Қобили зикр аст, ки таълимоти Имоми Аъзам дар баробари ҷанбаи таҳаммулпазирӣ аз талаботҳои принсипи дунявият низ баҳраманд мебошад. Дар робита ба матлаби баёнгардида бояд ёдовар шуд, ки тибқи ақидаи муҳаққиқон дар мавриди аҳкоми шаръӣ дар ислом аз рӯзи аввал ду ақида вуҷуд доштааст. Тибқи ақидаи аввал аҳком ҳама аҳкоми тааббудиянд, яъне дар он ҳеҷ гуна асрор ва маслиҳат (ба маънои манфиат) вуҷуд надорад. Масалан, шаробхӯрӣ ва фисқу фуҷур ба хотири он амали нописандида ҳисобида мешаванд, ки шариат онҳоро мамнуъ эълом доштааст ва хайру закот ба хотири он амали нек ҳисобида мешаванд, ки шариат онҳоро таъкид намудааст, варна ин аъмол дар табиати худ нек ё бад намебошанд.
Имом Шофеӣ маҳз ҳамин ақидаро дастгирӣ менамояд. Дар баробари ин боз ақидае вуҷуд дорад, ки тамоми аҳкоми шариат дар заминаи масолеҳ(манфиатҳо) бунёд ёфтаанд. Маслиҳат ва ғоят(ба маънои ҳадаф, мақсад)-и тамоми масъалаҳои муҳим дар Қуръон зикр шудаанд ва Қуръон низ ба муқобили кофирон чунин тарзи далеловариро истифода мебарад. Аз ҷумла, дар бораи маслиҳати намоз дар Қуръон гуфта мешавад: “Аз аъмоли фаҳш ва нописандида бозмедорад», дар бораи манфиати рӯза мегӯяд: «Эҳтимол парҳезгор шавед». Муҳаққиқи таълимоти Абӯҳанифа Шиблии Нуъмонӣ менависад, ки «мазҳаби Имом Абӯҳанифа ҳам ҳамин аст ва ин усул дар масоили фиқҳии ӯ риоят гардидааст ва дар асари ҳамин аст, ки фиқҳи ҳанафӣ комилан бо ақл ва мантиқ мутобиқат дорад». Ба ақидаи муҳаққиқи мазкур «ин иддаоро, ки мазҳаби Имом Абӯҳанифа бо ақл мувофиқат дорад, пайравони мазҳаби шофеӣ ва дигарон ҳам мункири он нестанд. Зеро дар назди онҳо аҳкоми шаръӣ, хусусан ибодат ҳар қадар аз ақл ба дур бошад, ба ҳамон андоза далолат бар сиҳҳат ва хубии он дорад. Имом Розӣ дар баҳси закот навиштааст, ки «Мазҳаби Имом Шофеӣ нисбат ба мазҳаби Имом Абӯҳанифа саҳеҳтар аст ва иллати он ин аст, ки мазҳаби Имом Шофеӣ аз ақл ва қиёс ба дур аст».
Аз маълумотҳои боло бидуни шак на танҳо ақлгароию таҳаммулпазирии таълимоти Абӯҳанифа собит мегардад, балки ҷанбаи дунявии ӯ низ ба зоҳир мерасад. Вақте Имом Абӯҳанифа дар ҳар як аҳкоми шаръӣ асрор ва маслиҳатеро мебинад, пас ин амал аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай омили дунявиро сарчашмаи аҳкоми шаръӣ маҳсуб медонад. Яъне, ҳар як амал вобаста ба нафънокӣ ва зарарнокии худ бояд мавриди ҳукм қарор гиранд. Дар заминаи манфиатҳо бунёд ёфтани аҳкоми шаръӣ ҳамзамон маънои онро дорад, ки шариат бояд манфиатҳои аҳли ҷомеаро ифода намояд. Дар акси ҳол он зарурат ва ногузирии худро аз даст медиҳад. Пас, дин ва шариат бояд барои ҷомеа бошанд, на ҷомеа барои дин ва шариати он. Ҳамин тавр, Имом Абӯҳанифа манофеи аҳли ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, ба таълимоти хеш хусусияти дунявӣ мебахшад. Аз дидгоҳи мазкури ӯ чунин хулоса ҳосил мегардад, ки агар манофеи ҷомеа муайянкунанда бошанд, ва онҳо бо дигаргун гардидану ба пешрафт ноил шудани ҷомеа тағйир ёбанд, пас аҳкоми шаръии бар асоси манофеъ бунёдёбанда низ бояд тағйир ёбанд. Яъне, аҳкоми шаръӣ наметавонанд муддати дароз бетағйир боқӣ монанд. Чун масолеҳу асрор тағйир ёфт, аҳкоми шаръӣ низ бояд тағйир ёбанд. Ҳамин тариқ, Абӯҳанифа дар асоси масолеҳ ва асрор бунёд ёфтани аҳкоми шаръиро мантиқан ва ба таври муътамад асоснок намуда, хусусияти дунявӣ доштани таълимоти худро сареҳатан ба маъраз мегузорад.
Ҳамин тавр, дар асоси таҳлилу баррасии ҷиддӣ ва амиқи таълимоти Имоми Аъзам ба чунин хулоса хоҳем расид, ки вай аллакай 1200 сол пеш зимни ташаккул додани таълимоти хеш доир ба баъзе аз масоили иҷтимоӣ маҳз манфиатҳои аҳли ҷомеа, ба қавли дигар манофеи як инсони мушаххаси ҷамъиятиро маҳак қарор дода, сатҳи баланди ақлонию таҳаммулпазирии таълимоти хешро ба маъраз гузоштааст. Ҳамин дурандешии амиқи Абӯҳанифа дар иддае аз масоили иҷтимоӣ ба таълимоти ӯ хусусияти дарозумрӣ бахшида, манфиатбахшу татбиқшаванда гардондаанд.
Абдухалилзода К.А.