...Таъкид кардан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расидааст, ки мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда мебошад, то ин ки иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.
Ҳамчунин ашхосе, ки талабот ва тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим риоя наменамоянд, нисбат ба онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад. Тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқваронкунии маъмурӣ, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 120, ба шахсони мансабдор аз 250 то 270 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати амалӣ намудани қонун дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ таъсис дода шуданд, ки тибқи низомномаҳои аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тасдиқшуда амал мекунанд. Аз таҳлили фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим чунин хулоса бармеояд, ки қонуни мазкур дар давоми 16 соли амалкарди худ, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, умуман, имрӯз аз тарафи мардум хуб риоя мегардад. Манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаҳое, ки дар зарфи 16 соли татбиқёбии ин санад ҳосил шудаанд, дар ҳисоботҳои омории ҷашну маъракаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеле равшан инъикоси худро ёфтаанд.
Аз муқоиса ва таҳлили маълумоти омории ҷашну маъракаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷа гирифтан мумкин аст, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат нисбат ба санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ беҳтар дар амал ҷорӣ шуда истодааст. Фазилатҳои хуби ин қонунро мардуми Тоҷикистон сол то сол хубтару бештар дарк намуда истодаанд. Як фазилати хуби ин қонун дар он аст, ки барои камхарҷ шудани ҷашну маросим шароити мусоид фароҳам овард, дар натиҷа, мардуми камбизоат низ барои анҷом додани хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва дигар ҷашну маросими маъмулӣ имконияти молиявӣ пайдо карданд. Масалан, танҳо дар се моҳи нахустини татбиқи қонун (моҳҳои июн, июл, августи соли 2007) нисбат ба се моҳи ҳамин давраи соли 2006, баргузории тӯйи хатна 3843 ва тӯйи домодию арӯсӣ 5899 адад зиёд гардид [4, 141-143].
То қабули қонун дар ҷумҳуриамон барои баргузории як туйи арӯсию домодӣ аз ҳарду ҷониб аз 15 то 30 ҳазор сомонӣ маблағ масраф мегардид. Барои ҳамин, аксарияти шаҳрвандони камбизоат ба хотири анҷом додани ҷашну маросими хонадоршавӣ аз бонкҳо, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва дигар ашхос қарз мегирифтанд, ки ин ба сатҳи зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонид. Мутобиқи таҳлили коршиносон, агар дар миқёси ҷумҳурӣ солҳои пеш дар 4598 хатнасур беш аз 7,3 миллион доллар маблағ хароҷот шуда бошад, пас аз қабули қонун дар баргузории 6253 хатнасур ҳамагӣ 3 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст [4, 141-143].
Умуман, натиҷаҳои амалкарди қонунро ҷамъбаст намуда, бо итминони комил метавон гуфт, ки қонуни мазкур барои баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва имконияти молиявии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст. Масалан, тибқи нишондодҳо, дар тӯли 16 соли охир ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар афзудааст, ки ин ҳам аз дастовардҳои қонуни мазкур шаҳодат медиҳад.
Пасандозҳое, ки шаҳрвандон аз ҳисоби кам шудани хароҷоти ҷашну маросим ба даст меоранд, барои баланд бурдани сатҳи зиндагӣ, таълиму тарбияи фарзандон, сохтмони манзили истиқоматӣ, хариди ҷиҳози хона ва дигар зарурати зиндагӣ истифода мешаванд. Тибқи маълумоти омории ҷашну маъракаҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 8 соли пас аз қабули қонун аз ҳисоби камхарҷ баргузор кардани ҷашну маросими миллӣ дар ҷумҳурӣ қариб 10 миллиард сомонӣ фоида ҳосил шудааст.
Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фишори хароҷоти ниҳоят сангини ҷашну маросими миллиро барои мардуми камбизоат коҳиш дода, ба онҳо имконият медиҳад, ки ҷашну маросими суннатии худро бо харҷи камтар баргузор кунанд.
Ҳамзамон, ёдовар шудан бамаврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат бозида истодааст.
Таҳлил ва омӯзиши риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» водор менамояд, ки дар баробари усулҳои қонунии танзими маърака ва анъанаҳо, аз овони хурдӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як оила ба роҳ мондани тарбияи иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон, омӯзондани ахлоқ, одоб ва моҳияти баргузории маъракаҳои оилавӣ ба ҷавонон ва оини дурусти сарфаю сариштакорӣ зарур мебошад.
Рафти иҷрои қонуни мазкур, натиҷагирӣ аз он ва миннатдории пайвастаи шаҳрвандони кишвар ба унвони Сарвари давлат, далолат бар он дорад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яке аз бузургтарин дастоварди қонунгузории кишвар аст. Он ҳимояи бевоситаи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро ҳадафи худ қарор дода, дар кори баланд бардоштани маданияти маъракаороӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст.
