Гавҳари пинҳон

Рӯзе ҳазрати Мусо ба Офаридгор гуфт:
- Эй Худои донову тавоно! Ҳикмати ин кор чист, ки мавҷудотро меофарӣ ва боз ҳамаро хароб мекунӣ?
Худованд фармуд:
- Эй Мусо! Хуб медонам, ки ин саволи ту аз рӯйи нодонӣ нест. Вагарна туро ба хотири ин савол сарзаниш мекардам. Аммо медонам, ки ту мехоҳӣ розу ҳикмати ин рафторро бидонӣ ва аз асрори офариниши одам огоҳ шуда, мардумро аз он хабардор кунӣ. Ин савол аз илм бармехезад. Ҳам савол аз илм бармеояду ҳам ҷавоб. Ҳам гумроҳӣ аз илм оғоз мешавад ва ҳам ҳидояту наҷот. Чуноне ки дӯстӣ ва душманӣ аз ошноӣ бармехезад.
Худованд пас аз сукути кӯтоҳ фармуд:
- Эй Мусо, барои ҷавоби ин саволатро ёфтан, ту рафта дар заминат гандум кор ва сабр кун, то хӯша шавад.
Мусо ба ин фармудаи Худованд амал карда, тухмиро кошт ва гандумҳояш сабзиду хӯша шуд. Рӯзе досро гирифта, барои ҷамъоварии ҳосил шурӯъ кард. Нидое аз ҷониби Худованд расид:
- Мусо! Ту, ки коштиву парвариш кардӣ, чаро хӯшаҳоро мебарӣ?
Мусо ҷавоб дод:
- Парвардигоро! Дар ин хӯшаҳо, гандум ҳаст. Агар онҳо дар миёни коҳ монанд, исроф мешаванд ва ин аз рӯйи ақл нест. Бинобар ин, онҳоро аз коҳ ҷудо кардан лозим.
Худованд фармуд:
- Инро ту аз куҷо медонӣ?
- Эй Худои бузург! Ту ба ман қудрати шинохт ва фаҳмишро ато кардаӣ.
Худованд фармуд:
- Пас чӣ хел ту қудрати шинохтанро дориву ман не? Дар тани халоиқ баробари рӯҳҳои пок, рӯҳҳои тираву сиёҳ ҳам ҳаст. Ҳамон тавре, ки гандумро аз коҳ ҷудо кардан лозим, неконро аз бадон низ ҷудо бояд кард. Мардуми ҷаҳонро барои он меофарам, ки ганҷи ҳикматҳои ниҳони илоҳӣ ошкор шавад.
Худованд гавҳари пинҳони худро бо офариниши инсону ҷаҳон ошкор кард, пас эй инсон, ту ҳам гавҳари пинҳони ҷони худро намоён кун.

Баргардон аз хатти форсӣ,
Абдуллоҳи Қодирӣ - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳишҳои исломи муосир

Яндекс.Метрика