Ба ҳамагон маълум аст, ки мақом ва нақши созандаи илму маорифро дар пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум Пешвои миллат дар ҳар Паёми солона ва ҳатто дар ҳар суханронияшон бахшида ба иду ҷашнҳои мухталиф таъкид менамуданд. Аммо дар Паёми имсолаи худ, ки дар таърихи 28.12.2024 сурат гирифт, Пешвои муаззами миллат ба мавзуи мазкур таваққуфи махсус зоҳир намуда, бори дигар таъкид намуданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Саҳми созандаи илму маорифро дар пешрафти ҷомеа ва сатҳи накӯаҳволии мардуми он ба хубӣ дарк намуда, Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки муносибати ғайриҷиддӣ ба мактабу маориф барои миллат ва ҷомеаи он мушкилоти гуногун эҷод менамояд. Дар ин хусус дуруст таъкид намуданд, ки «…то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд». Бидуни шак фармудаҳои Пешвои муаззами миллат хеле воқеъбинона буда, воқеияти имрӯзаи мардуми аз илму маориф дурро хеле барҷаста инъикос менамоянд. Чӣ хеле ки ҳамагон мебинем ва мешунавем, танҳо онҳое, ки аз мактабу маориф дуранд, пойбанди муқаррароти асримиёнагӣ буда, дар ботлоқи ҷаҳолат ғӯтидаанд ва на танҳо худ, балки тамоми миллатро дар назди ҷомеаи башарӣ ҳақиру нотавон ва хору залил муаррифӣ менамоянд. Қишри мазкур дар зиндагӣ ба сабаби ҷаҳолат ва дурӣ аз мактабу маориф ба ҷуз аъмоли ҷиноятӣ чизи дигареро барои худ тарзи ҳаёт қабул карда наметавонанд. Пешвои муаззами миллат илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати дохилии худ муаррифӣ намуда, барҳақ хулосагирӣ намуданд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад». Қобили зикр аст, ки баёни панди мазкури воқеъбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бесабаб нест. Зеро: - суръати баланди рушди илму маориф, ки дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мерасад, хеле мутаассиркунанда мебошад. Пешвои миллат аз кишвари аз Тоҷикистон хурдтаре ёдовар шуданд, ки маҳз тавассути фурӯши идеяҳо ва кашфиётҳои худ ба кишвари худ 35 миллиард доллар фоида ворид менамоянд. Ҳатто хонандагони кишвари мазкур тавассути ихтироҳои худ як миллиард доллар фоида ба даст меоранд; - хеле васеъ ва маҳсулнок истифода гардидани дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар ҳаёти маишӣ-маданӣ, инфрасохторҳои саноатӣ ва амалиётҳои мухталифҳадафи ҷомеаи имрӯза зиндагии одамонро ба маротиб сабук намуда, ба он ҳусну ҷилои нав бахшидааст; - ҳамчунин коркарду рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷомеаи башарӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид шудаасту муносибати боз ҳам ҷиддитарро ба илму маориф дар кишварамон тақозо менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар кишвар чандин озмунҳо доир мегарданд. Озмунҳои мазкур маҳз ба хотири ҷалб намудани шумори ҳар чӣ бештари аҳли кишвар ба илму дониш ва тақвият бахшидан ба раванди донишомӯзию илмҷӯйӣ сурат мегиранд. Хеле хурсандибахш аст, ки имрӯз дар се озмун – Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърих», чуноне ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд. Чӣ хеле ки дида мешавад, ташаббуси мазкури Пешвои муаззами миллат воқеан ҳам хеле маҳсулнок ва натиҷабахш мебошад. Чизе, ки ба хурсандии ташнагони илму маърифат ва ватандӯстони ҳақиқӣ хурсандии бемисл зам менамояд, бо амри Президенти кишвар барои се озмуни зикршуда ҷудо гардидани беш аз 23,5 миллион сомонӣ ва зиёда аз се маротиба зиёд гардидани ҳаҷми мукофотпулиҳо мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин ибтикору ташаббусҳои хирадмандона ва сарнавиштсози Пешвои муаззами миллат барои ба илму маърифат ҷалб гардидани ҷавонон ва дар зеҳни онҳо тавлид намудани эҳсоси худшиносии миллӣ иқдоми ниҳоят ҷиддӣ буда, дар пешгирии хурофоту тавсеа ёфтани андешаҳои ифротии динӣ дар байни онҳо саҳми хеле бузург мегузорад. Пешвои муаззами миллат сиёсати маорифпарваронаи худро муттасил идома дода, дар Паёми имсолаи худ оид ба 30 дар сад зиёд намудани маоши кормандони соҳаи таҳсилоти миёна ва 20 дар зиёд намудани дигар соҳаҳо иттилоъ дода, мақоми афзалиятнок доштани соҳаи маорифро бори дигар таъкид намуданд. Дар баробари пешрафтҳо ва дастовардҳо Пешвои муаззами миллат ба баъзе ҷанбаҳои заъф, ки воқеан ҳам ислоҳталаб мебошанд, ишора намуданд. Яке аз ин ҷанбаҳо ислоҳи сифати таълим ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам кишваре, ки дар гузашта бо донишмандони мумтоз ва илми пешрафтааш дар тамоми соҳаҳо меболид, имрӯз дар пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми сазоворро соҳиб нест. Дар ҳолате, ки миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва илмпеша будани худро пайваста ёдовар мешавем, имрӯз дар кашфи асрори ҳастӣ ҳайрон мондаем. Вориси Синою Берунӣ, Хоразмию Розӣ будани худро пайваста таъкид менамоем, аммо бо кашфиёту ихтирои ҷаҳонгири худ руҳи онҳоро шод намегардонем. Паваста аз аҳли илм будани худ ҳарф мезанем, аммо дар амал аз аҳли дин будани худ ифтихор менамоем. Хулоса, ҳастии иҷтимоии мо бо табиати аслиямон дар таоруз қарор дорад. Эҳсос мешавад, ки имрӯз миллат бояд бегонапарастиро тарк намуда, аз худ ҳамчун ҳувияти илмӣ дарак диҳад. Зеро ҳангоме, ки аҳли ин миллат бо илму асрори он машғул буданд, миллатҳои соҳибилми имрӯза дар хоби ғафлат қарор доштанд. Бинобар ин, дарёфти асли хеш аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли миллат маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат сифати илму маорифро дар мадди аввал гузошта, ислоҳи вазъро ногузир шумурданд ва дар ин самт масъулиятнокии баландро аз идораҳори дахлдор талаб намуданд. Пеш аз ҳама талаб намуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда шуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Дар Паёми имсола ҳамчунин пешниҳод гардид, ки барои таҷдиди назар намудани стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ низ чораҳои қатъӣ дида шавад. Пӯшида нест, ки кишвари мо ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо тамоми кишварҳо робитаҳои дӯстию ҳамкориро ба роҳ мондааст. Барои огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои илми ҷаҳонӣ донистани забони хоричӣ хеле муҳим ва зарур мебошад. Агарчанде аҳли ҷомеа дар ин самт ба дастовардҳои хуб ноил гардидаанд, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи забондонии шаҳрвандон ва ба ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ ворид шудан Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки омӯзиши забонҳои хоричӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Бешак, пешниҳоди мазкур яке аз иқдомҳои хеле наҷиб, саривақтӣ ва муҳиме ба ҳисоб меравад, ки дари илму маърифат ва асрори тамаддуни башариро барои насли ҷавон боз менамояд. Ҷойи шубҳае нест, ки Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, тақвият бахшидани илмро дар кишвар ҳадафи хеш қарор додаанд. Зеро «рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад», - таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат. Дар ҳақиқати баёншуда шакке вуҷуд дошта наметавонад, чун маориф заминаи рушди илм асту илм заминаи рушди иқтисодиёт ва иқтисодиёт бошад, дар навбати худ заминаи накӯаҳволии мардуму зиндагии шоистаи ӯ. Аз ин рӯ, дар партави дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намудани аҳли илму маориф гарави рушду пешрафти самараноки илму маориф ва заминаи зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар маҳсуб меёбад!
Абдухалилзода Кароматулло – муовини директори Маркази исломшиносӣ