳо як далел кофӣ аст, ки ин истилоҳ то замони муғул ҳам роиҷ буд ва Байҳақӣ дусад сол қабл онро борҳо зикр кардааст. Он вақт аз муғулу забони он дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр хабаре набуд  

Минбаъд Рашидуддин дар идомаи баёни худ фаслеро овардааст, ки «ҳикояти таваҷҷуҳи Чингизхон баъд аз фатҳи вилояти Тожик ба ҷониби мухайям  (хаймагоҳ – С.М.)-и қадим ва аҳволе, ки дар он роҳ воқеъ шуд» ном дорад. Ин фасл бо ҷумлаи «баъд аз фатҳи билоди тожик» шурўъ гардида, зикри воқеаҳои соли 1223 ва «соли бузина»-ро тасвир месозад. «Билоди тоҷик» гуфтани муғулон, ки муаллиф овардааст, далели дигарест, бар ин нукта ки қаламрави густурдаи Эрону Осиёи Марказиро муғулҳо ба ҳаққ «вилояти тожик» ё «билоди тожик» мехондаанд. Дар ҷои дигари асараш Рашидуддин дар хусуси ҷонишини Ҳулоку таъйин гаштани писараш Абоқо ва он, ки ўро «бар сари муғулу тожики Эронзамин насб фармуд» сухан гуфтааст. 

Аз ҷумлаи воқеоти ин фасл ривояти моҷарои бозгаштани лашкари муғул ба самти Муғулистон аст. Чингизхон ба Турконхотун – модари Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дастур медиҳад, ки пешопеши лашкар ба роҳ уфтанду «бо овози баланд навҳа бар мулк кунанд, то лашкариён бар эшон мегузаранд». Ин ҳам яке аз ҳодисаҳои дардноки ҳуҷуми муғул аст, ки шоҳзодаҳои хоразмӣ ба асорат бурда мешаванд, зеро шоҳону хонаводаҳои онон дар асрҳои миёна рамзи вуҷуди давлат ва ба асорат омадани онҳо маънии суқути мамлакатро дошт. Чингиз бо ин амали хеш мехост оммаи мардум бидонанд, ки ба ҳукумати силсилаи хоразмшоҳӣ поён додааст. Дар қисматҳои баъдӣ муаллифи «Ҷомеъу-т-таворих» фасли дигаре бо номи  «ҳикояти расидани Чингизхон аз вилояти Тожик ба юрт» ва дар қисмати дигар ҳам зимни баёни воқеаҳои соли 1219 аз масири Чингиз ибораи «дар роҳи вилояти Тожик»-ро овардааст. Ҳамин тавр дар шаш мавриди дигар муаллифи асар истилоҳи «вилоёти тожик»-ро оварда, ҳаводиси марбут ба онро тавсиф менамояд. 

Дуввумин мавориди зикри истилоҳи «тожик» дар асари Рашидуддин пардохтан ба дастаи хосе аз мардуми тоҷик, ё ба истилоҳи худи муаллиф, лашкари тоҷик мебошад. 

Аз баёни Рашидуддин чунин бармеояд, ки пас аз якрўя гаштани кор ва пирўзии қотеъ ба даст овардани муғулҳо дар сарзамини тоҷикон, афроде аз ин тоифа ба умури давлатдориву лашкар ҷалб карда мешаванд. Дар чанд маврид Рашидуддин ишора ба вуҷуди низомиёне аз миёни мардуми тоҷик, ки дар хидмати муғулҳо буданд ва дар ҷои дигар аз «лашкари тожик» сўҳбат ба миён овардаст. Яке аз ин ҳикоёт, дар хусуси Қойду ном саркардаи муғул аст, ки аз насли Ўгитойқоон буда, пас аз марги падараш дар урдуи Чингиз тарбият меёбад. Ў бар асари зиддиятҳои дохилӣ аз итоати хон ва дастуроти Ёсо (маҷмўи қонунҳои чингизӣ, ки риояи онҳо барои ҳама ҳатмӣ буд) сарпечӣ ва ёғӣ мегардад, ки ба сабаби  «ёғигарии ў бисёр лашкари муғул утожик нест шуданд ва вилояти маъмур хароб гардид». 

