Таъсиси мактаби фиқҳ дар Кўфа пеш аз ҳама ба ном ва шахсияти яке аз асҳоби Паёмбари Худо Абдулло ибни Масъуд мансуб мебошад, ки соли 21 ҳ. Аз ҷониби амирул мўъминин Умар (634-644.) ба ҳайси таълим диҳандаи улуми шаръӣ ба Ироқ фиристода шуда буд .
Ибни Масъуд (в.32ҳ. шаҳри Мадина) дар тўли 12 соли иқомат дар Кўфа тавонист мактаби ҳуқуқии исломиро дар ин шаҳр поягузорӣ намояд.
Баъдан намояндагони аҳли раъй дар ҳаллу фасли масоили фиқҳӣ баробари оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ бо таври васеъ аз усули қиёс истифода карда, бо қавоиди махсус масоилро хориҷ менамуданд, ки машҳуртарин намояндагони он дар Ироқ Алқама ан-Нахаӣ, Масруқи Аҷдаъ, Шурайҳ ал-Киндӣ, Иброҳим ан - Нахаӣ, Ҳамод ибни Абўсулаймон ва Абўҳанифа ан-Нўъмон буданд.
Нақши Салмони Форсӣ, (вафоташ соли 36 ҳиҷрӣ дар Мадоин) Саъд ибни Абўваққос, Аммор ибни Ёсир ва Абўмўсои Ашъарӣ бинобар муддате дар Кўфа иқомат доштанашон дар боби ба маркази улуми шаръӣ мубаддал кардани ин шаҳр низ кам нест.
Имоми Аъзам ба воситаи Ато, Икрима, Товус ва дигар фақеҳони машҳури он замон ба мактаби Ибни Аббос (мактаби фақеҳони Макка) ошноӣ пайдо намуда, тавассути Нофеу Солим ва Қосиму Сулаймон ибни Ясор ба фиқҳи Умару Ойиша, Ибни Умару Абўсаиди Худрӣ ва дигар намояндагони мактаби фиқҳии Мадина пайваст.Хусусияти асосии баҳраварии Имом аз макотиби фавқ пеш аз ҳама дар он зоҳир мешуд, ки ў ривояту осори донишмандони номбурдаро ба мизони тафаккури хоси фиқҳии мактаби фақеҳони Кўфа корбаст ва мавриди истифода қарор медод.
Ҳамзамон қайд намудан зарур аст, ки Умар ва Ойишаи Сиддиқа аз фақеҳоне маҳсуб мегардиданд, ки бо тафаккури амиқ, раъйи хосу қиёси шаръӣ ва дигар донишҳои марбут ба нусусу аҳкоми шаръӣ нисбат ба дигарон машҳуру мумтоз буданд. Имоми Аъзам маҳз бо баҳрабардорӣ аз тарзи тафаккур ва усули гузоришоти фиқҳии онҳо баъзе аз қавоиду усули фиқҳии мазҳаби худро бунёд гузоштааст.
Хулосаи далоили мазкурро метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Имоми Аъзам омўзиши улуми илоҳиро тибқи маъмул аз ҳифзи Қуръони карим шурўъ карда, бо фарогирии улуми шаръӣ ва ѓайра он аз қабили: ақида(калом), фиқҳ, ҳадис, тафсир, луѓат, сарфу наҳв, адабиёти араб, сират ва маѓозӣ дар назди донишмандони муътабари Кўфаю Басра ва Маккаю Мадина то маснади пешвоии мазҳаби хос- мазҳаби ҳанафӣ ба камол расида, асрҳост ки дар олами ислом ҳамчун ситораи дурахшон раҳнамо ва ҳидоятгари содиқу муътамади муслимин мебошад.
Шуҳрати Имоми Аъзам ҳанўз ҳангоми таълим дар ҳалқаи илмии Имом Ҳамод, ки 18 сол идома дошт, ба атрофу акноф печид. Ў бо эҷоди қавоиду усули хоси назарӣ, ки дар бознигарии тозаи Қуръону суннат зоҳир мегардад, барои ба сарчашмаҳои аслии шариат пайвастани мактаби фақеҳони Кўфа ва тавъам бахшидани мероси илмии гузашта бо усули илмӣ - истидлолӣ асосҳои мактабии иҷтиҳодии мазҳаби худро поягўзорӣ намуд, ки ҳадафи минбаъдаи он аз тариқи ташкили маҷмаи илмӣ бо ҷалби донишмандони табақоти гуногун ҳамаҷониба интишор додани улуми динӣ буд.
Исоев Н - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