Имрӯз ҳамкори муҳтарами мо мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Исоев зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзумандем.
Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.
Бо арзи эҳтиром ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон