Вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Заршуён

Санаи 9 июни соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Заршуёни ноҳияи Сангвор бо сокинони Ҷамоати деҳоти Заршуён ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдат суҳбату вохӯрӣ бо иштироки намояндагон Салихов Ҷамшед Бобохалилович корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Абдулло муовини раиси ноҳияи Сангвор, Саидакбар Делвохов раиси Ҷамоати деҳоти Заршуён, Гирдаков Розик мушовири хонаи методии ноҳияи Сангвор баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мавзуъҳои тероризму экстремизм таҳлили маҷмуии вазъи вокеии мушкилоти чойдоштаи иҷтимоӣ, колабҳои шахшудаи хурофотӣ, сабабу омилҳои аз тахсил дур мондани духтарон, ва ҷалби духтарон ба хамаи зинаҳои таҳсилот, мавриди арзёбӣ ва гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни ин нишаст саволу ҷавоб сурат гирифт.
Саҷҷод М.

Яндекс.Метрика