Муғулҳо ба воситаи шеваи хоси зиндагии худ (чодарнишинӣ ва биёбонгардӣ) аз таҳарруки ғайри қобили тасаввуре бархурдор буданд, тавре ки тибқи ривоёти боқимонда «хабари наздик шудани эшон бо дида шуданашон пушти давозаи шаҳр ҳамзамон буд». Рашидуддин аз лашкари пирўзу қудратманди муғул ҳикоёти зиёде овардааст. Бо вуҷуди таҳсину тамҷид аз лашкари муғул боз ҳам аз гуфтани воқеияти бебаҳси наслкушӣ (генотсид)-и ин лашкар лаб фурў набастааст.   

Дар асари худ Рашидуддин, аз тадбирҳои Ғозонхон (ки бо машварати худи Рашидуддин ҷорӣ шуд) аз маҷмўи ислоҳоти куллии ў хабар додааст, ки мувофиқи он «лашкарҳои муғулу тожикро зиёдат гардониду фармуд, ки сарҳадҳо ва сағр (марз –С. М.)-и мамолики мо Хуросону Форс ва Кирмону Бағдод ва Диёрбакру Руму Дарбанд аст ва аз якдигар бағоят дур уфтода». Ў дастур медиҳад, ки дар ҳар хонае, ки ду писар дорад, якеро ба лашкар гиранд ва махсусан таъкид карда, ки лашкари тожикро ба сарҳад гумошта, ҳамаро ҷомагиву иқтоъ дод, зеро «пеш аз ин лашкари тожик ҷомагии муайян меситуданду забте надоштанд». Дар идома менависад, ки амирони эшон ба баҳонаи кам буданаи лашкариён чанд ҷомагӣ мегирифтанд, яъне изофанависӣ мекарданд. Минбаъд дастаҳои саднафарӣ ва ҳазонафарии онро муайян гардонида дар дафтарҳо менигоштанд ва силоҳу теъдодашонро ҳар моҳ шумор мекарданд.

Ба навиштаи Рашидуддин пас аз он, ки шаҳри Димишқ бе ҷанг ба дасти Ҳулоку даромад (соли 1258),  барои барқарории амният «шаҳнаи муғул бо се нукари тожик муайян фармуд: Алоуддини Ҳошӣ, Ҷамолиддини Қазвинӣ ва Қозӣ Шамсиддини Қумӣ то забти умури мамлакати Димишқ мекарданд». Ин се нафарро, ки аз шаҳрҳои Эрони имрўзӣ буданд, Рашидуддин тожик меномад ва ҳамчунон дар хусуси эъзоми лашкаре барои тасхири шаҳри Мавсил (соли 1257) бо сардории Малик Садриддин Табрез хабар медиҳаду изофа мекунад, ки ин лашкар иборат аз «як тумон чирики тожик» буд.

Низоъҳои дохилии муғулҳо сабаб шуд, ки ҳар даста аз гурўҳи душманони худ асир гиранд. Ба навиштаи Рашидуддин, Ғохонхон дар идомаи ислоҳоти артиш фармоне содир менамояд, ки бар асоси он дигар асир гирифтану ба тожикҳо фурўхтани муғулҳоро манъ менамояд. Зеро ин ҳол салобату ҳайбати муғулҳоро мебурд ва «лашкари муғул…..дар назари тожик ҳақир мешаванд». Аз ин ҷиҳат мувофиқи ин фармон минбаъд ҳамаи муғулҳои ғуломшударо танҳо ба даргоҳи хон меоварданд ва лашкарро аз ҳисоби муғулҳо, ки тадриҷан нуфузашон кам мешуд, ороста месохтанд.

Истилоҳи маъмули «турку тоҷик», ки тақрибан тули 900 сол  дар осори насриву назмии мо (асрҳои XI-XIX, аз Байҳақӣ то Аҳмади Дониш) мукаррар омадааст, дар асари Рашидуддин ҳам чор бор вомехўрад. «Турку тожик», фарогири ҳамаи мардуми қаламрави империяи муғул, аз лашкару раият, хавосу авом, марду зан, сафеду сиёҳ ва билохира тоҷику ғайритоҷик мебуд ва бештар бо ибораи дигари «дуру наздик» ҳамқофия ниҳода мешуд.   

Саввумин мавриде, ки Рашидуддин дар иртибот ба он калимаи тожикро дар асараш овардааст, пардохтан ба бархе аз паҳлуҳои рўзгори мардуми тоҷик мебошад. Тоҷикон, дар тули таърих борҳо зарбаҳои ҷонкоҳ дидаанд ва ҳар боз худро дубора сохтаву қомати хамидарро рост кардаанд. 

