Имом Ғазолӣ мефармояд...

Имом Ғазолӣ мефармояд, ки бар ҳар узве аз аъзои бадан закотест, ки адои онҳо воҷиб мебошад:

1. Закоти қалб, тафаккур дар азамат, ҳикмат, қудрат ва неъматҳои Худованд аст.

2.Закоти чашм, нигаристан ба махлуқоти Худо ва дидани муқарароти ӯ ва ибрат гирифтан аз онҳо ва низ фурӯ бастани чашм аз маҳрамоти ӯ мебошад.

3.Закоти гӯш, шунидани ҳар он чизест, ки сабаби наҷот мешавад.
Закоти забон, нутқ ба он чи, ки сабаби тақарруб ба Худост.

4.Закоти даст, даст кашидан аз мункарот ва бадиҳо ва ба кор бурдани он дар умури хайр аст.

5.Закоти по, гом бардоштан дар масире, ки салоҳи қалб ва саломатии дин дар он аст.

Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика