Масъалаҳо оид ба гушти қурбонӣ
1.Гушти қурбониро фўрўхтан ҳаром аст. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард, бар ў лозим аст ҳамон миқдор пулро садақа кунад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 300-301;
2. Ҳафт нафар шарик шуда, молеро аз барои қурбонӣ хариданд, баъд маълум шуд, ки яке аз онҳо нияти гуштфуруширо дошта, дар ин сурат, шахси дигаре, ки нияти қурбониро дорад, он ҳиссаро ба нияти қурбонӣ бихарад, вагарна қурбонии ҳеҷяк аз онҳо дуруст намешавад.
3.Агар яке аз шарикон нияти қурбонӣ ва савобро надошта, балки ба нияти хўрдани гўшт шарик шуда бошад, қурбонии ин гуна шахс дуруст намешавад. Пас, агар дигар шарикон ин шахсро дидаву дониста бо худ шарик карданд, дар ин сурат, қурбонии ҳеҷяке аз онҳо дуруст намешавад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 304;
4.Агар дар як ҷонвар чанд нафар шарик бошанд, баъди гўштро майда кардан, онро вазн карда, тақсим кунанд, набояд онро тахминӣ тақсим кунанд ва барои хизматаш ба қассоб аз гўшти қурбонӣ диҳанд. Барои хизмати қассоб алоҳида бояд чизе диҳанд. агар ҳафт нафари шарикшуда ба хулосае омаданд, ки ҳамаи гўштро садақа мекунем, дар ин сурат, тақсим ва вазн кардани гўшт зарурат надорад.
Агар шахсони шарикшуда дар як ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз як ҷо хўрок мехўранд, дар ин сурат низ тақсим ва вазн кардани он зарурат надорад. . “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.317-329.
5.Як ҷонваре, ки чанд нафар дар он шарик аст, зарур нест, ки вақти забҳкардан номи ҳар яке аз шарикон гирифта шавад. Балки забҳкунанда дар дил нияти шарикҳоро дошта бошад, кофист.«Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ71;
6. Беҳтар он аст, ки гўшти қурбониро ба се ҳисса ҷудо кунанд, як ҳисса барои аҳлу аёл, як ҳисса барои дўсту рафиқон, як ҳисса барои тангдастону, камбағалон. Агар аҳлу аёл бисёр бошад, метавонад ҳамаашро истеъмол кунад. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 300;
7. Агар гўшти қурбонӣ аз назр ё васият бошад, дар ин сурат, тамоми гўштро ба бенавоён тақсим кардан лозим аст. Қурбоникунанда ва шахсони молдор аз он гўшт хўрда наметавонанд. «Раддул-л- мухтор”,ҷ.6, саҳ.327;
8. Агар шахсе ба нияти гўшт хурдани қурбонӣ кунад, нияти савоб ва ризоӣ илоҳӣ надошта бошад, Курбонии ў қабул намешавад. Бояд аз сари нав ба дилу нияти савоб қурбонӣ кунад.
Масъалаҳо оид ба пўсти қурбонӣ
1.Пўсти қурбониро соҳибаш метавонад худаш бигирад ё ба шахсе ба таври ҳадия бидиҳад. Агарчӣ он шахс молдор ё аз аҳли хонаводааш бошад, монанди падару модар ва фарзандаш ва ё ба бенавоён садақа кунад. Каллаву пойи ҳайвон низ ҳамин ҳукмро доранд.
2.Агар пўстро фурўшад, пулашро бояд ба бенавоён садақа кунад. Пусти қурбониро наметавонад бар ивази ҳаққи кор ба қассоб диҳад.
3.Бо фурўхтани пўсти қурбонӣ гунаҳгор мешавад. Агар онро ба нияте фурўхт, ки пули онро садақа кунад,дар ин ҳолат дуруст аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 301;
4.Агар дар ивази пўст ягон маҳсулот (орд,равған ва ғайра) гирад, маҳсулот ё пули онро бояд ба пуррагӣ садақа кунад. Агар чизи иваз кунанда сару либос, чатр ё китоб ва ғайра бошад, соҳиби пўст метавонад онро истифода барад. “Аҳкоми қурбонӣ”. МуфтӣШафеъ (р);
5.Моли пашмдоре, ки пашми онро паст ё ба куллӣ гирифтаанд, қурбониаш дуруст аст, албатта, пеш аз харидани ҷонвар дар назар дошта шудааст. Агар шахсе аз нодонӣ ин корро кард ва ё ба гирифтани он зарурат пеш омад, худи пашм ё қимати он миқдор пашмро садақа кардан лозим аст. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 301; «Бадоеъ-ус-саноеъ», ҷ.5, саҳ78;
Масъалаҳои шарикӣ дар ҷонвари қурбонӣ
1.Шахсоне,ки мехоҳанд дар як моли калон монанди гов шарик шаванд, беҳтар аст аввал пулҳояшонро ҷамъ кунанд, баъд якҷоя мол бихаранд.
