ВОХӮРӢ: "НАҚШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ШАҲРВАНДОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ"

27-уми майи соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи амалӣ намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, вохӯрӣ бо хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар мавзуи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовини директори Марказ, Наҷотзода Мутеъулло ва ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ Шосаидзода Шаҳбоз иштирок намуданд.
Муҳтарам Холиқзода Абдураҳим зимни суханронии хеш вобаста ба хатари экстремизму терроризм ба ҷомеа ҷаҳонӣ, тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аҳамияти сулҳу субот ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодиёти кишвар ибрози андеша намуда, суханони хешро бо иқтибосҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият доданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи бетартибонаи сомонаҳои интернетӣ, бефарқии атрофиён ва амсоли инҳо мебошанд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар дастаҷамъона заҳмат кашид.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика