Зиндагиномаи Имоми Аъзам дар сарчашмаҳои исломӣ

Зиндагиномаи Имоми Аъзам дар сарчашмаҳои исломӣ ба ду тариқ гирдоварӣ шуда, то замони мо расидааст:

 

а)Ба сурати китобҳои алоҳидаи маноқибӣ (тарҷумаиҳоли) аз қабили: 

 

1)“Маноқиб”-и Имом таҳовӣ (в.321ҳ.), 

 

2)“Туҳфату-с-султон фӣ маноқиби нӯъмон”-и Қозӣ Абӯлқосим Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Каъс (в.324ҳ.), 

 

3)“Фазоилу Абиҳанифата ва асҳобиҳи”-и Ҳофиз Ибни Абулавом Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Саъдӣ, 

 

4)“Ахбоу Абиҳанифата ва асҳобиҳи  ”-и Имом Абӯабдуллоҳ Аҳмад ибни Алии саймарӣ (в. 436ҳ.)

 

5)“Маноқиб”-и Шайх муваффақиддин ибни Аҳмади Хоразмии Маккӣ (в. 568ҳ.), 

 

6)“Маноқиб”-и муҳаддис Алӣ ибни Султони Қорӣ в. (1014ҳ), 

 

7)“Ал-интисор фӣ имоми аимати –л- амсор”- и Абӯлмузаффа Юсуф ибни Абдуллоҳ маъуф ба Сибти ҷавзӣ (в.654ҳ.),  

 

8)“Маноқибу Абиҳанифата ва соҳибайҳи”-и Ҳофиз шамсуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Заҳабӣ (в.748ҳ.),  

 

9“Табйизу-с- саҳифа”-и Ҳофиз Ҷалолиддин Абдуаҳмон ибни абубаки Суютӣ (в. 911ҳ.), 

 

10)“Уқуду- л- ҷумон фӣ маноқиби Абиҳанифат аннуъмон”-и муҳаддис Муҳаммад ибни Юсуфи Солеҳии Димишқӣ (в. 942ҳ.), 

 

11)“ал- хайроту- л- ҳисон фӣ маноқиби-л-Имоми-л- Аъзам Абиҳанифата ан-Нуъмон”-и Аллома Шиҳобиддин Аҳмад ибни Ҳаҷари Ҳайтамии маккӣ (в. 873ҳ.) ва ғайа.

 

б) Ба сурати ривоятҳои алоҳида дар таълифоти табақотиву ахборӣ (тарҷумаҳолӣ ва сирати), ки намуна беҳтарини онҳо “Таърихи Бағдод”-и ҲофизАбӯбакр Аҳмад ибни Алии Хатиби Бағдодӣ (в. 463ҳ.), “Таҳзибу-л- камол”- Ҳофиз Ҷамолиддини Миззӣ (в. 742ҳ), “Тазкирату-л-ҳуффоз” ва “Сияру аъломи-н- нубало”-и Аллома Шамсиддини Заҳабӣ, “Ал- интиқо фӣ фазоили аимати-л- фуқаҳо” ва “Ҷомеу баёни-л-илми ва фазлиҳи”-и Ҳофиз Юсуф ибни Абдулбари Қуртубӣ (в. 463ҳ.), “Таҳзибу-л-асмо ва-л- луғот”и Абӯзакариё Шараффуддин Нававӣ (в.676.), “Ваффиёту-л-аъён” и муаррих Шамсуддин Аҳмад ибни Муҳаммад машҳур ба Ибни Халикон (в. 681ҳ.), “Шазароту-з-заҳаб”-и муаррих Абулфалоҳ Абдулҳай ибни Имод (в. 1089ҳ.), “Ал-мизон”-и Шаъронӣ ва амсоли он омадааст, маъмулан аз иснод (силсилаи ровиён) ва матни ривоят иборат мебошанд.

 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                     Исоев Н.

 

 

Яндекс.Метрика