Имом Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ (ваф. ваф. 342 ҳ./953м.) фақеҳи машҳури садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ (а.10м.) - аҳди Сомониён мебошад, ки осору таълимоташ дар ташаккули мактаби эътиқодӣ ва фиқҳии ҳанафӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон нақш ва таъсири бузург доштааст. Аз ҷумлаи осори Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ китоби «Ас-саводу-л-аъзам» аст, ва яке аз сарчашмаҳои кўҳани мардуми Мовароуннаҳру Хуросон дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад. Ин китоб ва ё рисоларо Ҳакими Самарқандӣ бо дастури амири вақти сомонӣ амир Исмоили Сомонӣ ва бо машварати фақеҳони бузурги Мовароуннаҳр соли 290 ҳ./902-903м. ба забони арабӣ таълиф намудааст. Китоби мазкур дар аксари сарчашмаҳо бо унвони "Рисола дар аҳкоми фиқҳи ханафӣ" низ ном бурда шудааст. Дар мавриди сабаби таълифи ин китоб дар оғози он чунин омадааст: "Амири одил - Исмоил бифармуд мар Абдуллоҳ ибни Абиҷаъфарро ва боқӣ фуқаҳоро, ки: "Баён кунед мазҳаби рост ва тариқи суннату ҷамоат - он ки падарони мо бар он будаанд". Пас аимма ва ў ишорат карданд ба Хоҷа Абулқосими Самарқандӣ ва онро гуфтанд: "Пайдо кун моро роҳи рости суннату ҷамоат, он ки пайғамбар, алайҳиссалом, бар он буд. Ва бифармуд, то тасниф кард ин китобро ба тозӣ (арабӣ) ва ба наздики амири Хуросон оварду арза кард. Ҳама писандиданду гуфтанд: "Роҳи рости суннату ҷамоат ин аст". Пас амири Хуросон бифармуд, ки: "Ин китобро ба порсӣ гардонед, то чунон ки хосро бувад, оммро низ бувад ва манфиат кунад ва мазҳабро некў бидонанд ва аз ҳаво ва бидъат дур бошанд". Тибқи ахбори сарчашмаҳо тарҷумаи форсии он бо фармони амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ тақрибан дар соли 370 ҳ./980 – 981 м. сурат гирифтааст.
Тарҷумаи ин асар аз намунаҳои куҳантарини наср ва сабки тарҷумонии порсизабонон аст. Дар рисола мавқеи мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоатро ба забони шевои форсии тоҷикӣ доир ба масъалаҳои эътиқодӣ бо далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ ва сабки равону сода баён гардааст, ки то имрўз дар ин самт дастури хоссу ом аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур ба шарофати Истиқлолияти миллӣ касб кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хати кирилӣ баргардон ва ба нашр расидааст. Нашри аввалии он аз ҷониби устодони вақти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Н.Салимов ва Н.Зоҳидов. дар соли 2009. сурат гирифт. Сипас, кормандони Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Ф., Рустам Азизӣ, С.Шаҳобиддинов ва М.Наҷотзода матни пурраи онро бо таҳрир ва шарҳу тавзеҳот ба нашр омода карданд. Дар зимн, дар ин нашри китоб ҳамчунин матни «Мунтахаби тарҷумаи «ас-Саводу-л-аъзам», ки аз тарафи Хоҷа Муҳаммади Порсо (ваф.822ҳ./1419м.) таълиф шудааст, низ замима гардидааст. Матни «Мунтахаб»-ро муҳаққиқ шодравон Саиднуриддин Шаҳобиддинов дар асоси ду нусхаи хаттии муътабар ва қадимаи он, ки яке дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дигаре нусхаи дастхати маҳфуз дар Китобхонаи Маҷлиси шурои исломии Эрон дар Теҳрон мебошад, ба хатти кирилӣ баргардон кардааст. Хоҷа Муҳаммади Порсо кўшидааст он чи дар матни аслии китоб омадааст онро мухтасар намуда, бо баъзе иловаю тағйирот пешкаши хонанда гардонад. Он чи дар асоси ин ду нусхаи дастнавис бо номи «Мунтахаби тарҷумаи «Саводу-л-аъзам» таҳия шудааст, аз ҷиҳати ҳаҷм хеле мухтасар буд, ҳамагӣ 37 сафҳаро дар бар мегирад. Танҳо матни асосии чопшудаи «Саводу-л- аъзам» 185 сафҳаи китобро ташкил медиҳад. Аз муқоисаи ҳарду матн чунин бар меояд, ки новобаста аз он ки матни «Мунтахаб» мухтасар шуда бошад ҳам баъзе фарқият ва тағйиротро дар онҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар матни аслии китоби «Саводу-л-аъзам» чунин омадааст: «…пас бояд донист, ки ҳеч кас ба гуноҳ кофир нашавад…сеюм аз паси ҳар неку бад