ЗАБОН - ҲАСТИИИ МИЛЛАТ

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рузгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

 

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Забони модарии мо аз нигоҳи таърихӣтамоми шебуфарозҳоро гузашта, тавассути гузаштагонамон ба мо мерос мондааст ва моро низ зарур аст, ки ин забонро покизаву беолоиш ба ояндаҳо мерос гузорем.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дошта, умри ҷовидонӣ бахшидааст.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихор намояд, ки маҳз ҳастии ҳамин забон дар масири таърих миллатро сарҷаъм карда, ба воститаи хизматҳои бузургу заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи худ ба монанди Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода дилнишину зебо боқӣ мондааст.Ин забон дар масири таърих бисёр марҳилаҳои тӯлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай намуда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, то имрӯз рисолати худро нигоҳ доштааст.

Вуҷуди ин забони таърихӣдар даврони истиқлол дар бунёди давлати миллӣ нақши бориз гузошта, ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ баромад менамояд, ки аз ҷониби Ҳукмати кишавр давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд, ки барои рушди забони модарӣ нақши муассир доранд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи сохторҳои дахлдор барои рушди забони тоҷикӣчораҳои зарурӣ андешида истодаанд, аммо боз ҳам нофаҳмиҳо ва ё навиштаҳои нодуруст ба назар мерасад.

Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар баробари ҳифз ва рушди забони модарӣ, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ аҳамияти махсус медиҳанд, зеро бе донистани забони хориҷӣ имкони фаъолият кардан дар шароити бозаргонӣ маҳдудтар аст. Аммо, аҳамияти омӯзиши забони модарӣ аз забони хориҷӣ бештар аст, чуноне, ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ бештар барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.

Зеро, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, вазифадор аст, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, тавассути ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, азбар кардани шеърҳо ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои дуруст нигоҳ доштани забон зарур мебошад. Пешвои муаззами миллат дар яке аз Паёмҳои худ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, забони модарӣ ҳамчун оинаи пурҷило аст, ки симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад. Аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад.

Соҳибистиқлолӣ барои рушду пешравии забон, анъана ва дигар суннатҳои миллӣ имконоти навро фароҳам сохта, барои устувории хотираи таърихӣ ва аз нав барқарор намудани саҳифаҳои фаромӯшшудаи таърих мусоидат кард. Дар баробари ин, забони модарии мо тӯли таърихи чанд ҳазорсола бисёр миллату халқият, қавмҳои саҳронишину таҳҷоиро ба ҳам оварда, ба онҳо маданияти гуфтор, рафтор ва кирдори некро омӯхт. Баъзе миллатҳои ҷавон бо ин забон худро ҳамчун миллати алоҳида ташаккул дода тавонистанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони модарӣ ин кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули миллат мусоидат менамоянд, муҳим мебошад.

Бояд зикр намуд, ки забон яке аз нишонаҳои асолат, тамаддун ва миллати комил буда, ҳамқадами ҷамъият ва бо таърихи халқ тавъам масири тўлониро тай намудааст. Дар асари арзишманд ва пурмуҳтавои «Забони миллат - ҳастии миллат» зикр гардидааст, ки «танҳо забон аст, ки дар ҳамаи давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки бар сари он чӣ мусибатҳое оварда ва зарбаҳои муҳлик ба пайкараш зада шуданд. Борҳо хостанд аз реша нобуд кунанд ва бо ҳамин ният сад теша бар решапайвандаш задаанд, то фарру шукуҳи худро аз даст диҳад, вале аз ин захмҳо, чун дарахтеро, ки шохаҳояшро мезананд, ҷавонтару равонтар шуд. Аз таъсире, ки забонҳои бегона ба воситаҳои мухталиф ба забони тоҷикӣ расониданд, на танҳо асолати он коста гардида, ба таҳаввулоти сохториву маъноӣ дучор нагардид, балки таркиби луғавии он аз ҳисоби воҷаву таркибҳои иқтибосӣ бою рангин шуд, ки ин далели устувориву пойдории ин рукни ҳастӣ ба шумор меравад. Имрўз ба мисли забони тоҷикӣ кам забонеро метавон пайдо кард, ки осори хаттии ҳазорсолааш салису равон ва шевову фаҳмо бошад. Зеро ин гуна тақдир на ба ҳамаи забонҳо насиб гардидааст. Аз ҷумла, забони англисӣ, ки имрўз дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати зиёд дорад, осоре, ки чанд садсола қабл аз ин бо ин забон таълиф шудаанд, барои имрўзиён нофаҳмо ҳастанд ва танҳо мутахассисони соҳа ба воситаи луғатномаҳои махсус матолибро дарк мекунанд. Зеро, ин забон ба таҳаввулоти ҷиддӣ рў ба рў шудааст.

 

Забон ин ҷисми миллатро камар бошад,

Тавону қудрати мағзи башар бошад,

Яқин маҳсули фикри борвар бошад,

Камоли илму фарҳангу ҳунар бошад,

 

 

Искандаров Шарафҷон – шуъбаи пажӯҳиши қуқуқи исломӣ

Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

 

Яндекс.Метрика