
Аз Абӯҳанифа (р) китобе дар фиқҳ , ки муназзам аз бобҳо бевосита ба дасти худи ӯ таълиф шуда бошад, маъруф нест. Зеро таълифи китоб ва нашри он дар охири ҳаёти ӯ ва ё баъд аз вафоташ ривоҷ ёфта буд. Бояд гуфт, ки муҷтаҳидон дар замони саҳоба аз тадвину ҷамъоварии фатвоҳо ва иҷтиҳодашон худдорӣ менамуданд. Ҳатто аз тадвини суннат (аҳодиси набавӣ) худдорӣ мекарданд, то ки танҳо китоби Худо китоби тадвинёфта дар усули дин боқӣ монад. Баъд аз он олимон ночор аз рӯи зарурат ба тадвини суннат ва фатвоҳову фиқҳ пардохтанд. Уламои Мадина фатвоҳои Абдуллоҳ ибни Умар, Оиша, Ибни Аббос ва тобиъинеро, ки баъд аз онҳо омадаанд ҷамъоварӣ карда, масоилро бар асоси он бунёд месохтанд. Уламои Ироқ бошанд фатвоҳои Абдуллоҳ ибни Масъуд, Алӣ ибни Абӯтолиб, Шурайҳ ва фатвоҳои дигар қозиҳои Куфаро ҷамъ карда, тадвин менамуданд.Дар ҳақиқат ривоят шудааст, ки Иброҳими Нахаъӣ фатвоҳо ва усулро дар як маҷмӯае ҷамъоварӣ намудааст. Ҳамчунин Ҳаммод устоди Абӯҳанифа (р)низ маҷмӯае доштааст. Маълум аст, ки ин маҷмӯаҳо ба шакли китоб набуда, балки ба ёддоштҳои махсусе монанд буданд, ки муҷтаҳид аз хавфи фаромӯшӣ онро ҷамъоварӣ карда, ҳангоми эҳтиёҷ ба он муроҷиат мекард, вале онро ба мардум муаррифӣ наменамуд.Чунин амал баъзе вақтҳо дар саҳобаҳо дида мешуд. Чуноне,ки дар ривоят омадааст: Алӣ ибни Абӯтолиб саҳифаеро ,ки дар он баъзе аз аҳкоми фиқҳӣ сабт шуда буд,бо худ мегардонд. Ба назар мерасад, ки ин ҳолатҳои нодир дар замони тобеъин андаке зиёд шуда, баъд аз он тадвину таълиф густариш ёфта, Молик «Муваттаъ», Абӯюсуф «ал- Хароҷ» ва дигар китобҳои фиқҳи ироқиро таълиф кардаанд. Пас, аз он Муҳаммад Шайбонӣ тавонист фиқҳи ироқиро ба пуррагӣ ё қариб ба тамом ҷамъоварӣ ва тадвин намояд.
Ҳарчанд таълифи китоби фиқҳие ба Абӯҳанифа (р) нисбат дода нашуда бошад ҳам лекин маъруф аст, ки шогирдони ӯ раъю назариёти Имоми Аъзамро ҷамъу тадвин намудаанд.Шояд баъзе вақтҳо ин ҷамъоварӣ бо имлои худи Абӯҳанифа (р) анҷом гирифта бошад. Чунин пиндоштан дуруст нест, ки Имом Муҳаммади Шайбонӣ, китобҳояшро, ки ҳикоятгари андешаҳои Абӯҳанифа (р) мебошанд аз забони худи Абӯҳанифа (р) шунида, баъд аз вафоташ тадвину ҷамъоварӣ карда бошад, балки ҳатман дар ёддоштҳои шахсие, ки аз устодаш Абӯюсуф ё дигарон гирифтааст,тадвин карда, теъдоди каме аз онҳоро аз худи Абӯҳанифа (р)шунида бошад. Зеро ҳамнишинии ӯ бо Имоми Аъзам он миқдор набуд, ки ба фарогирии ин ҳама ноил гардад. Синни Муҳаммад Шайбонӣ ҳангоми вафоти Абӯҳанифа (р) тақрибан ба ҳаждаҳ мерасид. Бинобар ин имкон надошт, ки ҳамаи он чизҳоеро, ки тадвин кардааст аз Имоми Аъзам (р) гирифта бошад.Пас бояд ҳамаи инро аз осори тадвиншудае, ки назди шогирдони Имоми ҷалилқадр маъруфу машҳур буданд, гирифта бошад. Ин тахмин ҳам дуруст нест, ки гуё ҳамаро аз Абӯюсуф ба танҳоӣ гирифтааст, зеро агар чунин мешуд, ҳар ойина санади онро баён мекард.
Дар ҳақиқат ахбори зиёде далолат бар он мекунад, ки шогирдони Абӯҳанифа (р) фатвоҳи ӯро тадвин карда, худи ӯ низ гоҳ-гоҳе ба навиштаҳои онҳо ҷиҳати ислоҳ ё тағйир муроҷиат мекард . Дар «Маноқиб» -и Ибни Баззозӣ аз Абӯабдуллоҳ омадааст, ки фармуд: «Он чи аз ҳузури Имом омӯхт, тадвин мекардам, онҳоро дар назди ӯ боз мехондам. Абӯюсуф ҳам баъзе назариёти худро ба он ворид мекард. Ҳамеша кӯшиш мекардам , то қавли Абӯюсуфро дар ҳузури Имом (р)зикр накунам.Рӯзе аз рӯи фаромӯшӣ баъд аз зикри қавли Имом гуфтам: «Дар ин масъала қавли дигаре ҳам ҳаст. Он гоҳ Абӯҳанифа (р) гуфт: «Кадом нафар аст, ки ин суханро гуфтааст?» Аз он пас сухану қавли Абӯюсуфро нишона мегузоштам, то дар ҳузури Имом (р) онро зикр накунам» Дар воқеъ, ин хабар гуфтаи болоро таъйид намуда, равшан месозад, ки шахсоне ки китобҳоеро ба Абӯҳанифа (р) нисбат додаанд ё гуфтаанд: Ӯ фиқҳро тадвину ҷамъоварӣ кардааст, сухани онҳо дар асоси он будааст, ки шогирдонаш ақволу назароти ӯро бо назорат ва муроҷиати худи ӯ тадвин кардаанд. Бо вуҷуди чунин нисбат доданҳо, китоби фиқҳиеро намедонам, ки аз таълифот ва мансуб ба ӯ бошад. Лекин дар «Маноқиб» -и Маккӣ омадааст: «Абӯҳанифа (р) аввалин нафарест,ки улуми шаръро тадвин намуда, ба тартибу бобҳо ҷудо намудааст.Зеро саҳоба ва тобеъини киром (р) дар илми шариат чунин коре накарда буданд. Онҳо ба қуввати ақлу фаҳмашон эътимод карда, дилҳои худро сандуқҳои илм қарор дода буданд. Ҳангоме, ки Абӯҳанифа (р) нашъунамо ёфт ва дид ки илм парешону пароканда аст, оқибату фарҷоми бади онро дар наслҳои оянда эҳсос кард. Чуноне ки Расули Худо (с) фармуда аст: «Худованд илмро аз дилҳои мардум ба шакли кашидан қабз намекунад, балки онро бо марги уламо мегирад. Ҳар гоҳ олимеро боқӣ нагузошт, мардум ҷоҳилонро сарвари худ интихоб мекунанд. Пас, ҳар гоҳ пурсида шаванд, бидуни илм фатво медиҳанд, худ гумроҳ мешаванд ва дигаронро гумроҳ мекунад».
Бо назардошти ин зарурат Абӯҳанифа (р) илми фиқҳ ва шариатро тадвин ва бобгузорӣ намуда, ба шакли китоби мураттаб даровард. Ӯ аз таҳорат оғоз намуда, сипас ба намоз ва баъд аз он ба дигар ибодатҳо пайи ҳам пардохта, аҳкоми муомалотро баён дошта, дар ниҳоят китоби меросро зикр кардааст. Сабаби ин навъ тартиб он аст, ки баъд аз он, ки шахс ба синни таклиф расида, эътиқодаш саҳеҳ мегардад, аввалин чизе, ки бояд анҷом диҳад, ин намоз аст.Чун ки хоссатарин ибодат дар миёни ибодатҳо намоз буда, фарзияти он ба шакли умуми мебошад .
Аз ин гуфта аён мегардад, ки мақсад аз тадвини Имом(р) он амалест, ки шогирдонаш анҷом додаанд ва шояд ин амал бо роҳнамоии худи Имом воқеъ шуда бошад ва ин гуфта воқеият дорад. Бинобар ин, дар ин китоб равиши омӯзиши масоил аз сӯи Абӯҳанифа (р) ва шогирдонаш чунин баён гардидааст: «Абӯҳанифа (р) мазҳаби худро бар асоси машварат бино ниҳода, бидуни шогирдон дар он чизе изофа накардааст. Ин амал аз ҷиҳати ғайраташ дар дин ва шуҷоаташ дар хайрхоҳӣ нисбат ба Худою, расули Ӯ ва мӯъминон буд. Абӯҳанифа (р) масоилро як-як ба шогирдон мегуфт ва фикри онҳоро низ мешунид ва раъйи худро ба онҳо баён намуда, мунозара мекард, то даме, ки дар як раъй иттифоқ мекарданд. Сипас, Абӯюсуф дар усул онҳоро сабт мекард ва бо ҳамин услуб ҳамаи усулро собит кард». Ба ҳамин тариқ мазҳаби Абӯҳанифа (р) ва асҳоби ӯ ба бобҳову китобҳо тартиб ёфта нашр гардидааст.
Исоев Насим - мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