намоз кунед, ва намози идайн ва одина бигзоред; чаҳорум ҷиҳод бикунед бо душманон ва ёрӣ кунед амиронро, ҳарки одил бошад ё ҷобир…» (с.35). Ҳамин гуфта дар «Мухтасари тарҷумаи «Саводу-л-аъзам» ба шакли зер баён мешавад: «…Кофир махонед касеро, ки аз аҳли миллати шумо бошад ба гуноҳ, агарчи гуноҳи кабира дорад. Ва аз паси ҳар неку бад намоз кунед; панҷ намоз ва намози одина ва идайн. Ва ҷиҳод бикунед бо кофирону душманони дин. Ва ёрӣ диҳед амирони худро, ҳар амире, ки бошад ҷойир ё одил ...». Аз ин мисолҳо бар меояд, ки Хоҷа Муҳаммади Порсо илова бар кўтоҳ кардан, ҳамчунин вожаю ибораҳое низ аз худ ба матни китоби асл илова кардааст, мисли аҳли миллат, ҷойир, панҷ намоз, кофирон. Ҳамчунин, дар матни аслии китоб омадааст: «Масъалаи чиҳилу панҷум он аст, ки масҳ бар мўза ҳақ аст ва ҳақ бинад. Ва чун бар мўза масҳ кашад, чун мўза берун кашад, пой бояд шуст ва агар нашўяд, аз паси вай намоз раво набошад. Ва ҳар ки бар мўза масҳ раво набинад ва бар пойи бараҳна раво бинад, ў ҳаводор ва шиӣ ва рофизӣ бошад. Ин миқдор бас бошад хирадмандро». Ҳамин мазмун дар «Мунтахаб» чунин зикр шудааст: «Ва масҳи мўза дар ҳазар як шаборўз ва дар сафар се шаборўз, чунонки Расул (с) фармудааст, ҳақ бинад. Ва ҳар ки бар мўза масҳ раво набинад ва бар пои бараҳна раво дорад, рофизӣ ва шиӣ ва ҳаводору гумроҳ бошад». Ба ҳамин минвол метавон намунаҳои зиёдро овард, аммо ба назари мо ин амал як баррасии алоҳидаро мехоҳад, ки дар оянда анҷом хоҳем дод.
Дигар ин ки тарҷумаи аввали «Саводу-л-аъзам» аз шасту як масъалаи эътиқодӣ иборат мебошад, ки муаллиф ба ҳар яки он бо овардани далелу бурҳонҳои нақлию ақлӣ посух додааст. Дар «Мунтахаб» бошад масъалаҳо шуморагузорӣ нашудаанд ва аксари ҷавобҳо ба таври мухтасар омадаанд. Дар маҷмуъ, баъзе тафовутҳо ва иловаҳои дар матни «Мунтахаб» воридкардашуда дар асл ба мазмуни умумии он таъсири ҷиддӣ надоранд ва қимати онро низ коста намекунанд.
Рисолаи «Саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ муддати тулонӣ ҳамчун сарчашмаи аслӣ дар баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоати ҳанафӣ дар байни суннатгароён корбурд дошт ва бегумон яке аз сарчашмаҳои арзишманд дар шинохтиу омўзиши мактаби ҳанафиёни шарқӣ мебошад. Муҳаққиқон ва таҳиягарони ин рисола дуруст ва дақиқ қайд мекунанд, ки "Саводу-л-аъзам" китоби одӣ нест, балки он як ҳуҷҷати расмии ба тасвибрасидаи давлатӣ ва меъёри ҳуқукии муносибатҳои миёни давлат ва раият дар замони худ ба шумор меравад. Барҳақ ин китоби муътабар дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин ҳуҷҷати расмии ҳуқуқиест, ки давлат ва раият танҳо дар чаҳорчўбаи он ҳаққи амал карданро доранд. Ҳар ҳоким фақат баъд аз эътироф кардани ин ҳуҷчат ва ба уҳда гирифтани риояи ҳамаи талаботҳои дар он ҷойдошта ҳуқуқи шаръии идора кардани умури раиятро пайдо мекард ва раият дар ин сурат дигар ҳақ надошт, ки ба чунин ҳоким мухолифат варзад ва аз амру фармонҳои вай саркашӣ кунад. Гузашта аз ин, нақши ин китоб дар ташаккулёбии халқи тоҷик ва баланд бардоштани мақому мартабаи рукни асосии миллат –забон беандоза бузург аст. Маҳз ба шарофати ин китоб буд, ки аввалин бор забони тоҷикӣ (форсӣ) расман мақоми умумидавлатӣ касб кард ва бешак санаи содир шудани фармони Нуҳ ибни Мансур дар бораи аз арабӣ ба забони тоҷикӣ (ба таъбири он замон «порсӣ») тарҷума кардани "Саводу-л-аъзам" дар воқеъ ин санаи расман эътироф кардани забони тоҷикӣ ба сифати забони умумидавлатӣ дар қаламрави давлати Сомониён маҳсуб мешавад». Яъне. ин ибтикори амирони Сомонӣ дар бобати таълифи асарҳои динию мазҳабӣ мисли «ас-Саводу-л-аъзам»-и ва тарҷумаи тафсири Қуръон («Тарҷумаи Тафсири Табарӣ», «Тафсири Қуръони пок» ё «Тафсири пок», «Тафсири Куръони маҷид) ба забони модарии мо барои дар дини ислом ҳукми қонунӣ пайдо кардани ин забон ва ба сифати забони дувуми ҷаҳони ислом эътироф шудани он заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҳияи М.Шодиев