2.Агар як шахс дар шарик шудан ба як ҷонвар номнависӣ карда ба яке аз шарикон иброз кард, ки ба ҷои ў маблағи ҳиссаро бидиҳад ва баъд аз харидани ҷонвар ҳангоми қурбонӣ аз шомил шудан ба шарикӣ инкор кард, инкораш эътиборе надорад. Ба ў лозим аст, ки он ҳиссаро бипардозад. “ Фатвои маҳмудия ”, ҷ5 саҳ.297.
3.Агар шахсе ҷонваре харид, пас шахси дигаре омада, дар як ҳиссаи он ё бештари он шарик шудан хост, дуруст аст, ба шарте, ки моли калон бошад ба монанди гов.
4. Агар шахси молхарида фақир бошад, вақти харидан нияти касеро шарик кардан надошт, пас касеро шарик карда наметавонад. “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.317.«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 304;
5. Дар як чорвои калон то 7- нафар шарик шуда метавонанд. Дар ин сурат, ба ҳар кас лозим аст, ки пули ҳиссаи худро диҳад. Агар шахсе ба ҷойи дигар шарикаш пул дод , дуруст аст.
6.Як нафар метавонад дар як ҷонвар ду ё се ҳисса ва ё бештар гирад. Агар нафаре аз шарикон пеш аз забҳи ҷонвар алоҳида шуд ва дигар кас ба ҷояш омад, дуруст аст.
7. Дар вақти набудани яке аз рафиқон бе иҷозати дигарон ҷонварро забҳкунанд, қурбонӣ дуруст намешавад.
8. Агар яке аз шарикон барои забҳи ҷонвар иҷозат надод ё касеро намояндаи худ интихоб накард, қурбонии ҳеҷяке аз онҳо дуруст намешавад.
9.Агар ҳафт нафар ба нияти қурбонӣ дар як ҷонвар шарик шуданд ва ду-се нафар аз ин шарикон бе огоҳ кардани дигар аъзо гурўҳи шарикон молро забҳ кунанд, дуруст нест. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 305;
10. Дар як хона чанд бародар зиндагӣ мекунанд ва ҳар яке аз онҳо соҳиб нисоб аст, ба гардани ҳар яке аз онҳо воҷиб аст, ки аз тарафи худ қурбонӣ кунад. Дар масъалаи якҷоя ҷонваре харидан ихтиёр доранд. Метавонанд ҳиссагузорӣ карда, як ҷонвари калон гиранд ва ё ҳар яке ба ихтиёри худ ҷонвари майда гирад. Дар сурати соҳибнисоб будани ҳар яке аз онҳо ҷоиз нест, ки якҷоя шуда, ба нияти қурбонӣ аз тарафи хонавода як моли майда гиранд. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ. 292,; “Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.313-315.
Чанд масъалаи мутаалиқ ба қурбонӣ
1.Ҳамчуноне, ки ба мард қурбонӣ воҷиб мешавад, ба зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб мешавад. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.312;
2.Фарзанд низ агар болиғ ва соҳибнисоб бошад, қурбонӣ бар ў воҷиб мешавад, агар фарзандон ноболиғ бошанд, ба падару модар ба ҷои онҳо қурбонӣ кардан воҷиб нест. « Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.316-335;
3.Агар ба ҷояшон қурбонӣ кардан, ҳеҷ боке надорад, савоб мегиранд. «Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ.293;
4.Агар шахсе мехоҳад аз тарафи гузаштагонаш қурбонии нафлӣ кунад, метавонад баъди забҳ савобу самараашро ба гузаштагонаш бахшад.Ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) савоби қурбониашро ба худаш ва он шахсони аз умматаш, ки қурбонӣ накардаанд бахшида буд.