Дирояту кордонӣ ва қобилияти баланди ташкилӣ доштани тоҷикон дар ҳамаи давру замонҳо маъруф буд. Бештарин вазирону коргузорони дарбори силсилаҳои ғайритоҷикии ҳудуди Эрону Осиёи Миёнаву Осиёи Хурд аз миёни мардуми тоҷик баргузида мешуданд. Рашидуддин дар хусуи умарову вузарои вилояти Хитой «ва маротиби эшон ва қавоиду завобите, ки эшонро аст ва мусталиҳоти он қавм» маълумот дода қайд месозад, ки «умарову вузаро ва навоби девон, ки тожик ва хитоӣ ва уйғур бошанд финҷон» меномидаанд. Сипас муаллиф қайд месозад, ки дар гузашта мансаби финҷон танҳо ба хитоиҳо медодаанд, вале акнун, яъне замони  Рашидуддин «муғулу тожику уйғурро низ медиҳанд» ва барои мисол меоварад, ки намояндаи қавми тоҷик «дар ин вақт…. Саййид Носируддин писарзодаи Саййид Аҷал ва ўро Саййиди Аҷал низ мегўянд ва дуввум Умар ифинҷон аз муғул ва саввум Тиккафинҷон аз уйғур» буданд.  

Рашидуддин аз хонҳои муғул ва «рафтори писандидаи» онон ҳикоёте меоварад. Аз ҷумла дар хусуси Ўгитойқоон менависад, ки ў ба тамошои гуштӣ майли зиёд дошт ва дар мусобиқоте, ки ташкил медод, асосан қипчоқҳо, хитойиҳо ва муғулҳо иштирок мекарданд, ва чун аз ҳунари гуштигирони хуросонӣ ва ироқӣ шунид, аз ҳокими ин маҳал Чурмоғун хост, ки беҳтарин гуштигиронро аз ин билод эъзом намояд. Чурмоғун аз Ҳамадон паҳлавон Фила ва Муҳаммадшоҳро бо сӣ нафар гуштигир мефиристад. Хоҷа Рашидуддин паҳлавони ин минтақа ва хосса сарвари эшон Филаро тожик меномад. Бо дидани Фила, ки ҷуссаву қомати мутаносибе дошт, хон хеле хушҳол шуд. Яке аз саркардагони муғул амир Илчидой дар ҳузури Ўгитойқоон, аз харҷи бузурге, ки барои овардану нигоҳ доштани ин паҳлавонон мешуд, изҳори таассуф мехўрад. Хон аз ў мехоҳад, ки ба ҷои ин афсўс хўрдан беҳтар, ки паҳлавонони худро биёварад ва бо эшон гуштӣ бигиранд. Барои ин мусобиқа Ўгитойқоон бо амир Илчидой шарт намуда, ҳар кадом маблағу моли зиёдро уҳдадор мегарданд.

Ўгитойқоон паҳлавон Филаро шабона ба базм хоста, дар хусуси мусобиқоте, ки қарор буд фардо баргузор гардад, сўҳбат орост. Рўзи дигар мусобиқаи гуштигирӣ бо ҳузури хон ва мардуми зиёд доир мешавад. Ба навиштаи Рашидаддин Фила бузургтарин гуштигири муғулро «чунон бар замин зад, ки овози устўхонҳои ў ба дуру наздик расид». Ўгитойқоон ба Фила маблағи зиёде ҳадя дода, духтари моҳрўи муғулро низ ба ў мебахшад. Пас аз чанд рӯз Ўгитойқоон рўзе бо шўхӣ аз духтари инъомкардааш мепурсад, ки «тожикро чӣ гуна ёфтӣ?», духтар иброз медорад, ки тожик ҳанўз ба ў наздик нашудааст. Пас аз истинтоқи хон, сабаби муошират накардани худро паҳлавони тоҷик Фила чунин баён медорад: «чун дар бандагии султон ба паҳлавонӣ шўҳрат ёфтаам ва кас бар ман ғолиб наёмад, агар бо он кор (омехтан бо зан – С.М.) машғул шавам, қуввати ман соқит гардад». Ин ҷавоб хонро хўш омаду фармуд, ки: «ғараз он аст, ки аз ту фарзандон ҳосил шаванд ва минбаъд туро аз мубоҳот дар гуштӣ маоф доштам». Дар сабаби нигоштани ин достон Рашидаддин менависад, муғулҳо дар масъалаи мубошират бо занон ба тоҷикон масал мезадаанд. Яъне муғулон миёни ҳам мегуфтаанд, ки  дар кори муоширату муошиқа бо занон тоҷикон машҳур будаанд. 

(Идома дорад).

 

Сайфуллоҳи Муллоҷон – сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика