Афсӯс, ки айёми шарифи Рамазон рафт,
Сӣ ид ба як мартаба аз дасти ҷаҳон рафт.
Афсӯс, ки сӣ пораи ин моҳи муборак,
Аз даст ба якбора чу авроқи хазон рафт.
Моҳи Рамазон ҳофизи ин галла буд аз гург,
Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт.
Соиби Табрезӣ
Баъд аз охири моҳи шарифи рамазон рӯзи якуми моҳи шавол иди Фитр аст. Эътиқодмандону дӯстдорони рӯзадор бо як ваҷду салиқаи имонӣ баҳри хуш истиқболи ин рӯз омода мегарданд. Бояд гуфт, ки ид аз решаи “авд” гирифта шуда ба маънои баргашт ва боз омадан ва дар истилоҳ он рӯзеро гуфта мешавад, ки ҳамасола дар он суруру хурсандӣ авд кунад- боз ояд.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки ид дар фарҳанги исломӣ аз дастовардҳои инсонӣ ва идҳое, ки дар миёни миллатҳои дигар дида мешаванд, куллан фарқ мекунад. Иду ҷашнҳо дар урфу одоти ғайриисломӣ, умуман, маросими хушиҳо сирф моддӣ ва баҳрамандӣ аз барномаҳои ҳунари ба шумор рафта, бештар бо баргузории чорабиниҳои фароғатӣ ва як қатор ҷашнҳои фарҳангӣ таҷлил мешаванд.
Аммо ид дар истилоҳи исломӣ як эҳтирому бузургдошти ибодатӣ- фарҳангӣ ва барномаи рушди маънавӣ ва таҷлилӣ иҷтимоӣ буда, ба маънои изҳори минатдорию сипос ва шукургузорӣ аз неъмати анҷоми фаризаи илоҳӣ, намоиши ҷилвагоҳ ва зуҳуру намоён шудани ҳамбастагии динӣ ва таҳкими пайвандҳои имонӣ дар миёни қишрҳои ҷомеа аст. Аз ин хотир, он бо чорабиниҳои ибодатӣ –додани садақаи Фитр ва баргузории намоз дар рӯзи иди Фитр ва баргузории намози ид ва забҳи қурбонӣ дар рӯзи иди Қурбон- оғоз ва бо табрику шодбошӣ якдигар ва зиёрати хешону наздикон хотима меёбад.
Дар охир њаминро гуфтаниам, ки саломҳои табрикотӣ ва шодбошиҳои идонаи худро ба ҳамаи мусулмонон тақдим менамоем ва онҳоро пешакӣ бо истиқболи иди саъиди Фитр таҳният мегӯем!
Идатон, эй рузадорони моҳи Рамазон, фархунда ва рӯзгоратон хушу обод бошад!
Худованд дар ҳадиси қудсие мефармояд: “Муҳаббати ман барои дӯстикунандагони дар роҳам, ҳамнишинони дар роҳам, дидорбинандагони дар роҳам ва сарфкунандагони дар роҳам воҷиб гардидааст”.
Иди Фитр омаду рамазон гашт тамом ,
Бар шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!
Рӯзаҳотон ҳам дар пеши Худованд қабул,
Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом!
Изатту ҳиммататон шоҳиди таъйиду зафар,
Идатон хурраму шириниятон бод ба ком!
Наҷво
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.