Ҳар як санади меъёри ҳуқуқие, ки қабул мегардад қабл аз ҳама ба заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ асос ёфта, ифодагари шароиту имкониятҳо ва вазъи ҳамон давру замон маҳсуб меёбад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун нахустин санади миллӣ дар таҷрибаи қонунгузории кишвар дар зарфи 16 сол самараҳои назарраси худро ба бор овард. Ба ибораи дигар, қабули қонуни мазкур дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллиро ба вуҷуд овард. Аз қабули қонун муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, фарҳанги маъракаороии мардуми диёрамон такмил, тафаккури шаҳрвандон куллан тағйир ёфта, зиндагӣ ба маҷрои нав ворид гардид.
Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ бағоят бузург аст. Чунки дар натиҷаи ба низом даровардани баргузории тӯю маъракаҳо ва маросими гуногуни мардумӣ шаҳрвандон тавонистанд, ки аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани маросимашон пасандозҳояшонро зиёд намуда, объектҳои хурду миёнаии истеҳсолии худро ба кор андозанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ низ заҳматкашон аз ҳисоби камхарҷ намудани маросими худ тавонистанд заминҳои бекорхобидаро аз нав зироаткорӣ намуда, дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор бошанд. Сол то сол дар ҷумҳурӣ заминҳои корам зиёд гашта, деҳқонон имконият пайдо намуданд, ки аз ҳисоби пасандозҳояшон сардхонаҳо сохта, ҳосили ҷамъкардаи худро бо нархи фоиданок ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Айни замон деҳқонони тоҷик имконият пайдо намудаанд, ки аз ҳисоби сохтани гармхонаву сардхонаҳо тамоми фасли сол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маҳсулоти кишоварзии тару тозаи дохилӣ таъмин намоянд [6, 289].
Дар давраи амали қонун дар тафаккури мардуми кишвар андешаи нав ворид гардид, ки ба ҷуз ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавиро низ дар бар мегирад. Яъне, қабули қонун дар баробари масъулият рисолати дигареро бар дӯши мардум гузошт, ки он тарбияи маънавию ахлоқӣ мебошад. Мардум бо дарки баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба талаботи қонун муносибат намуданд. Масалан, пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид шудани маъракаи чиллагурезон ва гаҳворабандон ба гурӯҳи маросими оилавӣ то ин муддат дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамагӣ якчанд факти вайрон намудани қонун нисбат ба ин ду маъракаи оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки худ далели аз ҷониби ҷомеа риоя шудан ин меъёр мебошад. Агар ба маълумоти оморӣ рӯ орем, пас маълум мегардад, ки қонуни номбурда дар давраи амали худ самараҳои хубро дод. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани маъракаҳо тавонистанд ба манфиати худ маблағҳои зиёди пулиро сарфаҷӯӣ намоянд. Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули қонун се маротиба кам гардид. Инчунин, қабули қонун ба оилаҳои камбизоат имконият фароҳам сохт то ҷашну маросими худро бе сарфи маблағи зиёд таҷлил намоянд. Яъне, ҳамаи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим имконият пайдо намуданд. Аз ҷумла, он ба татбиқи Кодекси оила таъсири мусбати худро расонд. Теъдоди ақди никоҳи давлатӣ ба маротиб зиёд гардида, агар дар соли 2006 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 115 ақди никоҳ баста шуда бошад, пас аз қабули қонун дар давоми як сол, яъне соли 2007 ин нишондиҳанда ба 97 713 расида буд. Чуноне, ки муқоисаи нақшаҳои солонаи ҷамъбастӣ нишон медиҳад, пас аз қабули қонун, ҳамасола шумораи тӯйҳои домодию арӯсӣ ва ақди никоҳ тақрибан дар як сатҳ қарор гирифтааст [5]. Ба шаҳрвандон имконият фароҳам омад, ки аз ҳисоби камхарҷ кардани маросимашон сехҳои хурди ресандагию бофандагӣ бунёд намуда, ҳунарҳои қадимии худро ба монанди қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ кулолгарӣ ва ғ. аз нав эҳё намуда, даромади хуб низ ба даст оранд [6, 289-290].
Ҳамин тариқ, қабули қонуни танзим дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳим, тақдирсоз ва воқеан инқилобӣ буд. Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки татбиқи қонуни мазкур дар шароити бӯҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хӯрока, барои амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти моддию молиявии мардум минбаъд низ мусоидат менамояд.
Рӯйхати адабиёт:
1.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8.06.2007, №272.
2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.08.2017, №1461.
3.Мальцев Г.В. Происхождение и ранние формы права и государства // Общие проблемы теории права и государства / Под ред. В. С. Нерсесянца. М., 2002. –С. 49.
4.Муродов М. Ш. Танзими ҷашну маросимҳо тақозои вақт ва ба эътидоловарандаи адолати иҷтимоӣ // Маводи конференси IV Душанбегии байналмилалии илмию амалӣ, Душанбе, 20–21 сентябри соли 2012. С.141–143.
5.Олимов Фаррухулло. Қонуни танзим – мушкилкушои зиндагӣ. http://bahoriajam.tj/index.php/barakati–r–zgor77
6.Самадов Ҳ. Нақши қонуни танзим дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ//Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷ. 3. Душанбе, 2018. –С. 280-291.
7.Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 2018. –С. 15–18.
8.Философский энциклопедичекий словарь. М, 1983
Шоев З.– сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ;
Одинаева Ш.– сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