ДМТ ҷавонони соҳибистеъдодро интизор аст!

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ ҷиҳати ислоҳу такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи мутахассисони донишманд мақому манзалати хоса дар кишвар дорад.

Донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, ифтихор аз он дорад, ки Пешвои муаззами миллат хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат мебошад.

Донишгоҳ дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад.

Имрӯз донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.

Аз саҳифаи pressa t.j

Яндекс.Метрика