Ҳазрати Ҷобир (р) мефармояд:. «Бо Паёмбар (с) намози идро дар идгоҳ хондам, вақте, ки аз хут ба хондан фориғшуд,аз минбар фаромад, назди ў як гусфанде овардандонро бо дасти худ қурбони кард ва гуфт: « Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар ин қурбони аз ҷониби ман ва он шахсони аз умматам, ки қурбони накардаанд,» Пас, агар шахсе хоҳад, ки аз тарафи падараш ё модари гузаштааш қурбони кунад, ду масъалаи зайлро ба назар гирад.
* Агар шахси вафотнамуда васият карда бошад, дар ин ҳолат хуб аст, ки ҷонваро аз номи майит забҳкунад ва баъди забҳкардан ҳамаи гўшро бояд садақа кунад.
* Агар васият накарда бошад ва ворис ба хоҳиши худ қурбонӣкунад, тамоми гўшро садақа кардан лозим нест. Ҳамон қадре хоҳад, садақа кунад ва боқимондаро метавонад истифода намояд. «Фатвои шомӣ» ҷ.6, саҳ.326-335;
5.Оҳу ҷонвари ҳалол аст, вале бо сабаби ваҳшӣбуданаш қурбонии он дуруст нест. Ҳукми ҳамаи ҷонварони ҳалоли ваҳшӣниз чунин аст.«Фатвои ҳиндия», ҷ.5, саҳ.297;
6.Бархе аз мардум чунин гумон доранд,ки агар шахсе як бор қурбонӣкунад, бар ў ҳар сол қурбонӣ кардан лозим меояд, Агарчӣ қудрат надошта бошад. Ин фикр ғалат буда, дар шариъат асосе надорад.
7.Агар шахсе ҷонвареро ба нияти қурбонӣ ба ғайри нақд (қарз) гирад, қурбониаш дуруст намешавад, зеро он ҷонвар дар моликияти ў нест ва агар пули нақд қарз карда ҷонвар харад, дар ин сурат дуруст аст.
8.Дар қурбонӣ ваколат кардан дуруст аст, яъне метавонанд як шахсро аз барои қурбонии ҷонвараш вакил интихоб кунад, фарқе надорад, ки дар як минтақа бошад ва ё алоҳида.
9. Ду бародар ду ҷонвари майда барои қурбонӣ харанд, дар айёми қурбонӣ яке аз дигарро фаромўшона забҳ кард, қурбонии ҳар ду дуруст мешавад. Ба ягон кас бадал ва ё қимат адо кардан воҷиб нест.
10. Ҷонваре,ки ҳомила бошад, қурбонӣ карданаш дуруст аст. Албата, қасдан ин гуна ҷонварро ба нияти қурбонӣх аридан макрўҳ аст. Пас, агар ин гуна ҷонварро забҳ кард, бачаашро ҳам забҳ бояд кард, гўшт ва хурданаш ҳалол аст.
* Агар пеш аз забҳ кардан мурад ва ё баъд аз забҳ мурда баромада, хўрданаш ҳалол нест.
* Агар бачаашро забҳ накард ва айёми қурбонӣ гузашт, дар ин сурат, онро садақа кард воҷиб аст.
* Агар баъд аз айёми қурбонӣ онро забҳ карда хўрда, қимати онро бояд садақа кунад.
* Агар онро забҳ накарда, нигоҳубинаш карда, ва дар соли оянда онро қурбонӣ кард, қурбонии имсолааш адо намешавад.
11. Агар шахси соҳибнисоб ҷонварро ба нияти қурбонӣ харад, лекин баъди чанд рўз нигоҳу бини он мол гум шавад ва ё онро бидудзанд, ўро мебояд,ки боз як моли дигар ба нияти қурбонӣ харад. Агар дар ҳамин вақт ҷонвари аввала ёфта шавад назди он шахс ду моли қурбонӣ вуҷуд дорад.
Дар ин сурат мебинем,ки қурбоникунанда молдораст, ё нодор.
Агар молдор бошад, ихтиёр дорад, ки ҳардуяшонро қурбонӣкунад ё якеро. Агар нодор бошад, бар ў лозим аст,ки ҳардуяшонро қурбонӣкунад. Зеро ба шахси нодор қурбонӣкардан воҷиб нест.Аммо ҳар вақте ба нияти Курбонӣҷонвареро харад, ба зиммаи ў қурбони кардан лозим меояд. Азбаски ў ҳарду ҷонварро ба ҳамин ният харидааст,пас ҳардуро бояд забҳкунад.
Мухтасари аҳкоми такбирҳои ташриқ
Муносиб медонам,ки чанд масъаларо ба таври мухтасар дар бораи такбирҳои ташриқ баён кунам, зеро такбирҳои ташриқба ҳамаи рўзҳои қурбонӣтааллуқдорад.
1.Аз нўҳуми зулҳиҷҷа баъд аз намози бомдод то намози сездаҳуми зулҳиҷҷа фавран баъд аз ҳар намози фарзӣяк бор ба овози баланд такбири ташриқгуфтан воҷиб аст ва се бораш суннат.
2.Лафзитакбири ташриқчунин аст:
3.«Аллоҳу акбар, аллоҳу акбар, ло илоҳа иллалоҳу, аллоҳу акбар, аллоҳу акбар ва лиллоҳи ҳамд»
4.Дар ҳукми такбири ташриқмарду зан яксонанд, яъне ба марду зан гўфтани такбиру ташриқвоҷиб аст. Магар ин ки мард ба овози баланд гўяд ва зан ба овози паст.
5.Баъд аз салом дарҳол бояд такбири ташриқро гўяд, агар фаромўш кард, ё сухан кард, ё таҳораташ шикаст, дар ин сурат, такбири ташриқаз гарданаш соқит мешавад.
6.Фарқе надорад,ки намозро бо ҷамоат мехонад ё танҳо, дар ҳар ду сурат такбир гуфтан воҷиб аст.
7.Шахсе дар айёми ташриқбокадом сабабе намозро қазо кард, пас агар дар ҳамон рўзҳо намози қазошударо адо кунад, дар ин сурат низ такбири ташриқгуфтан лозим аст.
8.Такбири ташриқҳам бар муқим воҷиб аст ва ҳам бар мусофире, ки аз паси муқим ният карда бошад.
Сарчашмаҳои истифодашуда:
Қуръони карим. Байрут, Дору Ибни Касир, 2004.
МуфтӣШафеъ. Маорифу-л-Қуръон. Карочӣ: Идорату-л-маориф, 1996.
ҚозӣСаноуллоҳ, Мазҳарӣ. Бейрут: Дору-л-кутуби-л-илмия, 2000.
АбўабдуллоҳМуҳаммад ибни Исмоил.Саҳеҳ-ул-Бухорӣ.Қоҳира: Дору ибни Ҳайсам,2004.
Абўисо Муҳаммад ибни Исо. Сунани Тирмизӣ. САудӣ: Байту-л-афкори-д-дувалӣ. 2002.
Абўабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайб. Сунани Насоӣ. Байрут: Дору-л-кутуби-л-илмия,2004.
АбўабдуллоҳМуҳаммад ибни Язид ибни Моҷа. Сунани ибни Моҷа. Карочӣ: ҚадимӣКутубхона.
Муҳаммад Тақии Усмонӣ. Фатҳу-л-мулҳим.Байрут:Дору-л-кутуби-л-илмия,2004.
Мавлоно халил Аҳмад.Базлу-л-маҷҳуд.Карочӣ:Маъҳад-ул-халил.
Бурҳонидини Марғенонӣ.Ҳидоя.Лоҳур: Урдубозор.
Муҳаммад ибни Амин ибни Обидин. Радду-л-мухтор ала Дурри-л- мухтор. Карочи: Саид кампани.2002
Мавлоно Шайхнизом ва ҷамъе аз олимон. Фатовои Оламгирӣ. Кувета: Мактабаи Рашидия.1995
Алоуддин Касонӣ. Бадоеъ-ус-саноеъ. Пешовар: Мактабаи Ҳаққония.2002
Зайн ибни Иброҳим машҳур ба ибни Нухайм. Баҳру-р-роиқ. Кувайт: Мактабаи Рашидия.2000
Маҳмуд Ҳасани Гангувӣ. Фатвои Маҳмудия. Карочӣ: Ҷомеаи Форуқия, 2005.
МуфтӣИнъомулҳақи Қосимӣ. Масоили қурбонӣ. Карочӣ:
Байту-л-аммор.2006.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Н